logo

иҷтимоиёт

ИСЛОМ. ҒАРАЗ НАБОЯД ҶОЙИ АСОЛАТРО ГИРАД

Агар аз нуқтаи назари фалсафа баҳо диҳем, дин ҳамеша шакли махсуси ҷаҳонбинии тавҳидиест, ки дар тӯли таърих қувваҳои муайяни сиёсӣ онро ба ҳадафҳои хеш истифода бурда бошанд ҳам, худи он поку беолоиш ва дар шакли қадимааш хешро ҳифз карда тавонистааст.
Дар асрҳои миёна мақсаду муҳтавои дини ислом ва мағзи фалсафаи он аз «муттаҳид намудан», «бо ҳам овардан» ва «бо ҳамдигар мушфиқу ғамхор намудани қавму миллатҳо» буд ва ҳоло ҳам бояд чунин бошад. Дар вуҷуди дини ислом тафриқа ва ҷудоиандозӣ вуҷуд надошт ва  надорад. Дини ислом амалҳоеро, ки боиси ранҷу машаққати мардуми бегуноҳ ва халқу миллатҳои ғайр гардад, намеписандад.
Мутаассифона, дар шароити муосир барои расидан ба мақсадҳои нопоку ғаразноки хеш аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу дар ғафлатмонда бо ваъдаҳои иқтисодию «охирати бофайз» чунин гурӯҳҳои хатарнок ташкил карда мешаванд.  
Пӯшида нест, ки дини ислом яке аз динҳои сермазҳабтарини дунё ба ҳисоб меравад. Кишварҳои абарқудрат барои ба даст овардани манбаъҳои иҷтимоӣ - иқтисодӣ аз ҳисоби нафти дунё, ки бештари ин манбаъҳо ба кишварҳои исломии - араб мансубанд, аз ҳама омили сода ва барои онҳо қуллайю дастрас, барангехтани низоъҳои динӣ - мазҳабӣ истифода мебаранд. Мисоли равшани он ҳодисаҳои солҳои охир дар  Сербия, Харватия, Ироқ, Сурия ва Яман рӯйдода мебошанд, ки қурбониҳои зиёдеро дар пай дошт.
 Масалан, дар яке аз оятҳои Қуръони карим омадааст, ки «…аз мушрикон мабошед аз онон, ки дини худро пароканда сохтанд ва гурӯҳ-гурӯҳ шуданд; ҳар гурӯҳ бо он чи назди ӯст, хурсанд аст!» (Рум,31).
Таърих гувоҳ аст, ки ҳаракат ва ё «давлати исломӣ» низ имрӯзҳо ба хотири ҷорӣ намудани «исломи ноб» зери шиори «ғазовот»-«ҷанги муқаддас барои дин» дар асрҳои охир пайдо гардидааст. Онҳо бо амалу рафтори хеш, зери васвасаи давлатҳои абарқудрат қарор гирифта,  мусалмонони зиёдеро, ки пайрави дигар мазҳабҳову фирқаҳо ҳастанд, аз ҳаёт маҳрум намуда истодаанд. 
Онҳо шартҳои одитарини ғазавоти исломро, ки зарар нарасондан ба заминҳои кишт, дарахтон ва таҷовуз накардан ба амволи мардум, қатл накардани мардумони беяроқ ва осоиштаю занону кӯдакон мебошад, намедонанд ва амалӣ онҳо оқибати ногувори иҷтимоӣ дорад.    
Магар таркондани одамони осоишта дар Афғонистон, ё қатли 49 нафар толибилмон дар муассисаи таълимии Покистон, дуздидани 150 нафар донишҷӯдухтар дар Нигерия, зинда сӯзондани ҳавонаварди суриягӣ ва 45 нафар тифли маъсум, сар буридани асирон дар Миср аз рӯи кадом дастур ва дину оин аст?    
Касе инкор карда наметавонад, ки «салафикунонӣ», «ваҳобикунонӣ» ва ба ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, динӣ ва мазҳабӣ ҷудо кардани мардуми кишварамон дар солҳои начандон дур кори «дӯстон» - и аҷнабӣ буд, ки сиёсати ҷудоиандозиро пеш гирифта буданд. Яке аз омилҳои асосӣ, ки ҳаракатҳои террористию ифротгароиро фаъол месозад, низоъ, ҷудоиандозӣ ва «парокандасозии неруҳои солими кишвар» мебошад. 
Омилҳои асосии мусоидаткунанда ба терроризм ва ифротгароии динӣ ин пеш аз ҳама огаҳ набудани қисми зиёди аҳолӣ, махсусан ҷавонон аз манбаъю сарчашмаҳои боэътимоди таълимоти динӣ, таълими ғайриқонунии динии ҷавонон дар хориҷи кишвар, надонистани арзишҳои аслии ислом ва хусусияти гуманистии он  мебошад.
Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд: «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».
Сарвари давлат дар суханрониашон таъкид менамоянд, ки «терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст». Пешгирии амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти дахлдори давлатӣ, аҳли зиё ва ниҳоят вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат мебошад.        
Бояд ҳадафи ҳокимият ва дин дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ як бошад: таъмин ва пойдории сулҳ, тарбияи насли бофарҳанг, рушди комёбиҳои илмӣ, техникӣ ва технологӣ, озодӣ ва ваҳдати ҷомеа. Дин ва ҳокимият ҳамеша бояд дар ҳамкорӣ ва дастгирию мадади ҳамдигар фаъолият намоянд. Ин ҳамдигарфаҳмӣ боиси аз байн рафтани амалҳои номатлуби асри ХХI хоҳад гашт.
Фарзонаи ҶАМШЕД,
ходими илмии ПРМ ба номи А.Ҷомии АТТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2018    №: 139    Мутолиа карданд: 109

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед