logo

иҷтимоиёт

САБҚАТИ МАЪЮБОН

Филиали Ассотсиатсияи “Каритас”- и Олмон дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии шарики худ “АЗИТ” ва “ДАРО” дар арафаи Рӯзи маъюбон ва пиронсолон мусобиқаи дӯстона миёни дастаҳои баскетболи маъюбони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғдро созмон дод, ки дар он намояндагони ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунин сокинони ноҳияи Айнӣ, алалхусус шахсони дорои маъюбият ва аъзои оилаҳои онҳо, ширкат варзиданд.
Муовини раиси ноҳияи Айнӣ Гулсара Зокирзода зимни пазироӣ зикр кард, ки беҳтар кардани некуаҳволии маъюбон ва пиронсолон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ доимо барои ҳамкорӣ бо ташкилоти “Каритас” - и Олмон ҷиҳати татбиқи фаъолият дар ин самт омода аст.   Намояндаи ташкилоти “Каритас” дар Тоҷикистон Зарринамо Мухторова зикр кард, ки ҳадафи мусобиқа бурду бохт набуда, балки тарғибу ташвиқи варзиш дар байни шахсони дорои маъюбият ва ҷалби онҳо ба намудҳои гуногуни варзиш  мебошад. “Чорабинии имрӯза бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки шахсони дорои имконияташон маҳдуд дар баробари афроди солим ба ҳама кор қодиранд ва метавонанд, ки қобилияти худро тақвият дода, дар ҳамаи соҳаҳо, алалхусус варзиш номбардори миллату Ватани хеш бошанд”, - гуфт З. Мухторова.
Дар чорабинии мазкур, ҳамчунин, раиси Федератсияи варзишгарони маъюби шаҳри Душанбе Абдурауф Олимов, қаҳрамони 12 - каратаи Осиё ва ҷаҳон аз рӯи дастхобонӣ дар миёни маъюбон, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Акмал Қодиров ва роҳбари клуби баскетболи маъюбони шаҳри Душанбе Ғайрат Тӯхтасунов дар бораи қобилияти шахсони маъюб ҳарф зада, даъват ба амал оварданд, ки барои ташаккули тарзи ҳаёти солим ба варзиш машғул шаванд.
Дар доираи чорабинӣ мусобиқаи баскетбол бо аробачаи маъюбӣ миёни дастаҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд, тибқи қоидаҳои байналмилалӣ сурат гирифт, ки он аз чор қисми 10 дақиқаӣ иборат буд. Дидор бо ҳисоби 49 - 23 ба фоидаи дастаи Душанбе анҷом пазируфт. Ҳар ду даста барои иштироки фаъолашон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинии варзишии мазкур, мураббиёни ҳар ду даста бо мақсади рушди баскетбол бо аробачаи маъюбӣ дар миёни шахсони дорои имконияташон маҳдуди ноҳияи Айнӣ якчанд машқҳои асосии ин намуди варзишро бо иштироки бевоситаи наврасон намоиш доданд.   
Чорабинии варзишии мазкур дар чорчӯбаи лоиҳаи “Дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айнӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва “Каритас” маблағгузорӣ мегардад, баргузор шуд.
“ҶУМҲУРИЯТ”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2018    №: 136    Мутолиа карданд: 62

20.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Йоҳаннес Петерлик

Тоҷикистону Ӯзбекистон: хироҷи роҳ аз байн меравад

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озмуни стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард

Ҳамаи хатмкардагон бо ҷои кор таъмин мешаванд

РУСТАМИ ШОҲМУРОД: "ВОҲИДҲОИ КОРӢ НАМЕРАСАНД"

ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН. САТҲИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН БОЛО МЕРАВАД

ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. САБАБИ БОЛОРАВИИ НАРХИ СӮЗИШВОРИРО ШАРҲ ДОД

КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. САНҶИШ НИШОН ДОД, КИ...

ДДТТ ДАР ҚАТОРИ ДАҲГОНАИ БЕҲТАРИН МАКТАБҲОИ ОЛӢ

НАВОБОД. ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ БОНКӢ

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед