logo

иҷтимоиёт

БОЗОРИ ФАРМАСЕВТӢ. ҶАНБАҲОИ МУХТАЛИФИ ЯК СОҲА

Аз нигоҳи назарияи муносибатҳои бозаргонӣ талабот ва пешниҳод бозори истеъмолиро ба низом медароранд. Вале, дар фаъолияти фармасевтӣ чунин нест: истеҳсол, воридоту фурӯши дорувории барои ҳаёт муҳим дар асоси омӯзиши сатҳи гирифтории аҳолӣ ба бемориҳо ба нақша гирифта мешавад. Банақшагирии ин амалро бояд сохторҳои дахлдор анҷом диҳанд.
Ҳангоми дуруст ба нақша нагирифтани воридот ва истеҳсоли доруворӣ дар бозори фармасевтии ҷумҳурӣ метавонад ҳаҷми аз ҳад зиёди дору пайдо шавад. Истифодабарандагони доруворӣ асосан беморон ҳастанд ва вобаста ба гирифтории аҳолӣ ба он ҳаҷми муайяни дору истифода мешавад, яъне ин бозор беандоза нест. Дору, инчунин, муҳлати истифода дорад.
Бемор ба доруе эҳтиёҷ дораду ин дору дар дорухонаҳои ҷумҳурӣ нест. Яъне дар натиҷаи ба нақша нагирифтани воридоти дору дастрас  будани дору ба эҳтиёҷманд таъмин карда намешавад. Ё ин ки ҳангоми кам ворид намудан доруи лозима бо нархи гарон фурӯхта мешавад.
Кам ё зиёд омода намудани мутахассисони соҳаи фармасевтӣ низ  метавонад ба сатҳи хизматрасонӣ таъсири манфии худро расонад. Ҳолати бад ҳангоми аз ҳад зиёд омода намудани мутахассисон ба вуҷуд меояд. Таносуби кормандони соҳаи фармасевтӣ низ аз истеъмолкунандагони доруворӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳар чи зиёд гаштани миқдори кормандони соҳаи тиб ва фармасевтӣ ба зиёд гаштани ҳаҷми хароҷоти буҷети соҳа ва оилаҳо оварда мерасонад.
Истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ ин меҳнати зеҳнӣ аст. Таҳияи технологияи истеҳсоли як намуд доруи генетикӣ дониши мукаммали тахассусӣ, маблағ ва вақти зиёдро талаб менамояд. Фаъолияти зеҳнӣ ин муаррификунандаи сатҳи маънавии ҳар як давлату миллат аст. Ширкатҳое, ки ба ин фаъолият даст задаанд, бояд ҳамаҷониба дастгирӣ карда шаванд. Дар навбати аввал имконият фароҳам овардан лозим аст, ки ширкати истеҳсолкунандаи маҳсулоти фармасевтӣ дар бозори кишвар мавқеъ пайдо намояд. Сохторҳои давлатӣ бо истифода аз фишангҳои танзимкунанда, инчунин, ба роҳ мондани кор бо воридкунандагони маҳсулоти фармасевтӣ ва истеҳсолкунандагони ватанӣ метавонанд ин масъалаи муҳимро ҳал намоянд.
Миқдори дорухонаҳо ва ҷойгиршавии онҳо низ метавонад ба сифати хизматрасонӣ, нархгузорӣ, дастрас будани доруворӣ таъсири худро расонад. Баръакси асосҳои иқтисоди бозаргонӣ миқдори зиёди дорухонаҳо ва наздик ҷойгир будани онҳо метавонад хизматрасонии соҳаро бад намуда, ба рақобати носолими онҳо оварда расонад. Дорухонаҳоро соҳибкорон дар навбати аввал барои гирифтани манфиати иқтисодӣ бунёд менамоянд. Дар навбати худ, бозори фармасевтӣ меъёри муайян вобаста ба гирифтории аҳолӣ ба бемориҳоро дорад. Вақте ки дорухонаҳо зиёд ва наздик ҷойгир шудаанд, наметавонанд он даромадеро, ки дар нақша доранд, ба даст биёранд. Аз ин рӯ, рақобати носолим пайдо гардида, аз ҳад паст намудани нарх бо мақсади зиёд фурӯхтан ва баланд мондани нарх бо мақсади ҳар чи зиёд даромад гирифтан ба вуҷуд меояд.
Бақайдгирии маҳсулоти фармасевтӣ бошад, яке аз талаботи асосии назорати гардиши доруворӣ ва таъмини сифати он мебошад. Солҳои пешин Ҷумҳурии Тоҷикистон ниёз дошт, ки ширкатҳои истеҳсолкунандаи хориҷӣ маҳсулоти худро дар кишвар ба қайд гирифта,  воридот намоянд. Имрӯзҳо ин эҳтиёҷ аз байн рафтааст. Дар оянда сохторҳои дахлдор бояд бақайдгирии дорувории истеҳсоли хориҷиро дар асоси таҳқиқи имкониятҳои истеҳсолии ширкатҳои хориҷӣ ба роҳ монанд. Аз ин лиҳоз, ба мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим меояд, ки ҳар сол дар асоси дурнамо (ба ҳисоб гирифтани ҳама омилҳо) талаботи аҳолӣ ва муассисаҳои тиббиро ба дору муайян намоянд. Дар асоси ин дурнамо ба ширкатҳои истеҳсолкунандаи доруи ватанӣ ҳамкорӣ карда, аз рӯйхати дурнамо кадом миқдор доруҳоро онҳо метавонанд истеҳсол кунанд ва он миқдоре, ки дар ҷумҳурӣ имконияти истеҳсолаш нест, ба ширкатҳои дорусозии хориҷӣ фармоиш дода шавад. Аммо, истеҳсол ва фурӯши доруи ватанӣ дар мадди аввал бояд бошад. Бо назардошти ин ҳама, рушди соҳаи дорусозии ватанӣ ва бо дору таъмин кардани аҳолӣ ва муассисаҳои тиббии ҷумҳуриямон ба танзим дароварда мешавад.
Д. ХАЛИФАЕВ,
доктори илмҳои фармасевтӣ, профессор, 
Ф. САЙФУЛЛОЕВ,
номзади илмҳои тиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2018    №: 139    Мутолиа карданд: 117

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед