logo

иқтисод

ХАВФҲОРО БА НАФЪ КОҲИШ ДИҲЕМ

Дар асоси эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» имрӯзҳо дар саросари кишварҳои ҷаҳон роҳи ҳалли масоили вобаста ба мушкилоти норасоии об мушаххасу мураттаб шуда, вазифагузориҳо дар ин самт шурӯъ гардидаанд. Чунин пазироии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти баланди онро  аз нав бозтоб мекунад. Аз ин ҷост, ки ҷаҳониён ба ибтикороти Сарвари давлати мо бо чашми ибрат менигаранду андешаҳои инсонпарваронаашро қоиланд.

Дар ҳақиқат, проблемаи глобалии вобаста ба об торафт дар зиндагии  сокинони сайёра амиқтар реша медавонад. Рафъи ин мушкилот дар доираи  даҳсолаи эълоншуда  заминаи воқеӣ пайдо мекунад. Айни замон, дар ҳолати кам шудани об – яке аз чор унсури асосии ҳаёт халалдор гардидааст.
Ба гуфтаи Зайналобуддин Кобулиев, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, доктори илмҳои техникӣ, дар партави барномаи даҳсола пеш аз ҳама моро зарур аст, ки ҷиҳати бартарафсозии баъзе мушкилоти соҳа дар мамлакат чораҷӯйӣ намоем. Аз ҷумла, шуста шудани қабати ҳосилхези заминҳо ҳангоми баланд гардидани сатҳи оби дарёҳо аз масъалаҳои ҳалталаби соҳа аст.  Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки  баҳорон дар натиҷаи боронҳои пай дар пай  селу обхезиҳо ба вуҷуд меоянд. Дар маҷрои дарёҳои Лучобу Варзоб, Кофарниҳону Вахш, Сурхобу Ёхсу ва дарёву рӯдҳои  дигар  лойқа ҷорӣ мешавад. Бо ин сабаб ҳар сол селу дарёҳо миллионҳо  тонна хоки  Ватанро бурда ба баҳри Арал ворид месозанд. Масалан, солҳои пешӣ  қисмати болооби ҳавзаи обанбори Норакро мушоҳида менамудем, ки  дар  тӯли 2 - 3 километр рӯ - рӯи обанбор лойқа ҷорӣ мешуд. Расо 47 сол аст, ки ин лойоб мунтазам аз баландкӯҳ ҷорӣ шуда, сатҳи поёнии ин обанборро аз лой пур карда истодааст. Агар садди НБО - и Роғун роҳи лойқаро набандад, солҳои наздик сатҳи поёнии лойқаи обанбори Норак хеле баланд мегардад ва ин иншооти муҳими стратегӣ бо иқтидори пурра фаъолият карда наметавонад.  
Дар ин ҳолат мо, сокинони ҷумҳурӣ, метавонем аз ин лойобаи дарёву рӯдҳо дар кишту парвариши зироатҳо босамар истифода намоем. Масалан, сокинони қисмати ғарбии ноҳияи Восеъ  дар ҷойҳои парешоншавии оби дарё, яъне, сангобҳо бо паҳноии 100 – 150 метр аз санг пешбандҳо месозанду аз лойқаи овардаи сел барои кишти шоливу пиёз замини корам ҳосил мекунанд. Имрӯзҳо ба шарофати осудагию оромии кишвар корхонаҳои пуриқтидори тавлиди сементу арматураю оҳангудозӣ таъсис ёфтанд. Бо маҳсулоти ватанӣ аз рӯи илми муосири геодезӣ  фасли баҳор барои дар ҳар сангоби паҳноиаш 3 - 4 километр сохтани пешбандҳои 6 - 7 - метра барои ташкили майдони серҳосили зироатҳо имкон дорад. Ҳамзамон, аз  200 то 300 метри соҳилҳои чапу рости сангобҳоро ба воситаи насосҳо обёрӣ ва дар заминҳо шолӣ парвариш намудан ба манфиати мардум аст. Ба ин васила имконият пайдо мегардад, ки  30 – 50 дарсади обҳои ватаниро дар хоҷагиҳои гуногуни кишварамон  истифода намоем. Ҳамчунин, суръати ҷоришавии об муътадил мегардад.
 Мо мардуми саодатмандем, ки Худо бароямон  табиати рангину пурғановатро насиб кардааст. Дар ҳоле ки бисёри одамони гӯшаю канори  дунё аз норасоии об танқисӣ мекашанд, дар миқёси ҷумҳуриамон 947 дарёву наҳр дорем. Дарозии камтарини онҳо зиёда аз 10 километрро ташкил медиҳад. Даҳсолаи номбурда моро водор месозад, ки сари масъалаи пок нигоҳ доштан ва истифодаи оқилонаи об андеша кунем ва чораҳои муассир роҳандозӣ намоем.
Раҳмат ШЕРАЛИЕВ,
Омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2018    №: 137    Мутолиа карданд: 427
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед