logo

сиёсат

ТИРИ ХОКХӮРДА. Ё ЧАРО РОҲБАРИ ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТӢ БА ТАҲҚИРИ МИЛЛАТ ГУЗАШТ?

Дар ҳоле ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар заминаи ибтикороти судманду дорои аҳамияти байналмилалӣ обруи кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ беш аз пеш боло бурда истодаанд, гурӯҳи террористони наҳзатӣ бо роҳбарии Кабирӣ ин миллатро «тарсу» муаррифӣ мекунанд, ки аз рӯи виҷдон нест. Ба андешаи ин ҷониб, чунин ҳамоқат як навъ қасосгирии Кабирӣ аз мардуми шарифи кишварамон аст. Зеро кабиримаобон то андозае бовар доштанд, ки шояд ин навбат низ баъзе доираҳои аҳолӣ фирефтаи афсонапардозиву дурӯғгӯии онҳо шаванду ба ин васила наҳзатиҳо боз «обро лой карда моҳӣ доранд».
Хушбахтона, мардуми сарбаланди тоҷик на танҳо ба ин фурӯхташудаҳо таваҷҷуҳ ва фаъолияташонро дастгирӣ накарданд, балки дар раванди мубориза бо ин хоинон мақомоти давлатиро дастгирӣ намуданд. Далели возеҳи ин гуфта ҳамдастии мардум дар раванди сарнагун кардани ошӯби зиддидавлатии ҳоҷӣ Ҳалим ва безарар гардондани аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар моҳи сентябри соли 2015 мебошад.
Табиист, ки чунин тарзи кор Кабириро хеле «хашмгин» намудааст. Агар номбурда то ин замон бо шикваву фазлфурӯшӣ таваҷҷуҳи мардумро ҷалб кардан мехост, баъд аз муътақид шуданаш ба он ки мардум дигар ба онҳо бовар надоранд, ба таҳқири миллат шурӯъ кард. Намунаи барҷастаи чунин таҳқирсозиро дар сафсатахониҳои охири ӯ метавон мушоҳида кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҷониби мардум набояд бепосух монад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломӣ аз 4 декабри соли 1991 ташкил шуда, бинобар вазъи номуътадили ҷомеа фаъолияти он аз соли 1992 то соли 1997 дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон идома ёфта, баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997 дар асоси қарори Раёсати Суди Олӣ аз 12 августи соли 1999 фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, 28 сентябри соли 1999 дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шуда буд. Сипас, аниқтараш 15 октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шуд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири ҳифзи ваҳдати миллӣ гузаштаи пурдоғи онро сарфи назар карда, бори дигар ба роҳбарият ва аъзои ин ҳизб имкон дода буданд, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар шарик бошад. Ногуфта намонад, ки ҳизби мавриди назар дар минтақаи Осиёи Марказӣ ягона ҳизби динӣ маҳсуб мешуд. Шояд як идда надонанд, ки дар ибтидо шумораи аъзои он 46000 нафарро ташкил дода, баъдан тадриҷан коҳиш ёфт ва соли 2015 ба 30071 нафар расид. Далелҳо ҳокӣ бар онанд, ки минбаъд тамоюли камшавии шумораи аъзои ҳизб идома ёфта, то моҳи июли соли 2015 шуъбаву бахшҳои ибтидоии ҳизб дар ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолияти худро ихтиёрӣ қатъ намудаанд.
Нуктаи қобили таваҷҷуҳ он аст, ки маълумоти пешниҳоднамудаи бахшҳои минтақавӣ дар хусуси шумораи аъзои он аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дур буда, наҳзатиҳо бо зиёд нишон додани аъзои ҳизб мехостанд «маъруфият»-и худро ба намоиш гузоранд.
Шиорпароканӣ ҷузъе аз «фаъолият» - и наҳзатиҳо маҳсуб шуда, маҳз ҳамин омил баъзе ашхоси ноогоҳро ба доми фиребашон афтонд. Вале, дар асл номаи аъмоли онҳо ғанӣ аз қонунвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ буда, маҳз ҳамин омил боиси тадбирандешӣ аз ҷониби мақомоти зидахл гардид. Ҳазорҳо мисол мавҷуданд, ки тайи солҳои охир аъзои он қонуншиканиҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидоштаро содир намуда, бо чунин кирдори худ дар байни аҳолӣ норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта, боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардидаанд, ки оқибати он ба асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамуд.
Тибқи омори расмӣ, танҳо дар 5 соли охир зиёда аз 100 аъзои ТТЭ ҲНИ ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, 47 нафари онҳо бинобар даст доштан ба ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта, аз қабили иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва террористию экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Бегуфтугӯ, тамоми «ибтикорот» - и Кабирӣ ва шодикафак шуданаш аз тавсияи кадом як ташкилоти байналмилалӣ бобати гӯё бегуноҳ будани М. Ҳаит «баъд аз сӯхтор…» ва «нағоранавозӣ пеш аз тӯй» - ро мемонад. Хулосаи ниҳоӣ ин аст, кулли иттиҳомоту ҳукми нисбат ба ТТЭ ҲНИ эълоншуда дар асоси далелҳои қотеъ сурат гирифта ҷойи инкор кардан надорад.
Кабирӣ беҳтар аз дигарон медонад, ки вобаста ба «корнома» - и ӯ ва ҳамсафонаш, аз ҷумла М. Ҳаит аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 1791 қисми 3 (терроризм), 1791 (ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта), 1792 (маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта), 1793 (даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта), 104 қисми 2 (одамкушӣ), 187 қисми 1 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ), 189 (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ), 195 қисми 3 (муомилоти ғайриқонунии силоҳи оташфишон), 306 (бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият), 307 қисми 2 (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 307 (даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ), 3072 (ташкили иттиҳодияи экстремистӣ), 307 (ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта), 313 (исёни мусаллаҳона) ва 393 кисми 3 (тасарруфи силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҷангӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбат ба 22 аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ чораи пешгирии ба ҳабс гирифтан татбиқ шуда, парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби Суди Олӣ моҳиятан баррасӣ гардида буд.
Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нишон дод, ки ҲНИ ҳанӯз аз оғози фаъолияташ хислати иртиҷоӣ дошта, супоришҳои хоҷагони хориҷии худро иҷро менамояд. Ин амали хоинона дар асоси таълимот ва раҳнамоии роҳбари ин ҳизби мамнӯъшуда М. Кабирӣ ва таҳти фармони А. Назарзода, ки моҳи сентябри соли 2015 ба вуқӯъ пайваст, нишон дод, ки мақсади асосии фаъолияти ҳизб на хизмат дар роҳи дину диёнат, балки тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани аҳдофи муғризона мебошад.
Биноан, бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2016 нисбат ба 14 узви раёсати олии ин ҳизб, аз ҷумла М. Ҳаит бо моддаҳои 187 қ. 1, 179 қ. З б. "а", 189 қ. З б "а", 307 қ. З, 313, 32 ч. З - 309, 199 қ. 4 б. "а, б", 195. қ. З, 104 қ. 2 б. "а, б, ж, з, и, л, м, п", 32 қ. З - 104 қ. 2 б. "а, б, ж, з, и, л, м, п", 306, 3074 - 1 ва 2, 3072 қ. 2,3023 қ. 2 ва 170 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукм содир шудааст.
Вориси САИДЗОД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2018    №: 136    Мутолиа карданд: 139

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед