logo

фарҳанг

САРШОР АЗ ҲИММАТИ БУЗУРГОН. ХОТИРАҲО АЗ ОЗМУНИ "ҶУМҲУРИЯТ"

Рӯзномаи аввалин ва, ба назари ҳазорҳо чун ман, беҳтарини Тоҷикистон, Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» вақтҳои охир чандин ташаббуси судмандро роҳандозӣ намуд, ки ҳам  обрую эътиборашро афзуд, ҳам шумораи хонандагонашро. Аввалин иқдом дар ин ҷода саҳифаи иттилоотию фароғатии «Шоми шанбе» буд, ки айни замон басо ҷолибу хонданӣ шудааст.

Ба хотири аз нав эҳё кардани зиндагиномаи бузургони илму адаб рӯзнома озмунҳоеро рӯи кор овард, ки писанди аҳли ҷомеа гаштанд. Яке аз нахустин озмунҳои  «Ҷумҳурият» барои гиромидошти  сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Садриддин Айнӣ буд. Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна ва солҳои донишҷӯӣ тамоми асарҳои устоди каломи бадеъро  аз «Мактаби куҳна» то сеҷилдаи «Ёддоштҳо» хонда будам. Бо вуҷуди  ин, аз маводи озмунии олимону муҳаққиқон мероси пурарзиши ин шахсияти тобноки миллатро бо тобишҳои нав кашф кардам.
Дар ҷодаи таърих ва таърихшиносӣ шахсиятҳое мисли алломаи Машриқзамин, академики Академияи илмҳои СССР ва Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ангуштшуморанд. Банда дар бораи эшон аз забони доктори илми таърих, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Аҳрор Мухторов қиссаҳои ҷолиб  шунидаам  ва  китобҳои  ба рӯзгору фаъолияти илмии академик Бобоҷон Ғафуров бахшидаи ин олими номиро хондаам. Сарфи назар аз ин, баъди озмуни «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаҳмидам, ки ҳанӯз аз баъзе паҳлуҳои зиндагиномаи аллома ноогаҳам. Озмуни мазкур барои ҳазорҳо ман баринҳо басо маълумоти ҷолибу мондагор дод дар шинохти хубтари ин фарзонафарзанди миллат.
Зимнан, баъди хатми донишгоҳ муяссарам гашт, ки бо хоҳари оқилу донои Бобоҷон Ғафуров Тоҷинисо Ғафурова дар Кумитаи  телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кунам. Тоҷинисо Ғафурова барои мо, журналистони ҷавон, на танҳо чун сармуҳаррири шуъбаи ҷавонӣ, балки модарвор ғамхору раҳнамо буданд.
30 сол муқаддам бо яке аз шогирдони Бобоҷон Ғафуров  таърихшиноси ҳинд Ливендра Каушник, ки ба Истаравшан  омада буд, шинос шудам ва қариб ду соат дар бораи аллома суҳбат кардем.
Солҳо гузаштанд, ин суҳбат дар бойгонии банда маҳфуз буд. Баъди воқиф шудан аз эълони озмуни рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо нашрия телефонӣ тамос гирифта, нияти аз ин хотираҳо мақолае навиштанро гуфтам. Масъулон розӣ шуданд. Ҳафтае нагузашта он дар «Ҷумҳурият» дарҷ гардид. Гузашта аз ин, ҳакамони озмун навиштаи бандаро низ бо туҳфаҳои рӯзнома ва раиси вилояти Суғд қадр карданд, ки аз ин баҳои баланд сипосгузорам.
Воқеан, ин дуюм мукофоти нашрия аст, ки насибам мегардад. Ҳанӯз соли 1975 рӯзнома, ки он давра бо номи «Тоҷикистони советӣ» нашр мешуд, ба ифтихори  30 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои беҳтарин очерку лавҳа озмун эълон карда буд. Очерки банда «Ашки шодӣ» дар бораи дорандаи ду ордени «Шараф» Шариф Тешаевро сазовори мукофот донистанд. 
Сайфулло МАҲКАМОВ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2018    №: 138    Мутолиа карданд: 153

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед