logo

иҷтимоиёт

ФАРОНСА Ё ХОРВАТИЯ?

(назари коршиносони тоҷик)
Инак, Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия дар арафаи анҷомёбист ва қариб сею ним миллиард мухлис аз гӯшаву канори гуногуни олам интизори вохӯрии ҳалкунандаанд. Кадом даста – Фаронса ё Хорватия дар он ғолиб омада, соҳиби Ҷоми ҷаҳон мегардад? Бо чунин савол мо ба чанде футболбозону коршиносони ватанӣ муроҷиат кардем.

Алишер ӮРУНОВ, ноиби президенти Федератсияи футболи      Тоҷикистон:
- Ҷоми ҷаҳони имсола аз оғоз ҳангомавӣ шурӯъ шуд. Аз ҷумла, аз гурӯҳ набаромадани қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби Олмон барои ҳама ғайричашмдошт буд. Инчунин, вақте бозии мунтахабҳои Бразилия ва Белгияро дар варзишгоҳи «Қазон Арена» бевосита тамошо доштам, дар гӯшаи хаёлам набуд, ки бразилиҳо шикаст мехӯранд.  Кӣ гумон дошт, ки Хорватия то финал мерасад? Дар вохӯрии ҳалкунанда барои Ҷоми ҷаҳон, ба фикрам, Фаронса ва Хорватия шонси баробар доранд.

Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ, капитани дастаи «Истиқлол» (Душанбе):
-Тими Фаронса нисбат ба мунтахаби Хорватия беҳтар бозӣ мекунад. Ҳамзамон, футболбозони фаронсавӣ нисбатан ҷавонанд ва аз бозиашон бармеояд, ки дар ҳолати хуби ҷисмонӣ қарор доранд. Аз ин рӯ, ба гумони ман, фаронсавиҳо бо ҳисоби 2-1 пирӯз мешаванд.

Анваршо МИРЗОЕВ, коршинос:
- Бо дилпурӣ гуфта метавонам, ки Фаронса чемпиони ҷаҳон мешавад, зеро бозигаронаш дар ҳолати хуби ҷисмониянд. Тавозуни футболбозон дар тамоми мавқеъҳои майдон баробар ба назар мерасад. Тими мунтахаби Хорватия бошад, се бозии охирашро 120-дақиқаӣ гузаронд ва шояд футболбозонаш фурсати барқарор шудан наёбанд. Фикр мекунам, ки Фаронса бо ҳисоби 3-1 ғолиб меояд.

Фарҳод ҶАББОРОВ,
шореҳи ҳафтавори «Варзиш – Спорт»:
- Мунтахаби Фаронса  назар ба рақибаш як рӯз зиёдтар истироҳат мекунад, ки ин дар барқарор шудани футболбозон нақши муҳим дорад. Мунтахаби Хорватия бошад, се бозӣ бо вақти изофӣ кардааст, ки бозигаронашро ниҳоят хаста сохт. Ғайр аз ин, дар мунтахаби Фаронса футболбозони ҷавони пурмаҳорат зиёданд, ки ин метавонад омили ҳалкунанда гардад. Бо ду голи беҷавоб Фаронса соҳиби Ҷоми ҷаҳон мегардад».

Муҳаммадҷон ҲАБИБУЛЛОЕВ, сармураббии дастаи «Регар - ТадАЗ» (Турсунзода):
 - Фикр мекунам, ки мунтахаби Фаронса нисбат ба рақибаш пурзӯртар аст. Лекин ин футбол аст ва пешгӯии натиҷаи он басе мушкил мебошад. Ба ҳар ҳол гумон мекунам, ки хорватҳо ба дарвозаи худ ду гол сар дода, аз Ҷоми ҷаҳон бенасиб мемонанд. 
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2018    №: 138    Мутолиа карданд: 324

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед