Хабарҳо
Аввалин толори намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардид
Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Конибодом бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳамдастӣ бо ҳунармандону соҳибкорон аввалин толори намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва дастранҷи рассомон ташкил гардид.
Тибқи хабари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳадаф аз ташкили намоиш-фурӯшгоҳ дастгирӣ ва муаррифии дастранҷи устоҳою ҳунармандони ин шаҳри бостонӣ мебошад.
Ҳоло рафҳои толори маҳсулоти ҳунарҳои мардумиро маҳсули дасти ҳунармандони соҳибкасб, чун кешбоф Гулсун Аҳмадова, муҳрабоф Муяссара Деҳқонова, гаҳворасоз Комилҷон Акрамов, сандуқсоз Суҳроб Зоҳидов, сабадбоф Абдувоҳид Нозиров, ҷомадӯз Мунаввара Юлдошева, тоқидӯз Шафоат Мамадҷонова, оҳангар Алиҷон Мамадҷонов ва дуредгарону челонгарони моҳир оро медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки дар қаламрави мамлакат дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хоссатан дар самти рушду сайқал додани намудҳои гуногуни ҳунарҳои халқӣ, ҳамзамон эҳёи баъзе намудҳои аз байн рафта аз ҷониби масъулон корҳои назаррас роҳандозӣ мешаванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 175