logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

Пора барои додани билети ҳарбӣ
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгир шудани Фаррух Каримов, комиссари комиссариати ҳарбии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, хабар дод.

Тибқи иттилоъ, номбурда ҳангоми дар ин вазифа кор карданаш бо истифода аз мақоми хизматӣ бо мақсади ба даст овардани даромади муфт дидаю дониста, ки даъватшаванда Мақсад Шарипов гирифтори бемории қалб мебошад ва ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намудани ӯ аз рӯи хулосаи комиссияи тиббӣ имконнопазир аст, барои додани билети ҳарбии ғайри қобили хизматӣ маблағи 3000 сомонӣ ҳамчун пора талаб намудааст. Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ Фаррух Каримов, дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Қубодиён, ҳангоми гирифтани маблағи 3000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
Оид ба ҳолати зикршуда нисбат ба Фаррух Каримов бо моддаи 319 қисми 1 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ҷазо аз рӯи се ҷиноят
Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Эргаш Ризоевро бо моддаҳои 170 (дузанагӣ), 347 қисми 1 (хабар надодан оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин) ва 320 (додани пора) - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гунаҳгор дониста, ба муҳлати 8 солу 4 моҳ равонаи зиндон кард.

Тавре сомонаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Эргаш Ризоев соли 2015 ҳангоми дар шаҳри Иркутски Федератсияи Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданаш аз ҳамдеҳаи худ А. Саидов ва дигарон дар бораи нақшаҳо ва омодагӣ ба ҷинояти содиршавандаи махсусан вазнин - кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ҷониби собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Назарзода (4 сентябри соли 2015) маълумоти кофӣ ва боэътимод ба даст оварда, охирҳои моҳи августи соли 2015 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Ӯ бинобар манфиати шахсӣ, ки дар ҷонибдориаш аз ин гурӯҳи ошӯбгар ва тарафдорони онҳо ифода меёбад, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надодааст.
Ҳамчунин, 26 марти соли 2018 ба Тоҷикистон омада, зимни суҳбат бо корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудан ва ошкор насохтани амалҳои ҷинояткоронааш маблағи пулӣ - 5 ҳазор доллар ба сифати пора пешниҳод намудааст.
Эргаш Ризоев 28 марти соли 2018 дар тарабхонаи “Яккачинор”, воқеъ дар кӯчаи Р. Набиеви шаҳри Душанбе ҳангоми ба корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ додани пора дастгир гардид.

Нафси бад - балои ҷон
Раҳматулло Ҳалимов, сардори хадамоти ҳифзи меҳнати Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, ҳангоми гирифтани пора дастгир шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номбурда бо истифодаи мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои ба курси сеюм дохил намудани писари аммааш маблағи 1500 доллари ИМА талаб намудааст. Сипас, Раҳматулло Ҳалимов аз шаҳрванд “А” моҳҳои ноябри соли 2017 маблағи 5000 сомонӣ, декабри соли 2017 маблағи 4300 сомонӣ ва марти соли 2018 маблағи 1500 сомонӣ ба сифати пора гирифта, онро ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст.
Ӯ ба ин қонеъ нашуда, 4 майи соли 2018 аз шаҳрванд “А” боз маблағи 3000 сомонӣ талаб намудааст. Дар натиҷаи чораҳои оперативӣ - тафтишотӣ 4 майи соли 2018 Раҳматулло Ҳалимов ҳангоми гирифтани маблағи 3000 сомонӣ дар дохили автомашинаи шахсиаш боздошт гардид. Нисбат ба ӯ бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2018    №: 138    Мутолиа карданд: 466

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед