logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ФИДОКОРӢ
Чанд сол пеш дар яке аз беморхонаҳои Стандфар дӯшизаеро бо номи Лиза бистарӣ намуданд. Барои табобат хуни бародари хурдиаш лозим шуд. Танҳо хуни ӯ метавонист сабаби зинда мондани хоҳараш гардад. Духтур вазъиятро ба додараш фаҳмонд. Кӯдак баъди чанде хомӯшӣ ҷавоб дод: «Агар бо хуни ман хоҳарам зинда монад, розӣ ҳастам».
Аз кӯдак хун гирифтанд. Ӯ баъди чанд лаҳза сарашро бардошта аз духтур пурсид: «Дарҳол мемирам ё баъдтар?»
Додараки фидокор фикр кардааст, ки баъди хун супурдан мемирад.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


МАРГ ВА ПИРӢ. Одамон чӣ андеша доранд?
17 дарсади аҳолии сайёра то 80 - солагӣ зис-тан намехоҳад.
Тақрибан 17 дарсади дигар омодаанд, ки ҷавон бимиранд, - иттилоъ медиҳад нашрияи «Planet Today».
Ҳар одами шашуми дар тадқиқот иштирокдошта иқрор шудааст, ки аз пирӣ метарсад ва то 80 - солагӣ зистан намехоҳад. 25 дарсади пурсидашудагон мехостаанд, ки то 90 – солагӣ умр бинанд. Ҳамаи боқимондаҳо (58 дарсад) азм доранд, ки то 100 ва аз он ҳам зиёдтар умр бинанд.
Ҷавобҳои занону мардон новобаста аз он ки занон нисбат ба мардон панҷ сол зиёдтар умр мебинанд, чандон тафовут надошт. Ба посухҳо миллати иштирокчиён таъсир расондааст. Масалан, лотиноамрикоиҳо дар тафовут аз афроамрикоиҳо намехоҳанд ба пирӣ бирасанд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад

Чанд дона тухм буд?
Зане як қуттӣ тухмро барои фурӯхтан ба бозор мебурд. Роҳгузаре бо ӯ бархӯрда тавре тела дод, ки қуттӣ ба замин афтода ҳамаи тухмҳо шикаст. Роҳгузар хост, ки ба зан арзиши тухмҳои шикастаашро ҷуброн кунад. Бинобар ин, аз ӯ пурсид, ки ҳамагӣ чанд дона тухм дошт.
- Аниқ намедонам, - ҷавоб дод зан. – Аммо медонам, вақте ки тухмҳоро аз қуттӣ  2, 3, 4, 5 ва 6 - тогӣ мегирифтам, дар он як дона тухм боқӣ мемонд. Вақте ки аз қуттӣ  7 –тогӣ тухм мегирифтам, дар он ҳеҷ чиз боқӣ намемонд.
Дар қуттӣ чанд дона тухм буд?
Таҳияи Зулола Бобораҷабова


10 НАМУДИ МАЪРУФТАРИН ВАРЗИШИ ДУНЁ
5. Тенниси рӯи миз
Теннис дар олам аз намуди бисёр серҳаракати варзиш ба ҳисоб меравад, зеро бозигаронаш дорои рефлекси басо зуду тез ҳастанд. Ва ҳам тааҷҷубовар нест, ки варзишгарони чинӣ дар ин бозӣ дар ҳамаи мусобиқот мавқеи пешсафиро ишғол менамоянд.
Мусобиқоти асосии байналмилалии теннис – Чемпионати ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ мебошад.  Таърихи бозӣ аз охирҳои асри XIX шурӯъ мешавад ва соли 1926 Федератсияи байналмилалии тенниси рӯи миз таъсис ва ҳамон сол аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба тенниси рӯи миз баргузор гардид. Соли 1988 бошад, он чун намуди бозиҳои олимпӣ пазируфта шуд. Тенниси мазкур дар Британияи Кабир ихтироъ шудааст ва имрӯз дар дунё бештар аз 850 миллион ҳаводорони хешро дорад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ТАМОКУ  ВА АЗИЯТИ САНГПУШТ
Дар деҳаи Чанчуни Чин сангпуште зиндагӣ мекунад, ки тобеи никотин буда, дар як рӯз 10 сигор мекашад. Ба гуфтаи нозири боғи ҳайвонот вақте онро хумори кашидани тамоку мегирад,  ба ҳаяҷон меояд ва садо мебарорад.
Ошпази маҳаллӣ Тан пай мебарад, ки ҷонвар аз хӯроки ҳаррӯзаи худ даст мекашад. Вақте ӯро аз назар мегузаронад, дар шикамаш устухони мурғро пайдо мекунад. Тан ба гирифтани он шурӯъ менамояд, вале аз дарди сахт сангпушт ангушти Танро газида, қариб ба ду ҷудо менамояд. Барои нагазидани ангушт Тан ба даҳони сангпушт тамокуи кашидаистодаи худро мегузорад. Сангпушт тамокуро чанд соат дар даҳон нигоҳ медорад. То ин дам ошпаз устухонро мебарорад... Вале Тан гӯё аз ин бало халос шуда ба дигараш мубтало мегардад. Рӯзи дигар сангпушт ба курсии нишастаи Тан  баромада худро хеле аҷиб нишон медиҳад. Ӯ бо дарки мақсад тамокуи кашидаашро ба даҳони ӯ мегузарад.
Ҳоло, агар ба сангпушт тамоку надиҳанд, садои худро бароварда, аз паси Тан рафтан мегирад ва гоҳе мешавад, ки ба болои Тан мебарояд ва ӯро аз кор кардан бозмемонад.
Аввал Тан аз ин ҳаловат мебурд, лекин ҳоло пушаймон аст. Намедонад чӣ тавр сангпуштро аз тамокукашӣ халос кунад. Охир ӯ имконияти харидани миқдори зиёди тамокуро надорад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ТАҶҲИЗОТИ «БОАҚЛ»
Чангча - тестер дар таркиби хӯрок маҷмӯи сафедаҳо, карбогидратҳо, равғаннокӣ ва шакарро муайян мекунад. Қошуқ бошад, вазни онро месанҷаду корд ҳарорати хӯрокро.
Чунин таҷҳизот дар Англия ихтироъ шуд. Вазъи саломатии аҳолӣ бо дастрасӣ пайдо кардани он беҳтар гардид ва назорати истеъмоли хӯрок осон шуд. Истифодаи таҷҳизоти ғайриодӣ, махсусан миёни нафарони гирифтори бемории қанд ва онҳое, ки хоҳиши кам кардани вазнашонро доранд, маъмул гардидааст.
Таҳияи О. ВАФОБЕК


5,5 МИЛЛИОН ДОЛЛАРИ ЯК ГАДО
Фотима Муҳаммад Усмони маъюби 54 - соларо, ки тақрибан 15 сол боз дар мавзеи ал - Баста ал - Фуқаи шаҳри Бейрут дар дохили як мошини куҳна мезист, чанде қабл дар «хона» - аш мурда ёфтанд.
Дар суратҳисоби бонкии зани солҳои зиёд ба талбандагӣ шинохташуда (дар Бейрут, пойтахти Лубнон), 5,5 миллион доллар будааст.
Муайян гардид, ки ба ҷуз 5,5 миллион доллари дар бонк доштааш, ин зан дар хонааш боз 5,7 миллион лира (4 ҳазор доллари ИМА) пули нақд доштааст.
Аҷиб ин аст, ки дороии Набил Аста - як тоҷири  номдори ҳаммаҳаллааш, ки ба ин зан ҳамеша ёрӣ медод, аз дороии Фотима камтар будааст.
Таҳияи Умар АЛӢ


3, 8 МИЛЛИОН ДОЛЛАР НАРХИ ЯК ҲАМЁН
Ширкати «House of Mouawad» - и Дубай ҳамёнеро таҳти унвони «Ҳамёни алмосии «1001 шаб» («1001 Nights Diamond Purse») истеҳсол намуд, ки он ба «Китоби рекордҳои Гиннес» дохил гашт.
Арзиши он 3,8 миллион долларро ташкил дода, ба дил шабоҳат дорад ва бо 4517 алмос оро дода шудааст.
Аз ин миқдор 105 алмоси зард, 56  гулобӣ ва 4356 сангаш беранг мебошад. Ин ҳамён бо 18 карат тилло зиннат ёфта, ҳамчун гаронарзиштарин ашё дар ҷаҳон эътироф гаштааст.
Таҳияи Кароматулло РАҲМАТОВ


«ЭРТА». ГЛОБУСИ БУЗУРГТАРИНИ ДАВРЗАНАНДА
Глобуси калонтарини даврзанандаи ҷаҳон «Эрта» ("Eartha") ба ҳисоб рафта, дар шаҳри Ярмути аёлати Мэнии ИМА нигоҳ дошта мешавад. Он ба ширкати «DeLorme», ки маҳсулоти картографӣ истеҳсол менамояд, тааллуқ дорад.
Қутри он 1250 сантиметр буда, вазнаш 2500 килограммро ташкил медиҳад. Миқёси он ба 1:1 миллион баробар аст. Яъне, як миллиметри ин глобус як километри рӯи Заминро нишон медиҳад. Андозаи глобус чунон калон мебошад, ки нимкураи Шимолиро танҳо аз ошёнаи дуюм ва сеюм дидан мумкин аст.
«Эрта» дар бинои сеошёнаи шишагӣ ҷой дода шудааст. Глобус бо чароғҳои зиёд равшан мегардад. Бинобар ин, онро ҳам дар шаб ва ҳам рӯзона ба хубӣ назора кардан мумкин аст.
Таҳияи Гулистони ҚАДАМСАИД


НОКОМӢ – ҚАДАМИ НАХУСТИН ДАР РОҲИ МУВАФФАҚИЯТ
Гитанжали Раои 13 - сола  роҳи зуд ва осони санҷиши таркиби обро кашф намуда, унвони беҳтарин олими ҷавони ИМА – ро сазовор гардид.
Ӯ бо кашфиёти худ сокинони шаҳри Флинти Мичиганиро, ки аз оби ифлос заҳролуд мешуданд, наҷот додан мехост.
Андешаи чунин кашфиёт дар сари Гитанжали замоне пайдо шуд, ки волидонаш обро аз  санҷиш гузаронда, бехатарии онро муайян кардан мехостанд. «Аммо хулосаи санҷиш он қадар боварибахш набуд. Барои ҳамин лозим меомад, ки обро якчанд маротиба бисанҷӣ», - мегӯяд духтарак.
Обполои  ӯ бехатар будани таркиби обро муайян намуда, ҳамзамон натиҷаи санҷишро дар экрани смартфон, ки ба дастгоҳ насб шудааст, нишон медиҳад.
- Вақте санҷиш мегузарондам, нокомиҳои зиёдеро таҳаммул кардам. Аммо баъд аз ҳар хатои худ фаҳмидам, ки нокомӣ ҳам қадамест ба сӯи муваффақият, - хулоса мекунад Гитанжали
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


САГ ДУХТАРАКИ ГУМШУДАРО ЁФТ
Духтараки сесоларо, ки дар ҷуворимакказори иёлати Миссурии ИМА гум шуда буд, саги зотии терйери йоркшир пайдо намуд.
Полиси иёлати Миссури ба ҷустуҷӯи Ремми Эллиот 14 июн оғоз намуд. Ба ходимони идораи тартиботи ҷамъиятӣ иттилоъ доданд, ки  духтарак аз хонаашон субҳи барвақт баромада, то ҳол барнагаштааст. Бо вуҷуди барои ҷустуҷӯ ҷалб намудани чархбол ба натиҷае нарасиданд.
Рӯзи дигар ихтиёриҳо дар ҷуворимакказор корҳои ҷустуҷӯиро давом доданд. Духтаракро саги ҳамсоя, ки ҳамроҳи соҳибаш ба кофтуков баромада буд, пайдо намуд.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
ПАРВОЗИ ПУРМОҶАРО
Анна Кини 18 – сола, шояд тамоми умр парвози нахустини худро аз Шеннон (Ирландия) ба Манчестер (Англия) ба боди фаромӯшӣ насупурад. Аслашро гирем, ба вай зарур омад, ки аз Шеннон ба Манчестер сафар намояд, вақти парвоз ҳамагӣ 60 дақиқа буд. Вале Анна дар роҳ 23 соатро сарф карду ба манзили мақсуд нарасид. Нахуст ӯ на ба тайёраи худ нишаст ва дар Минск – пойтахти Беларус фуруд омад. Дар ин ҷо ӯро барои вайрон намудани сарҳад боздошт карданд. Базӯр халос шуда саросема ба фурудгоҳ омад ва стюардесса ӯро ба тайёра шинонд, вале боз ҳам ба дигар тараф парид. Анна Кин ин дафъа дар Прага фуруд омад. Тайёраи дигар ӯро ба Дюсселдорф расонд, дар ин ҷо барои вай ба Манчестер чипта брон карда буданд. Ба ҷои ин парвоз дар Шеннон анҷом ёфт, ки ӯ аз ин ҷо ба сафар баромада буд. Анна қасд кард, ки дигар ба тайёра нашинаду ба Манчестер тавассути қатора ва паром бирасад.
Қурбон Мадалиев, тарҷума аз русӣ


10 КУҲАНТАРИН ШАҲРИ ОЛАМ
5. Пловдив (Булғористон)
Шаҳри Пловдив, ки аз замонҳои пеш бо номи Филипопол машҳур буд, таърихи хеле куҳан дошта, яке аз шаҳрҳои бостонии Аврупо маҳсуб меёбад.
Мувофиқи бозёфтҳои археологӣ олимон бунёди ин шаҳрро 4000 сол пеш аз мелод муайян намудаанд. Филипополро аз қадим дарвозаи Балкан ном мебурданд. Ин шаҳр он замон таҳти итоати қабилаҳои фраку румӣ ва византиягиҳову усмониён қарор гирифта буд. Соли 42 – и пеш аз мелод румиён шаҳри Филипополро забт намуда, номи онро ба Тримонсиун (шаҳри рӯи се теппа) иваз намуданд. Воқеан ҳам, шаҳр дар рӯи се теппа, ки имрӯзҳо Ҷам – теппа, Тақсим – теппа ва Набот – теппа ном доранд, ҷой гирифтааст. Инчунин, ҷирми осмоние, ки аз ҷониби ситорашиноси булғорӣ Виолетта Иванова кашф гардидааст ба шарафи ҳамин шаҳр Пловдив номгузорӣ шудааст.
Шаҳри бостонии Пловдив дувумин бузургшаҳри Булғористон буда, 350 ҳазор нафар сокин дорад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ФУТБОЛБОЗИ «ГАЗАНДА»
ЧҶ - 2014. Дар дидори тимҳои миллии Уругвай ва Италия ҳамлагари уругвайиҳо Луис Суарес бо дандон китфи ҳимоятгари итолиёвиҳо Ҷорҷ Келлиниро газид. Магар ин, аввалин рафтори номатлуби ӯ буд? Барои посух ба ин суол, ба фактҳои на он қадар маълуми зиндагиномаи ҳамлагари ҷанҷолӣ рӯ меорем.
Аввалин ҷабрдидаи Суарес соли 2010 дар чемпионати Ҳолланд, ки он замон ӯ дар дастаи «Аякс» бозӣ мекард, нимҳимоятгари марокаштабори тими «ПСВ» Отман Бакал буд. Ҳангоми бозӣ Суарес Отманро газид ва ҳамчун муҷозот аз иштирок дар ҳафт дидор маҳрум шуд.
Пас аз се соли он, замоне ки дар бошгоҳи «Ливерпул»-и Англия ҳунарнамоӣ мекард, дар дидор бо «Челси» ангушти футболбози сербӣ Бранислав Ивановичро зери дандон гирифт ва аз иштирок дар даҳ бозӣ маҳрум гашт.
Амали ғайриварзишии дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Бразилия нишондодаи Суарес бо маҳрумияти 9 бозӣ дар мунтахаби Уругвай ва чор моҳи фаъолият дар футбол анҷомид.
Решаи ин ноустувории рӯҳиро бисёриҳо ба шароити вазнини кӯдакии Суарес, ки бе падар калон шудааст (падараш тарки хонавода кардааст) мансуб медонанд. Дар яке аз мусоҳибаҳо футболбоз айёми кӯдакиашро чунин ёдовар шудааст: «Дар хонаи мо ҳеҷ гоҳ пули захира набуд. Мо, бародарон либосҳоямонро пайи ҳам то фарсудаву порашуданашон мепӯшидем, аммо модарам ҳамеша мекӯшид, ки фарзандонаш гурусна намонанд. Барои ман чандон шармовар нест, агар бигӯям, ки аз 11- солагӣ барои дарёфти қути лоямут дар стансияи хизмат-расонии техникии автомобилҳо мошиншӯӣ мекардам. Ҳамаи пулҳоямро ба модарам медодам – он маблағи зиёд набуд, вале аз ҳеҷ чиз беҳтар менамуд».
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


«VOLVO - XC90» МОШИНИ БЕХАТАР
Мутахассисони соҳаи нақлиёти Британия ба «Volvo XC90» унвони «Мошини бехатар» - ро сазовор донистанд.
«Volvo XC90»  аз соли 2002 вориди бозори ин кишвар шуда, дар ин муддат беш аз 50 миллион ададаш ба фурӯш рафтааст. То ҳол аз ягон ҳодисаи марги ронанда ва ё мусофирон  дар рафти садама  гузориш дода нашудааст.
Асрори муваффақияти ин худрав системаи тормози «aeb» мебошад, ки бехатарии комилро барои мусофирон таъмин месозад. Ин система, ки дар таркибаш радар дорад, бо кумаки мавҷҳо хатарро пешбинӣ карда, сигнал медиҳад. Системаи радармонанд, ҳамчунин, вақте бо суръати баланд мошин меронед, қабл аз рух додани ҳодисаи нохуш суръати онро ба таври автоматӣ коҳиш медиҳад.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


10 ШАҲРИ СЕРАҲОЛИТАРИН
7. МЕХИКО
Аҳолиаш 21 миллиону 157 ҳазор
Мехикоро атсекҳо қариб 800 сол қабл асос гузоштанд, ки он вақт Теночтитлан ном дошт. Пас аз чанд садсола истилогарони испанӣ шаҳрро ғасб карданду номашро кунунӣ.
Дар пойтахт панҷяки аҳолии Мексика ба сар мебарад. Дар ин ҷо яке аз баландтарин иморати Амрикои Лотинӣ — Торре - Майор бо баландии 225 метр қад афрохтааст, ки 55 ошёна дорад.
Дарозтарин метрои Амрикои Лотинӣ низ дар ҳамин шаҳр аст. Дигар факти ҷолиб ва ҳамзамон ташвишовар он аст, ки пойтахти Мексика тадриҷан зери об меравад. Шаҳр дар рӯи кӯл бино шудаасту аз он барои эҳтиёҷи аҳолии афзоянда бо насосҳо об мекашанд. Дар натиҷа, Мехико соле 6 - 8 дюйм фурӯ менишинад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


10 ВАРЗИШГОҲҲОИ АЗИМИ ОЛАМ
Дар ҷавоби саволи «Калонтарин варзишгоҳи ҷаҳон кадом аст?» аксарият, пеш аз ҳама, «Маракана»-и Бразилия ё «Уэмбли»-и Англияро ба ёд меоранд. Дар асл ин фикри хатост. «Шоми шанбе» ҳикояти ҷолибро аз муҳташамтарин варзишгоҳҳои сайёра оғоз мекунад, ки дар ҷараёни он ба саволи болоӣ ҷавоб хоҳед ёфт.

10. «ДАРРЕЛЛ РОЯЛ»
Ғунҷоиши варзишгоҳи мазкур, ки пештар «Техас Мемориал Стэдиум» ном дошт, 100 119 тамошобин мебошад. Иншооти мазкур дар шаҳри Остин (иёлати Техас, ИМА ) соли 1924 сохта шудааст. Он номи мураббии футболи амрикоӣ Даррелл Роялро гирифтааст. Ҳоло варзишгоҳ майдони хонагии  дастаи донишгоҳи  маҳаллии «Texas Longhorns» ба ҳисоб меравад.
Таҳияи Маҳмуд ҶӮРАЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2018    №: 138    Мутолиа карданд: 237

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед