logo

ҳуқуқ

ҚОНУНГУЗОРИИ ЗАМИН. ВАЙРОНКОРОН БЕҶАЗО НАМЕМОНАНД

Масъалаҳои ҳуқуқию иҷтимоии марбут ба қонунгузории кишвар оид ба муносибат ба замин дар доираи як мизи мудаввар бо ширкати раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, судяҳо, намояндаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии замин ва геодезӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон ва ходимони илм дар Хонаи афсарони шаҳри Душанбе мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ зимни сухани ифтитоҳӣ  иброз дошт, ки гуфтугӯи рӯ ба рӯи имрӯза ба хотири баррасии мушкилоти мавҷуда, вижагиҳои қонун, мубоҳиса ва омӯхтани афкори ҷомеа ва ироаи пешниҳодоти ҷолиб барои барҳам задани ноҷӯриҳои марбут ба муносибат бо замин ташкил шудааст.
Дар шарҳи омилҳои камшавии заминҳои корами обӣ Холзода Бобишо Нарзулло, сардори шуъбаи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, гуфт, ки ба хотири пешгирӣ аз муносибати нораво ва ғайриқонунӣ ба замин аз 25-уми июни соли 2000-ум Фармони Президенти кишвар “Дар бораи ҳифз ва самаранок истифода бурдани заминҳои корами обӣ” қабул шудааст.
- Мувофиқи ин фармон аз ҳисоби заминҳои корами обӣ ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва иншооти ғайриистеҳсолӣ қанъиян манъ аст. Мутаассифона, шумораи қонуншиканиҳо дар ин самт аз ҷониби баъзе шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сол то сол меафзояд. Фақат соли гузашта дар ҷумҳурӣ  12 ҳазору 911 ҳолати вайронкунии қонунгузории вобаста ба замин дар майдони 48,7 ҳазор гектар ошкор гардид. Қонуншиканҳо 4 миллиону 159 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд. Ба Буҷети давлат аз ин ҳисоб 3 миллиону 480 ҳазор сомонӣ ворид шуд. 599 мавод ба мақомоти прокуратура ва 692 мавод ба суд барои додани баҳои ҳуқуқӣ ва ситондани маблағи ҷарима пешниҳод гардид. Дар 5 моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 6 ҳазору 440 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 3 ҳазору 975 гектар ошкор гардида, вайронкорон ба маблағи 2 миллиону 68 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Барои баҳои ҳуқуқӣ додан 398 мавод ба мақомоти прокуратура ва 161 мавод ба суд ирсол гардид, - гуфт Бобишо Холзода.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳангоми санҷиши давлатии иҷрои талаботи қонунгузорӣ оид ба замин дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Ҷаббор Расулов, Панҷакент, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Кӯлоб, Ҷалолиддини Балхӣ, Қубодиён, Рӯшон, Тоҷикобод ва Лахш қонуншиканӣ бештар ба мушоҳида расидааст. Тибқи иттилои масъулон, қонуншиканиҳои ҳамсон дар аксар шаҳру навоҳии мамлакат ҷой доранд.
Шаффоф тақсим нашудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, баҳсҳо оид ба ҷудо кардани саҳми замини хоҷагӣ, мушкилот дар ташкил кардани хоҷагии деҳқонӣ ва дастрасӣ ба ҳуқуқи истифодаи замин масъалаҳои дигареанд, ки мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр шуд, ки баррасии ин масоил ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ, идораҳои замин ва КФД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” вогузор мебошад. Мутаассифона, соли гузашта дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 10 ҳазору 543 гектар замини корам, аз ҷумла 8 ҳазору 823 гектар замини обӣ, аз гардиши кишоварзӣ берун монд. Омили асосии ин ноҷӯриҳо ташкили ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ дар замини корами обӣ ва лалмӣ арзёбӣ шуд. Заминҳои холимонда асосан ба шаҳру ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритуз, Ҷ. Балхӣ, А. Ҷомӣ, Истаравшан, Зафаробод, Мастчоҳ, Ашт, Рӯдакӣ ва Нуробод тааллуқ доранд. Боиси нигаронист, ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 28 ҳазору 727 гектар замин, аз ҷумла 23 ҳазору 598 гектар замини корами обӣ, ба заминҳои партов мубаддал гардидаанд.
Дар ҷараёни ҳамоиш таъкид шуд, ки масъулонро мебояд оид ба масъалаҳои марбут ба замин ва қонунгузорӣ бештар бо мардум, хусусан кишоварзон, вохӯриҳо гузаронанд ва барои боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии сокинони мамлакат талош  варзанд. Ва ҳар шаҳрванд бояд дар ёд дошта бошад, ки замин моликияти истисноии давлат аст.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2018    №: 138    Мутолиа карданд: 268

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед