logo

иқтисод

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ЧОРВО

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   2 июни соли равон дар ноҳия зимни семинар – машварат оид ба дарав ва захира намудани хошоки чорво ба кишоварзон дастур доданд, ки дар вазъияти камбориш омадани мавсими баҳори имсола дар аксар минтақаҳои вилояти Хатлон барои таъмини хӯроки чорво аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд ва бо ҷалби бештари аҳолӣ ба дарави алафҳои табиӣ вусъати тоза бахшанд.
Ҳамзамон, дастрас намудани хӯроки чорво аз ноҳияҳои Данғараву Темурмалик ба чорводорони дигари вилоят дар семинари мазкур таъкид шуд.
Бино ба иттилои Орзу Неъматов, сарагрономи раёсати кишоварзии ноҳия, имрӯзҳо рафти захираи хӯроки чорво дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар сатҳи баланд ҷараён дорад.
- То ин дам дар ноҳия  наздики 60500 тонна хӯроки  дурушт, 5600 тонна тарбеда, 21600 тонна алафҳои табиӣ ва 21500 тонна коҳ ҷамъоварӣ гардидааст. Кишоварзони ноҳия барои анҷом додани  маъракаи алафдаравӣ  ва кашондани маҳсулот аз 67 намуд техникаҳои гуногунтамғаи кишоварзӣ  самаранок истифода бурда истодаанд. То  имрӯз аз ҷониби хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонӣ ва аҳолии ноҳия  102 ҳазору 237 тонна маҳсулоти хӯроки чорво захира шудааст ва ин баҳри  зимистон солиму беталаф нигоҳ доштани 300 ҳазор сар моли майда ва 8 ҳазору 515 чорвои шохдори калон басанда мебошад. Ҳамчунин, аз ноҳия  ба минтақаҳои дигари вилоят зиёда аз 10 ҳазор тонна алафҳои табиӣ ва коҳ интиқол ёфтааст, ки ин амал ҳоло низ идома дорад, -  гуфт номбурда.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2018    №: 138    Мутолиа карданд: 133

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед