logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Профессор Абдураҳмон Қодиров аз ҷумлаи донишмандонест, ки дар рушди илми кимиё, хусусан кимиёи органикӣ, биокимиё ва фармакологияи тоҷик нақши созгор дорад. Олими заҳматкаш ки ҳаст, маҳсули кораш кам нест. Дар соҳаи интихобнамудааш муваффақ асту миёни мардум  соҳибэҳтиром. Кору рӯзгори ин марди наҷиб барои ҳамагон намунаи ибрат асту метавон ба он пайравӣ намуд.
Фаъолияти илмӣ – амалии ӯ асосан барои созмон додани  маводи доруӣ ҷиҳати муолиҷаи  бемориҳои  ҷигар ва талхадон равона шудааст. Дар ин самт 23 патент ба даст оварда. Аз олимони дигар бо он тафовут дорад, ки ҷиҳати дар амал татбиқ шудани бозёфтҳояш пайваста талош мекунад. Маводи доруии омода намудааш дар асоси  баъзе стероидҳо ва  рустаниҳои шифобахши ватанӣ ҳосил шудаанд.
Чанде пеш таҳти роҳбарии ӯ кормандони Институти кимиёи ба номи В. И. Никитини Академияи илмҳо ба натиҷаҳои наве расиданд, ки онҳо барои ба вуҷуд овардани доруи  нави табобатӣ мусоидат намуданд. Номи маводи доруиро «Муъҷиза» гузоштанд. Он дар асоси 28 навъи рустании шифобахш, ки дар кишварамон мерӯяд, омода шудааст. 
- Дар дунё нафарони зиёд гирифтори бемории ҷигар ва санги талхадон мебошанд. Дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамасола наздики 1 миллион нафар гирифтори чунин беморӣ мешаванд. Аз рӯи мушоҳидаҳо маводи доруие, ки ҳоло барои табобати ин гуна  бемориҳо пешбинӣ шудааст, на ҳамеша натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Таҳлилу омӯзишҳои мо дар ин самт собит намуданд, ки рустаниҳои кишвари мо хосияти хуби шифоӣ доранд ва метавон аз онҳо барои бартараф намудани чунин бемориҳо дору омода намуд. Маводи доруии мо аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба бунияи инсон безарар мебошад,- мегӯяд А. Қодиров.
Ба иттилои мутахассисон «Муъҷиза» қобилияти хуби заҳрравонӣ, ҳал  намудани сангҳои талхадон ва  хусусияти барқарор намудани бофтаҳои ҷигарро дорад.
Барои омода намудани малҳами «Сино» аз 22, «Нақеи Ромит» - 16 ва «Фиттосуман» аз 23 навъи рустанӣ истифода намудааст. Бозёфтҳояш берун аз кишвар низ маълуму машҳуранд. Маводи доруии омоданамудааш «Триоин», «Урсолит», «Фитосуман» ва «Фитозид» барои хосияти баланди доруӣ доштанашон патенти АвруОсиёро сазовор гардидаанд. «Нақеи Ромит» ва малҳами «Сино» ҷоизаи тиллоии Ташкилоти байналмилалии моликияти зеҳниро соҳиб  шуданд.
А. Қодиров  ҳоло аз панҷ навъи рустанӣ малҳам барои ҷавон нигоҳ доштани пӯсти рӯй омода намуда истодааст, ки ин амал дар кишвар бори нахуст сурат мегирад.
– Ин охири кор нест. Дар кишвари мо рустаниҳои зиёди шифобахш вуҷуд доранд, ки аз онҳо метавон барои рафъи бемориҳои гуногун дору омода намуд ва ин аз нақшаҳои минбаъдаи мост, - мегӯяд А. Қодиров.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2018    №: 139    Мутолиа карданд: 268

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед