logo

туризм

ИСТАРАВШАН – МАКОНИ САЙРУ САЁҲАТИ ФАРОҒАТӢ ВА ТАБОБАТӢ

Сабаби соли 2018 - ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани фарҳанги миллати куҳанбунёдамон ва сарзамини биҳиштосоямон мебошад.

Дар ҳақиқат, Ватани маҳбубамон бо мардуми ҳунарманд ва табиати биҳиштосояш мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони кишварҳои гуногуни олам қарор дорад. Ва яке аз шаҳрҳои диёри афсонавиамон, ки таърихи бою пурғановат ва манзараҳои зебо дорад,  Истаравшан аст.
Бояд гуфт, ки дар бораи маънои Истаравшан ривоятҳои зиёде мавҷуданд. Яке аз онҳо чунин  аст:  «Духтари шоҳи Эронзамин – Равшан  бемор мешавад. Табибон маслиҳат медиҳанд, ки барои шифо ёфтан, ӯро бояд ба маконе баранд, ки иқлимаш муътадил бошад. Шоҳдухтарро бо корвони калоне ба сафар гусел мекунанд ва огоҳ месозанд, ки ҳар ҷое шоҳдухтар худашро хуб эҳсос кунад, зуд хабар диҳед. Якчанд муддат мегузарад ва рӯзе ба шоҳ хабар медиҳанд, ки духтаратон  ба макони хушобу ҳаво расида ва дар он ҷо саломатиаш рӯз ба рӯз беҳтар мегардад. Баробари инро фаҳмидан, шоҳ нидо мебарорад: «Ист,  Равшан»».
Воқеан, шаҳри Истаравшан дорои ҳавои софу беғубор ва чашмаҳои табобатӣ буда, барои ривоҷи сайёҳии экологӣ ва солимгардонӣ имкониятҳои фаровон дорад. Ҳоло дар шаҳр осоишгоҳҳои «Ҳавотоғ», «Ӯротеппа», «Авис Сити», «Авитсенаи Истаравшан» ва «Шифо» фаъолият менамоянд, ки миёни сайёҳон маъруфияти зиёд доранд.  Махсусан, осоишгоҳи «Ҳавотоғ» бо обҳои шифобахши худ дорои шуҳрати беандоза мебошад ва дар он бемориҳои урологӣ, асаб, экзема, пӯст, артрид, радикулит ва зоб табобат карда мешаванд.
Ба ҷуз ин, иқтидори сайёҳии фарҳангӣ – таърихии шаҳр низ бузург аст. Зеро дар он 150 ёдгории бостонӣ мавҷуд аст, ки бо санъати баланди меъморӣ бунёд гаштаанд, дили ҳар бинандаро тасхир месозанд. Ҳамзамон, солҳои соҳибистиқлолии кишвар иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, ки ба зебоии шаҳр ҳусни дигар зам намуданд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки  бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон  дижи қадимаи Истаравшани бостонӣ – Қалъаи Муғ таҷдиду азнавсозӣ гашта, намои худро ба куллӣ тағйир дод. Қалъа деворбандӣ карда шуда, дар он амфитеатр бо 6000 ҷойи нишаст ва қариб 100 дукони ҳунармандӣ сохта шуд.
Бешубҳа, ояндаи соҳаи сайёҳии шаҳри Истаравшан неку дурахшон аст ва корҳои созандагиву ободонӣ, ки дар он идома доранд, сол ба сол теъдоди туристони дохиливу хориҷиро ба ин шаҳри бостонӣ бештар хоҳад кард.
Сайфулло МАҲКАМОВ,  рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2018    №: 139    Мутолиа карданд: 442

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед