Хабарҳо
Созмони ҳамкории исломӣ ба музокироти сулҳ дар Афғонистон даъват мекунад
Associated Press. Дар Арабистони Саудӣ мулоқоти ходимон ва уламои дин анҷом ёфт, ки вазъи Афғонистон мавзӯи асосии мубодилаи афкори эшонро ташкил дод.
Иштирокдорони ҳамоиш, ки таҳти васояти Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) сурат гирифт, бо қатъномаи худ фавран гузарондани музокироти сулҳ дар Афғонистонро хостор шуданд.
Зимнан, пас аз мусолиҳаи кӯтоҳмуддат дар мамлакат, ки моҳи июн бо ибтикори президент Ашраф Ғанӣ роҳандозӣ шуд, айни замон бархӯрди неруҳои ҳукуматӣ бо ҳаракати тундгарои «Толибон» идома дорад.
Ҳаҷми қарзи давлатҳои дунё ба 318 дарсади ММД ҷаҳон расид
Regnum.ru. Қарзи глобалӣ бемайлон боло меравад. Танҳо дар семоҳаи якуми соли равон он беш аз $8 триллион афзуда аз $247 триллион гузашт, ки 318 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонро ташкил медиҳад.
Бахши корпоративӣ дар як сол қарзро $8,1 триллион зиёд карда, ба $73,5 триллион расонд. Қарзҳои корпоративии Канада, Фаронса ва Швейтсария ниҳоят боло рафтанд. Ҳаҷми қарзи давлатӣ бошад, беш аз ҳама дар Бразилия, Арабистони Саудӣ, Ҳабашистон ва Аргентина афзоиш ёфт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 164