logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҲАЛЛИ МУАММОҲОИ ХУШЗИСТӢ

Хеле нигаронкунанда аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар гирдоби азими бархӯрдҳои геополитикӣ ва манфиатхоҳиву қудратёбии доираҳои абарқудрат қарор гирифтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин тақдир дар канор нест. Дар баробари қарор гирифтан дар чунин ҳолат кишвари мо кӯшиши таъсир гузоштан ба ҳаллу фасли қазияҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии ҷаҳонро дорад. Муаммоҳои иҷтимоӣ ва глобалии ҷаҳонӣ дар силсилаи рисолаву мақола ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо диди хос, бо баҳрамандӣ аз таҷрибаҳо ва бо такя ба равандҳои ҷомеаи башарӣ баррасӣ шудаанд. Аз ин ҷиҳат коршиносони сиёсиву иҷтимоии ҷаҳонӣ имрӯз ба мавқеъ ва нақши муҳими кишвари мо дар ҳаллу фасли масоили умдаи сиёсии ҷаҳон баҳои сазовор додаанд. Аз назари ҳассосияти қавмиву мазҳабӣ кишвари мо миёни кишварҳои Осиёи Миёна низ мавқеи устувори сиёсӣ дорад, ки масоили марбут ба он борҳо баррасӣ шудаанд.
Дар суханронии навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон (12-уми майи соли 2018) низ муаммоҳои умдаи кишвари мо баррасӣ шудааст. Дар ин суханронӣ Пешвои миллат ба ҷойгоҳи ислом чун нишонаи имондорӣ, таҳкими ҷаҳони маънавӣ ва такмили одобу ахлоқ таваҷҷуҳ кардаанд. Дар ин суханронӣ ба чанд нуктаи муҳим ва ҳассоси кишвар ва ҷаҳон бармехӯрем.
Нуктаи аввал ба озодона ва дар доираи аҳкоми шариат адо кардани фаризаву воҷиботи динӣ аз ҷониби мардум ва гиромидошти онҳо аз арзишҳои инсондӯстонаву хайрхоҳона, кӯшиши мардум дар риояи бештари фазилатҳои парҳезу накукорӣ, худдорӣ аз аъмоли зишт, аёдати падарону модарон ва беморону ранҷурон, ёрмандии тавондастон ба ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон марбут аст. Аз диди Пешвои миллат «моҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кумак ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад».
Дар чашмандози мазкур динҳои ҷаҳонӣ ва фарҳангу тамаддунҳои башарӣ, ки дар ташаккули ҷаҳони маънавии афроди ҷомеа хизмат кардаанд ва ҳадафи аслии ҳамаи онҳо тарбияи инсони комил ва солеҳ будааст, баҳои муносиб дода шудааст.
Президенти кишвари мо чун осебшиноси пурбину огоҳ аз равандҳои ҷории ҷомеаи ҷаҳонӣ бо назардошти вазъи зист ва мушкилоти  сайёраи рӯи Замин ба ин нуктаи ҳассос пай бурдаанд, ки «ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ тағйирёбанда ва муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ дар баробари дастовардҳои бесобиқа бисёр осебпазир гардида, зарари он ба ташаккули дунёи маънавии инсон рӯ ба афзоиш мебошад».
Дарки ҳамин нуктаи муҳим Пешвои миллатро қаблан ба таҳлилу арзёбии ҷойгоҳи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар заминаи таъсири тағйирёбии иқлим ва низоъҳои солҳои охир ба ҳаёти инсоният водоштааст.
Ин ҳама натиҷаи ба гирдоби нафсу манфиатҷӯӣ  гирифтор ва аз олами табиат ҷудо шудани инсон, муносибати нохуб, ғайриоқилона ва нодуруст ба сарватҳои табиӣ, аз ҷумла обу хок ва олами наботот ба гаҳвораи ҳастии худ – Замин будааст.
Нуктаи дигари суханронии Пешвои миллат марбут ба амали дар сари инсоният қарор ёфтани моҷароҳои вазнини сиёсӣ, ҷангу хунрезии зиёди мазҳабӣ, инқилобу муноқишаи бешумори сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ будааст, ки харобиҳои онҳо аз зарари ду ҷанги ҷаҳонии қаблӣ камтар нестанд. Аз ин нуқтаи назар имрӯзҳо кишварҳои бузурги олам дар ҳоли вазнини ҷанги сард қарор гирифта, илм, иттилоот, иқтисод, техникаву технология ва дин василаи тарғибу ташвиқи манофеи сиёсӣ ва гурӯҳиву минтақавӣ қарор гирифтааст.
Аз ин рӯ, хеле ҷиддӣ ва усулӣ аст, ки Пешвои миллат инсоният ва аҳли ҷомеаи тоҷикро ба андешаи амиқ сари масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаву башар водор менамоянд. Бо назардошти мутолиаи суханронии Пешвои миллат ҷомеаи моро зарур аст, ки ба пешгирӣ кардану аз байн бурдани харобкориҳо дар  ин ҷабҳа дастаҷамъона чораҷӯӣ намоем.
Матлубаи МИРЗОЮНУС,
профессор,
Субҳони АЪЗАМЗОД,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2018    №: 137    Мутолиа карданд: 285

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед