logo

Хабарҳо

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Инак, пас аз як моҳи рақобатҳои шадид мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон - 2018 дар Русия  ба охир расид. Бозии финалӣ дар варзишгоҳи «Лужники» - и шаҳри Москва миёни тимҳои миллии Фаронса ва Хорватия сурат гирифта, бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи фаронсавиҳо поён ёфт.
Боиси зикр аст, ки дақиқаҳои аввали бозӣ бо бартарияти  хорватиҳо гузашта бошад ҳам, тӯбро аввалин шуда фаронсавиҳо вориди дарвозаи ҳариф намуданд. Баъди қоидавайронкунии футболбозони хорватӣ, зарбаи ҷаримавиро Антуан Гризман иҷро намуд. Пас аз партофти ӯ ҳамлагари дас-таи ҳариф Марио Манджукич (дақиқаи 18 - ум) тӯбро бо сар дохили дарвозаи худ намуд. Баъди ин аз ҳуҷуми мунтахаби Хорватия шиддат гирифт ва онҳо муваффақ шуданд, ки дар дақиқаи 28-ум ҳисобро баробар созанд. Муаллифи гол Иван Перишич буд. Дар дақиқаи 38-ум  Антуан Гризман аз ҷаримагоҳи 11 - метра тӯбро вориди дарвозаи Субашич намуда, боз фаронсавиҳоро ба пеш баровард. Қисми якуми бозӣ бо ҳамин ба поён расид.
Дар нимаи дувуми дидор тими миллии Фаронса тавонист дар зарфи шаш дақиқа ду тӯбро вориди дарвозаи хорватиҳо намояд. Голҳоро  дар дақиқаҳои 59 ва 65 - ум Пол Погба ва Килиан Мбаппе заданд ва ҳисоб 4:1 шуд.
Дар дақиқаи 69 - уми дидор баъди иштибоҳи дарвозабони мунтахаби Фаронса Уго Лорис ба Марио Манджукич муяссар шуд, ки як голи ҷавобӣ занад. Дар дақиқаҳои боқимонда ҳисоб тағйир наёфт ва бо ҳамин пас аз гузашти бист сол мунтахаби Фаронса боз унвони чемпиони ҷаҳонро    ба даст овард.

Беҳтаринҳои Ҷоми ҷаҳон – 2018 инҳо дониста шуданд:
Лука Модрич – беҳтарин бозигари Ҷоми ҷаҳон – 2018 (Хорватия);
Килиан Мбаппе –  беҳтарин бозигари ҷавон;
Антуан Гризманн – беҳтарин бозигари сабқати финалӣ (Фаронса);
Беҳтарин дарвозабон –Тибо Куртуа (Белгия);
Ҳари Кейн – голандози беҳтарин, 6 гол (Англия).
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 165

18.12.2018


Баргузории барномаи фарҳангии «Сад ранги чакан»

Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз дидбонгоҳҳои сарҳадӣ

Ифтитоҳи маркази ташхису табобат дар шаҳри Хоруғ

Душанбе шукӯҳи идона мегирад

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. Ҷараёни 1/8 финал

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Сарвари низомиёни Покистон ҳукми қатли 15 террористро тасдиқ намуд

Соли 2018 дар дунё беш аз 110 журналист ба ҳалокат расид

Россия ва Чин ҷиҳати тағйирдиҳии атмосфера озмоиши муштарак гузаронданд

Дар Қазоқистон давоми 27 сол беш аз 130 миллион метри мураббаъ манзил сохтанд

17.12.2018


Баррасии масоили густариши ҳамкориҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти «Кӯкнор – 2018»

Вохӯрии Имомуддин Сатторов бо Вячеслав Павловский

ХАТЛОН. Ифтитоҳи 32 бунгоҳи тиббӣ

ШУҒНОН. 2 муассисаи таълимии нав сохта шуд

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Сифати таълим беҳтар мегардад

Қариб 200 кишвар маҷмӯи қоидаҳои созишномаи Парижро ҷонибдорӣ кард

Надя Мурод бо маблағи ҷоизаи Нобел беморхона сохтанист

Масоили марз дар маркази таваҷҷуҳи сарони ҳукуматҳои Ӯзбекистону Қирғизистон

«Зардпӯшҳо» ба Фаронса Ђ10 миллиард зиён оварданд

Дар Россия теъдоди маҳбусон ба ҳадди таърихӣ коҳиш ёфт

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед