logo

фарҳанг

2018. СОЛЕ, КИ ҲУНАРҲОИ ҲАЗОРСОЛА ЭҲЁ МЕШАВАНД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ соли 2018 - ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуда, дар ин самт як қатор имтиёзу ташаббусҳои наву созандаро ба роҳ монданд.

Сайёҳӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, соҳаи афзалиятнок ва даромаднок ба  ҳисоб меравад. Ин соҳа, инчунин, сарчашмаи таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор аст. Ҳар сол дар ҷаҳон зиёда аз 20 миллион нафар дар ташкилотҳои сайёҳӣ (туризм) бо кор таъмин мегарданд. Рушди туризм, аз ҷумла ба соҳаҳои нақлиёт (ба муносибати соли рушди сайёҳӣ дар кишвар якчанд ширкатҳои нақлиёти мусофиркашонӣ (таксӣ) ба фаъолият шурӯъ карданд), савдо, сохтмон, хоҷагии қишлоқ, истеҳсоли маводи ниёзи мардум ва дар ин раванд ҳунарҳои мардумӣ, ки хосси ин ё он минтақа мебошанд, аз мадди назар дур намемонад. Рушди сайёҳӣ ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Барои рушди ин соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои иншооти соҳаи сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд. Ҳамчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод гардидааст.
Тибқи арзёбии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози низоми содаи гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ дар рӯйхати панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол менамояд. Аммо, сатҳи иҷрои корҳо дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла ҷиҳати бунёди иншоот ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ҳамоно беҳбудӣ металабад. Ҳар кадоми моро зарур аст, ки барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани таъриху тамаддун ва фарҳанги худ кӯшиши бештар намоем.
Бояд таъкид намуд, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд карда, сатҳу сифати хизматрасониро дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монем.
Ёдовар мешавем, ки мардуми тоҷик аз қадим ба ҳунармандӣ, аз қабили кулолгарӣ, гаҷкорӣ, чӯбкорӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва амсоли инҳо шуғл доштанд ва онҳоро аз насл ба насл мерос гузоштаанд. Барои мисол, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон устоҳои моҳири чӯбтароше ҳастанд, ки дар дохил ва хориҷи кишвар ҳунару фарҳанги тоҷикро муаррифӣ мекунанд.
Бовар аст, ки эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ба эҳё гардидани ҳунарҳои мардумии ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта замина гузошта, ба ҳунармандон завқу неруи тоза мебахшад.
Ҳотам РАҶАБЗОДА,
раиси суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2018    №: 139    Мутолиа карданд: 169

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед