logo

сиёсат

ТАҶАММӮИ АФКОР ВА ТАКОМУЛИ ИНСОН

Дар ҳошияи мақолаи «Иммануил Кант ва ташаккули шахсият» - и доктори улуми сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов
Андешаҳои сиёсиву фалсафии С. Ятимов, ки ба таври пайваста дар саҳифаҳои матбуоти кишвар ба нашр мерасанд, нахуст аз он ҷиҳат қобили таваҷҷуҳанд, ки муаллиф ҳолату фазои имрӯзаро ташхису таҳлил карда, меҳвари андешаҳои худро созмон медиҳад. Ин ташхис мӯҷиби он аст, ки мавҷудияти холигоҳҳо дар фазоҳои мухталиф ошкор ва ҷомеа аз онҳо огоҳ карда шавад. Албатта, ин раванди огаҳӣ хусусияти омиёна надорад ва ҷомеа ниёз ба роҳнамоиҳои коршиносон, олимон ва зиёиён дорад.

С. Ятимов ҳамчун муҳаққиқи дақиқбин робитаи мантиқии назарияи имрӯзаи шинохти равандҳоро бо гузашта таъмин кардааст. Мақолаи  «Иммануил Кант ва ташаккули шахсият» дар навбати аввал бо назардошти ҳамин хосият навишта шудааст. Муқаддимаи мақола инсон, фард ва шахсро ҳамчун муродифоти ягонаи асли мақсад дар мадди аввал мегузорад. Андешаи муаллиф дуруст аст, ки «таъмини осудагӣ, рушди фард ва ҷомеа» ҳамчун мақсади аслии инсоният ба қонунияти бунёди ҷомеаи солим табдил ёфтааст. С. Ятимов фардро таҳқиқ карда, бо доираи қонуниятҳои илмҳои печидаи имрӯза қаноат намекунад. Ба ин хотир, дар суроғи андешаҳои фалсафии И.Кант ба фазои иҷтимоиву маънавии асри XVIII меравад. Ва ҳамин суроғ ҳам тасодуфӣ нест. Зеро ин аср то андозае сатҳи баланди таҳаввули иҷтимоӣ барои аҳли башар аст. Ҷомеаи ғарбӣ дар ин давра тавонист, ки пештози ин таҳаввул шавад.
Он нуқтаи муҳим аз назари муаллиф дур намемонад, ки ҷомеа ба таври мақсаднок дар тарбияи инсон саҳм гузошта метавонад. Дар ин самт нақши илму фарҳанг, маорифу таълим ва оиларо муқаддам меҳисобад. Махсусияти мақола дар он аст, ки муаллиф ақидаҳои худро ба таври мантиқӣ дар такя ба андешаҳои И. Кант тақвият мебахшад.
Мақола дар баробари аҳамияти баланди илмӣ доштан, оҳанги публитсистиву оммавӣ низ дорад, ки аз мубрамияти он гувоҳӣ медиҳад. Аслан фалсафа илми мураккаб аст ва на барои ҳама фаҳмост. Бо як навъ фосилагирӣ аз баёни мураккаб муаллиф таъбиру иқтибосҳоро ба таври суфта ба ақидаҳои худ пайванд медиҳад. Дар бахшҳои фарогир дар доираи чанд иқтибоси зарур аз асарҳои «Дин фақат дар доираи ақл» ва «Дар бораи педагогика» кӯшиш мешавад, ки нақши ҷомеаро бо унсурҳои фарогир дар роҳи тарбияи инсон собит намояд. И.Кант файласуфи шинохтаи ҷаҳонист ва андешаҳояш доманаи васеъ доранд. Ҳама уфуқҳои андешаҳои ӯро дар як мақола баён кардан ғайриимкон аст. Аммо муаллиф бо назардошти доираи табъу завқи аудиторияи умум дар баёни мақсад талоши муваффақона намудааст. Хосияти илмиву публитсистии андешаҳои файласуфро бештар ба инобат мегирад ва дар интихобу пешниҳоди онҳо муваффақ гаштааст. Масалан дар иқтибосоте чун «бисёре аз ҳайвонот ба ғизо ниёз доранд, аммо на ба парасторӣ», «тарбиятдидаи бадахлоқ, шахсияти бадахлоқро тарбия менамояд», «беинтизомро дар синни камолот ислоҳ кардан душвор аст», «ваҳшигиро наметавон решакан намуд» ва амсоли он ҳадафҳои маънавии содаву фаҳмо матраҳанд.
Муаллиф дар мақолаи худ усули қиёсиро ба кор бурдааст. Дар баёни мақсад нахуст аз равзанаи илм наздик мегардад ва баъдан бо мисолҳои возеҳи рӯзгори инсонӣ хонандаро ба андеша водор месозад. Ба гунаи мисол ёдовар шудани қатли Улуғбек аз ҷониби писар, қатли модари худ аз тарафи Алӣ Сақра дар рӯзҳои мо ва дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби ҳаммиллатони нохалаф кушта шудани фарзандони фарзонаи миллати тоҷик хонандаро ба умқи андешаҳо мебарад. Аён аст, ки муаллиф нақши «тарбиятгар» - ро дар низому суботи ҷомеа муқаддам медонад. Дар асоси назарияи содаи И.Кант - «ҳайвонот аз якдигар чизеро намеомӯзанд, аммо ба ғайр аз парандаҳои хушхон (дар асоси ирсияти биологӣ)» муаллиф бо оҳанги возеҳ масъалаи тарбияи инсонро таблиғ кардан мехоҳад. «Сифатҳои марбут ба табиати инсонӣ» - ро дар ҳамон фурсат дастрасу ҳосилшуда медонад, ки агар тарбиятгар нақши мусбати худро дар ҷомеа нишон диҳад.
Аз нигоҳи муаллиф, тарбия дар пояи таҷрибаи рӯзгор, махсусан барои ҷавонон, бо назарияи мушаххаси И.Кант исбот карда мешавад. Аммо мусаллам аст, ки ҳамон ҷавоне аз таҷрибаи рӯзгор суд бардошта метавонад, ки ӯ тарбияи созгореро паси сар карда бошад ва ин таъкид аз оғоз то анҷоми мақоларо фаро мегирад.
«Фанои иродаи қавӣ» ва «интизоми ниёз ба ислоҳи ҷиддӣ» ин афкори барангезандаи муаллиф дар мутобиқат ба фазои кунунист. Дар шароити феълӣ набудани иродаи қавӣ дар ҳақиқат пеш аз ҳама бекориву ҷоҳилӣ ва коҳилии инсонҳост. Мӯҷиби ин ҳолат адами тарбияест, ки он дар замоне сурати костаи худро доштааст. Дар ин самт андешаҳои муҳаққиқ С. Ятимов дурустанд, ки шуур ин олами бозест, ки ҳама чизи дар ҷомеа мавҷудбударо қабул менамояд. Вақте ки «ҳама чиз» мегӯем, бояд дар назар гирифт, ки ҷомеаи инсонӣ пур аз рангорангиҳост. Ин рангорангиҳо дар худ даҳҳо авомили мусбату манфиро фаро мегиранд. Дар муқобили чунин ҷараён дар такя ба андешаҳои С. Ятимов бояд монеаҳоро барои раҳоӣ аз фоҷиаҳо ба вуҷуд овард. Дар ҳақиқат «инсон нусхаи генетикӣ намебошад» ва бо тасмими ба ӯ дахл накардан наметавон натоиҷи мусбатро интизор буд. Махсусан, ҳолати имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити тезутунди ҷаҳонишавӣ хеле ҳассос мебошад ва С. Ятимов дуруст қайд менамояд, ки «шахсони зирак, айёр, ғаразкор алоқаҳои муассирро бо ҳар роҳ меҷӯянд». Дар ин маврид муаллиф аз «дӯстӣ», «рафоқат», «садоқат», «аҳди хоҳариву бародарӣ» - и гоҳо ғаразнок ишора менамояд. Роҳи ҳаллу наҷот аз ин варта барҳам задани «надонистани алоқаву муносибатҳо» дониста мешавад, ки хонанди закӣ мантиқи ин ишоротро ба хубӣ дарк мекунад.
Мақола доманфарох буда, метавон онро ба сифати дастури маҷмӯии шинохти такомули инсон дар чанд ҷабҳа пазируфт. Аз мутолиаи мақолаи доктори улуми сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов «Иммануил Кант ва ташаккули шахсият» чунин бардошт ҳосил мешавад:
1. Тарбия, такомул ва ташаккули инсон дар ҳама замонҳо ҷавҳар ва меҳвари аслии андешаҳои муҳаққиқони ҷомеашинос будааст. Аз ҷумла, дар ҳама таҳқиқоти муҳаққиқ С. Ятимов ин мавзӯъ меҳварист.
2. Мақолаи мазкур таҷаммӯи афкори фалсафию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ дар нишон додани роҳи ташаккулу такомули инсони комил мебошад.
3. Дар пасманзари андешаҳои гуманистии муҳаққиқони шарқиву ғарбӣ мавқеи фардии гуманистии муаллиф маълум мешавад.
4. Мақола дар мавзӯи мушаххас ва атрофи андешаҳои шахсияти мушаххас баён гашта бошад ҳам, аммо дар он худшиносии фарҳангии миллати тоҷик аз мавзӯоти асосӣ мебошад.
5. Муаллиф дар асоси таҷзияи афкор бо назардошти авзои феълӣ дурнаморо бозгӯ кардааст.
6. Олимони ҷомеашинос аз бахшҳои алоҳидаи мақолаи мазкур дастурҳои таълимиву тарбиявиро барои такомули шахсияти ҷавонону наврасон таҳия карда метавонанд.
7. Хеле хуб аст, ки нашрияҳои зиёде ин мақоларо ба нашр расондаанд, ки боиси фарогирии доираи васеи хонандагон мегардад. Корбасти бештари ин гуна мақолаҳои маърифатбахш тавассути ВАО дар шароити тезутунди бархӯрди афкор амри зарур ва ногузир аст.
8. Хуб мешавад, ки агар чунин мақолаву андешаҳо дар доираи маҳфилу нишастҳо (махсусан барои ҷавонон) мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шаванд.
Сангин ГУЛОВ,
Бахтиёр ҚУТБИДДИНОВ,
устодони факултети журналистикаи ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2018    №: 137    Мутолиа карданд: 176

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед