logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ МУҲИМТАРИН ДАСТОВАРД ДАР ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Дар шароити бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон таъмини реҷаи ягонаи қонуният ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беш аз пеш аҳамияти аввалиндараҷа пайдо менамояд.

Дар қатори дигар механизмҳои миллӣ, нақши муҳимро дар ҷодаи таъмини низоми қонуният ва волоияти қонун дар кишвар мақомоти прокуратура иҷро менамояд. Мавриди зикр аст, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ заминаҳои боэътимоди ҳуқуқӣ ва ташкилӣ барои рушду инкишофи фаъолияти мақомоти прокуратура фароҳам оварда шуданд. Танҳо дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ бо назардошти зарурат ва тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ се маротиба (солҳои 1992, 1996 ва 2005) оид ба фаъолияти мақомоти прокуратура қонунҳои алоҳида қабул шуданд.
Зимни мулоқот бо кормандони мақомоти прокуратура Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мавқеи мақомоти прокуратура чунин зикр карда буданд:
«Прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст...»
Воқеан, ин ниҳод яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии он таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст. Ин мақомот тавассути ба амал баровардани назорати прокурорӣ иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳоро дар кишвар таъмин менамояд. Мақомоти прокуратура дар баробари назорати риояи қонунҳо ва ҳифзи сулҳу субот ва амният дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми босазо дорад.
Дигаргуниҳои демократие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ ба вуқӯъ пайвастанд, барои интихоби самт ба эъмори давлати ҳуқуқбунёд, эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ муосидат намудаанд. Баланд бардоштани нақши мақомоти прокуратура ҳамчун мақомоти ягонаи назоратӣ дар мустаҳкамшавии қонуният ва тартиботи ҳуқуқии кишварамон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандон замина мегузорад.
Кормандони мақомоти прокуратура минбаъд низ барои боз ҳам пурзӯр намудани назорати прокурорӣ баҳри таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи муҳимтарин дастовард дар таърихи миллат, яъне Истиқлолияти давлатӣ саҳми худро хоҳанд гузошт.
Сарвар ОРИФЗОДА,
ёрдамчии прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мушовири адлияи дараҷаи 2


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2018    №: 139    Мутолиа карданд: 305

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед