logo

иқтисод

ДАНҒАРА БА РУСИЯВУ ҚАЗОҚИСТОН МЕВАЮ САБЗАВОТ СОДИРОТ МЕКУНАД

Дар ноҳия ба таъмини бозорҳои истеъмолии кишвар бо меваю сабзавоти тару тоза аҳамияти вижа зоҳир мегардад. То имрӯз дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия қариб 8800 тонна мева, 16 ҳазору 910 тонна сабзавот, 7 ҳазору 814 тонна картошка ва 7 ҳазору 30 тонна маҳсулоти полизӣ истеҳсол шудааст. Кишоварзони ноҳия мақсад доранд, ки ҳосили боз ҳам фаровон рӯёнда  ба Федератсияи Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Покистону Афғонистон зиёда аз 2 ҳазору 400 тонна меваю сабзавоти хушсифат содирот намоянд.
- Ҳамчунин, ба  коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳими бахши содиротии кишвар ва манбаи фароҳам гардидани  ҷойҳои нави кор диққати ҷиддӣ дода мешавад. Имрӯзҳо дар мавзеи Чашмаи Нуқра аз маркази ноҳия тақрибан 25 километр дур  корхонаи истеҳсоли меваи хушк фаъолияти чашмрас дорад. Корхона  бо технологияи нави замонавӣ муҷаҳҳаз буда,  давоми  як мавсим зиёда аз 500 тонна маҳсулот тавлид менамояд. Масоҳати боғоти Чашмаи Нуқра 412 гектар буда, дар он дарахтони меваҳои хушмазаи диёр, аз ҷумла  себ, зардолу, нок, гелос, бодом, ангур, чормағз, олуча, хуч, шафтолу, себи биҳӣ, парвариш меёбанд. Дар ин ҷо 230 нафар бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин мебошад. Натиҷаи заҳмати масъулон аст, ки Чашмаи Нуқра ба яке аз  мавзеъҳои беҳтарини боғпарварӣ ва саёҳатии кишвар табдил ёфтааст. Аз ин макон ҳамасола  ба шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд садҳо тонна меваҳои шаҳдбор интиқол меёбад. Бовар аст, ки ин мавзеъ дар ояндаи наздик ҳамчун яке аз беҳтарин минтақаҳои содиркунандаи меваи хушки аз лиҳози экологӣ тоза дар кишвар ном барорад, - гуфт Ҷамшед Шарифзода, муовини якуми раиси ноҳия.
Баробари мавзеи номбурда соли 2015 дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии Данғара  бо ҷалби сармояи хориҷӣ корхонаи дуюми истеҳсоли меваи хушк мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корхона  меваро барои хушкондан аз  боғоти Чашмаи Нуқра ва кооперативҳои истеҳсолии «Раҳмонҷон»-у «Сомонҷон» ва хоҷагии деҳқонии «Имоми Аъзам» дастрас менамояд. Имсол роҳбарияти  корхона мақсад дорад, ки меваи хушки содиротиро ба 300 тонна расонад.
Бино ба маълумоти оморӣ, имрӯзҳо дар ноҳия меваю сабзавот ва полизиҳо, аз ҷумла  себу нок, ангур, зардолу, олу, гелос, шафтолу, чормағзу бодом, сабзию пиёз,  карам, қаланфури булғорӣ, тарбузу харбуза, лӯбиё, пухта расидаанд. Як қисми маҳсулоти кишоварзии ноҳия мавриди коркард қарор гирифта, боқимондаи он барои таъмини бозорҳо бо маҳсулот дар давраи зимистону баҳори оянда дар сардхонаю анборҳо, ки ҳаҷми ғунҷоиши ҳар кадоми онҳо зиёда аз 2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, нигоҳдорӣ мешавад. Ин амал барои  таъмини амнияти ғизоии мамлакат мусоидат хоҳад кард.  
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2018    №: 137    Мутолиа карданд: 120

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед