logo

сиёсат

КАЪБАИ МАЪНӢ

Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо аҳли ҷомеаи кишвар мулоқоти судманде доир намуда, ҳамватанонро ба саховату меҳрубонӣ даъват карданд.
Аз ҷумла, дар суханронии Президенти кишвар таъкид шуд: «Ҳамасола аз шумораи умумии аҳолии сайёра бо сабаби норасоии об 3 миллиону 400 ҳазор нафар вафот карда, 31 фоизи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надоранд. Ғайр аз ин, қариб 800 миллион нафар аҳолии сайёра аз норасоии ғизо азият кашида, як миллиард нафар кӯдакон дар шароити қашшоқӣ зиндагӣ мекунанд ва бо ҳамин иллат ҳар сол 22 ҳазор нафар кӯдак вафот мекунад. Танҳо дар давраи ҷанги Сурия 12 ҳазор нафар кӯдак ба ҳалокат расида, шумораи муҳоҷирони дохилӣ ба 7 миллиону 600 ҳазор нафар расидааст. Дар маҷмӯъ, дар ҷанги Сурия то имрӯз 460 ҳазор нафар кушта шудааст. Имрӯзҳо дар 40 нуқтаи олам муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд, ки дар онҳо тақрибан 30 давлати дунё бевосита ё бавосита ширкат мекунанд».
Сарвари давлат аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки инсоният ба гирдоби нафсу манфиатҷӯйӣ мубтало гардида, худро тадриҷан аз олами табиат ҷудо менамояд ва бо муносибати ғайриоқилонаву нодуруст ба сарватҳои табиӣ, аз ҷумла обу хок ва олами наботот ба гаҳвораи ҳастии худ - Замин он қадар зарар ворид менамояд, ки оқибатҳои он пешгӯинашаванда ва фалокатборанд. Инсон дар 70 - 80 соли охир оламро ба дараҷае тағйир додааст, ки табиат тайи таҳаввули чандинмиллионсолааш ва тамаддуни инсонӣ дар зарфи мавҷудияти беш аз даҳҳазорсолааш чунин дигаргуниро надидааст.
Ин аст, ки одамон бояд сари муаммои зистан, сохтан ва обод намудани диёр андеша дошта бошанд. Пешвои миллат дуруст муайян намуданд, ки яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризму ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ ба шумор меравад. «Имрӯзҳо, - таъкид доштанд Сарвари давлат, - шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад. Онҳое, ки исломро ба василаи мубориза барои қудрат табдил медиҳанд ва даъвои ҳукумати ба ном исломӣ доранд, бехабаранд, ки дар ин роҳ имон, эътиқод ва виҷдонашонро бо ғаразҳои нопок омехта мегардонанд ва манбаи тарбияи инсони комилро аз даст медиҳанд».
Ин фикрҳо ҳақ асту рост! Ба дигар маънӣ, гурӯҳе аз душманон, ки шикамашон бо «нон»-и хоҷаҳои хориҷӣ сер аст, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки шабакаҳои интернетиро ба манфиати худ ва махсусан, вайрон кардани тафаккури ҷавонону наврасон истифода намоянд. Вале ақли солими падару модарон бояд ғолиб ояду фарзандони худро зери назорат дошта бошанд. Махсусан, дар ин шабу рӯз, ки наврасони мактабхони мо ба таътил баромаданд, волидайнро зарур аст, ки фарзандони худро ба корҳои манфиатдор ва таҳкимбахши шуурашон равона намоянд.
Сӯхтанҳову бо дард сухан гуфтанҳои Пешвои муаззами миллат барои худшиносии миллӣ, тарбияи инсони комил ва рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз аст, ки бояд ба қадри ин меҳрубониҳо расем!
Мӯсо ОЛИМҶОНОВ,
дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2018    №: 138    Мутолиа карданд: 241

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед