logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар хиёбони Ҳофиз, ш.Душанбе, 5 ноябри соли 2009

Ҳозирин ва устодони мӯҳтарам!
Шогирдон ва фарзандони азиз!
Шумо дар хотир доред, ки моҳи июни соли равон мо дар ҳамин маҳалла якчанд бинои баландошёнаи истиқоматиро ба истифода дода будем.
Имрӯз ба хотири мукаммал гардонидани маҷмааи истиқоматии хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фарзандони аҳолии он дар остонаи 15-умин солгарди Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки воқеан яке аз рукнҳои давлатдории мустақили миллиамон мебошад, мавриди истифода қарор гирифтани боз як муассисаи нави таълимӣ рамзи нек аст.
Аз ин лиҳоз, ҳамаи шуморо ба ифтихори 15-умин солгарди қабули санади тақдирсози халқамон, яъне Конститутсия ва ҳам ба муносибати ифтитоҳи ин мактаби муҷаҳҳази замонавӣ самимона муборакбод менамоям.
Воқеан, дар ҳама давру замон омӯхтани илму дониш ва маърифатпарварӣ ҳамчун омилҳои муҳимтарини пешрафту тараққиёти ҳар як халқу миллат ба ҳисоб меравад. Алалхусус имрӯз, яъне дар ибтидои асри бистуякум, ки пешрафти илму техника ва технология босуръат ҷараён дорад ва ҳар рӯз дар ҳаёти башарият тағйироту таҳаввулот ба мушоҳида мерасад, ин масъала аҳамияти даҳчанд пайдо кардааст.
Бо дарназардошти ин нукта ва зарурати фарогирии наслҳои наврасу ҷавон бо раванди омӯзиши илму маърифат давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳаи маорифро ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ шуморида, барои таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ворисони сазовори миллат ҳамаи имкониятҳои худро равона кардааст.
Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе дар зарфи панҷ соли охир 5 мактаб бунёд гардида, як қатор мактабҳо таъмиру азнавсозӣ карда шудаанд ва дар назди онҳо даҳҳо синфхона ва корпусҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода шуд.  Дар баробари ин, заминаи моддиву техникии аксари таълимгоҳҳо сол ба сол беҳтар мегардад. Ҳоло муассисаҳои таълимӣ бо 136 ҳазор нусха китобҳои дарсӣ, асбобу ашёи таълим ва таҷҳизоти мактабӣ таъмин карда шудаанд ва ҳамаи муассисаҳои таълими умумии пойтахт бо техникаи компютерӣ пурра таъмин гардидаанд.
Бояд гуфт, ки дар маҷмӯъ, ба соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар муддати панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ 206 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Дар айни замон Ҳукумат бо мақсади беҳтар кардани шароити моддии омӯзгорон ва баланд бардоштани маоши онҳо ҳамасола  ғамхорӣ мекунад ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Ҳоло дар пойтахти кишвар 235 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 131 мактаби таҳсилоти умумӣ, 19 литсей ва гимназия фаъолият мекунанд ва шумораи умумии хонандагони онҳо қариб 167 ҳазор  нафарро ташкил медиҳад.
Ғайр аз ин, дар ҳудуди пойтахт 106 муассисаи томактабӣ вуҷуд дорад, ки дар онҳо 16 500 нафар кӯдак ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон бо ин, 11 муассисаи хусусии томактабӣ бо фарогирии 500 нафар кӯдак кору фаъолият доранд. 
Ҳоло дар доираи татбиқи корҳои ободониву созандагӣ на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар тамоми қаламрави мамлакат бунёду азнавсозии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва бо таҷҳизоти зарурии таҳсил, аз ҷумла компютерҳо таъмин кардани онҳо вусъат ёфтааст, ки мактаби имрӯза низ аз ҷумлаи онҳост.
Бояд зикр кард, ки сохтмони бинои мазкур ҳанӯз дар замони шӯравӣ оғоз гардида, бо сабабҳои гуногун нотамом монда буд.
Азбаски дар ин маҳалла дар тӯли ду соли охир чандин биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ба хотири фаро гирифтани фарзандони сокинони онҳо ва дигар маҳаллаҳои шаҳр бинои мазкур бо дарназардошти талаботи замон азнавсозӣ гардид ва имрӯз дар он ҳамаи шароити зарурӣ ташкил карда шудааст.
Сохтмони бинои мактаб аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ, ки қариб 12 миллион сомониро ташкил медиҳад, ба анҷом расонида шуд.
Ин муассисаи таълимӣ аз се ошёна, 33 синфхона, се синфи компютерӣ, устохонаҳои дуредгариву челонгарӣ, дӯзандагӣ, китобхона, нуқтаи тиббӣ, ду толори варзиш, ошхона ва майдончаи варзишӣ иборат мебошад, яъне барои 1300 нафар хонанда ҳамаи шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Бо истифода аз фурсат, ба сохтмончиёну пудратчиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин муассисаи замонавии таълимӣ саҳм гузоштаанд, арзи сипос менамоям. Итминони комил дорам, ки ин мактаб дар оянда ба яке аз марказҳои намунавии таълиму тарбияи пойтахти кишварамон табдил меёбад.
Дар баробари ин, мехоҳам як нуктаро хотирнишон созам: падару модарон ва муаллимону устодон бояд ба фарзандон ва шогирдони худ ҳамеша талқин намоянд, ки онҳо ба қадри ғамхорӣ ва маблағҳои сарфкардаи давлат расанд, илму дониш омӯзанд ва дар оянда қарзи фарзандиашонро дар назди Ватани азизи худ-Тоҷикистони соҳибистиқлол бо хизмати арзанда адо карда тавонанд.
Ҳадафи асосии мо низ аз таваҷҷӯҳи доимӣ ба соҳаи маориф фарогирии ҳамаи кӯдакону наврасон ба таҳсил, омӯзонидани донишҳои гуногун ва муҳимтар аз ҳама, бедор кардани қобилияти фитрӣ ва зеҳнии онҳо мебошад, зеро шогирдони имрӯза кадрҳои ояндаи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаи кишварамон мебошанд.
Яъне ҳар кадоми шумо-хонандагони азизи мо, дар давоми 11 соли таҳсил аз кӯдаки хурдсол то навраси баркамол ба воя расида, баъди хатми мактаб ҳамчун шахси мустақил роҳи ояндаи худро муайян мекунед.
Дар шароити имрӯза мамлакати мо барои соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба кадрҳои баландихтисоси миллӣ ниёз дорад. Бо дарназардошти ин нукта вазифаи асосии шумо-хонандагон, пеш аз ҳама омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар, аз худ кардани забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин дастовардҳои техникаву технологияи муосир мебошад.
Мо барои шумо ҳамаи шароити таҳсилро фароҳам меорем ва аз шумо фақат хубу аъло таҳсил кардан ва соҳиби илму ҳунар шуданро талаб дорем. Вале соҳиби касбу маълумот шудан ҳанӯз ҳадафи ниҳоӣ нест. Донишу маърифат пеш аз ҳама бо одоби баланд, ахлоқи ҳамида ва маънавиёт тавъам аст. Танҳо дар ҳамон сурат шахсияти комил ба воя мерасад, яъне шахсияте, ки ватандӯсту миллатпарвар аст ва ҳамзамон арзишҳои эътирофшудаи аҳли башарро қадр мекунад ва дар доираи қадршиносии ин арзишҳои воло кору зиндагӣ менамояд.
Дар навбати худ давлату Ҳукумат аз шумо - масъулони соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва умуман тамоми кормандони соҳаи маориф тақозо менамояд, ки ба масъалаи мунтазам ва ҷиддан баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ҳамчун вазифаи ҷонии худ ва ҳадафи афзалиятноки давлат муносибат намоед.
Албатта, дар баробари мактаб ва омӯзгорон бешак падару модарон дар тарбияи фарзанд масъулияти бевосита доранд. Махсусан, дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия намудани фарзандон, пеш аз ҳама, вазифаи муқаддас ва қарзи шаҳрвандии волидон мебошад.
Падару модарон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки бо тарбияи фарзанди босаводу соҳибмаърифат барои ояндаи худ саҳмгузорӣ мекунанд, зеро аз одам фарзанд мемонад ва албатта кӯшиш бояд кард, ки фарзанд номи неки падару модар ва дар ниҳояти кор номи неки миллати хешро пос дорад ва худаш низ ба номи нек сазовор гардад.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар баробари пешрафтҳои зикргардида ва корҳои анҷомдодашуда дар соҳаи маорифи шаҳри Душанбе баъзе проблемаву мушкилот вуҷуд доранд, ки ҳаллу фасли онҳо вазифаи роҳбарони Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мебошад.
Яке аз масъалаҳое, ки то вақтҳои наздик дар шаҳри Душанбе эҳсос мегардид, нарасидани омӯзгорон буд. Ҳоло ин масъала қариб пурра ҳал шудааст.  Вале дар баъзе мактабҳои пойтахт ҳанӯз ҳам нарасидани мизу курсӣ, тахтаи синфӣ ва таҷҳизоту лавозимоти дигар ба назар мерасад. Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супориш дода мешавад, ки то соли нави хониш барои пурра бартараф кардани мушкилоти зикршуда чораҳои муассир андешанд.
Масъалаи дигаре, ки мехоҳам бо истифода аз фурсат бори дигар таъкид ва хотирнишон намоям, вобаста ба рафтору одоб ва ташаккули ҷаҳонбинии шогирдони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад. Чанд вақт пештар дар байни хонандагон ба ҷои дарсхонӣ пӯшидани либосҳои қимат ва намоиши сарвату дороӣ расм шуда буд. Мо пеши роҳи ин падидаи ношоямро гирифта, дар макотиби таҳсилоти умумӣ сару либоси ягонаро ҷорӣ кардем ва ин иқдом дар ҷомеа хуш пазируфта шуд. Зеро шогирди мактаби миёна имрӯз бояд дарс хонад, саводу дониш омӯзад, то ин ки оянда мутахассис шавад ва зиндагии худро аз рӯи касбу кори муайян пеш бурда тавонад.
Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ дар муддати 18 сол мардум эътиқоди динии худро бемамониат адо карда истодаанд. Алалхусус эълон гардидани соли Имоми Аъзам дар рӯҳияи мардум таҳаввулоти беназир ба вуҷуд овард ва ба рушди маърифати солими динӣ такони сахт бахшид.
Дар ин давра, ба хотири тарбияи наслҳои босаводу хушахлоқ ва аз таълимоти ислом бохабар, мо тасмим гирифтем, ки дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар омӯзиши таърихи адён ва маърифати диниро низ ҷорӣ кунем. Дар айни замон бори дигар таъкид месозам, ки вазифаи шогирди мактаб, пеш аз ҳама, омӯхтани илму дониши замонавӣ, забономӯзӣ ва азхуд кардани дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир мебошад. Ман инро дар Паёми имсолаам ба парламенти мамлакат низ таъкид карда будам. Зеро бидуни ин ягон кишвари дунё пеш намеравад ва бинобар ин, мо соли ояндаро Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон кардем.
Ҳозирини гиромӣ!
Зиёда аз ду сол инҷониб дар Тоҷикистон Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад ва ҷашну маъракаҳои мардум дар доираи муқаррароти он гузашта истодаанд.
Таҳлилҳои то имрӯз мавҷуда нишон медиҳанд, ки дар доираи қонун баргузор кардани маъракаву чорабиниҳо ба буҷети оила манфиати зиёд оварда, маблағҳои сарфшуда барои беҳтар таъмин гардидани паҳлӯҳои гуногуни рӯзгор, аз ҷумла хониши фарзандон ва умуман таълиму тарбияи онҳо масраф шуда истодаанд.
Вале ҳанӯз ҳам аз ҷониби баъзе ашхоси сарватманд ва мансабдор талаботи қонуни мазкур риоя карда намешавад. Чунончи, танҳо дар нӯҳ моҳи соли равон аз ҷониби масъулони бахши танзими расму анъана дар пойтахт қариб 30 қонуншиканӣ ба қайд гирифта, 50 ҳолати дигар пешгирӣ карда шудааст, ки ин боиси ташвиш аст.
Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар ташкилоту идораҳои дахлдори давлатӣ вазифадоранд, ки дар самти пешгирӣ намудани чунин зиёдаравию исрофкорӣ ва қонунвайронкуниҳо чораҳои қатъӣ андешанд.
Бори дигар ба ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, падару модарон ва тамоми сокинони кишвар хотиррасон менамоям, ки иҷрои муқаррароти қонуни мазкур барои ҳама ҳатмист.
Мову шумо вазифадорем, ки ба фарзандони худ, яъне ба онҳое, ки ҳамаи зиндагиашон дар пеш аст, ғайр аз тарбияи хуб, саводу дониш, инчунин дарси сарфаю сариштакорӣ ва итоат ба қонунро низ омӯзонем.  
Имрӯзҳо, ки ҳаво сард шуда истодааст, талабот ба нерӯи барқ меафзояд. Аз ин рӯ, ҳар як оила, роҳбари корхона ва умуман ҳар шахси солимфикр вазифадор аст, ки ба хотири сарфаи нерӯи барқ ва таъмини Фармони Президенти мамлакат дар хусуси гузаштан ба истифодаи лампаҳои камммасраф ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ чораҳои амалӣ андешад. Зеро шаҳри Душанбе яке аз марказҳои калони саноатӣ ва дар айни замон сераҳолии кишвар буда, татбиқи фармони мазкур метавонад, аз як тараф маблағи сокинони кишварро сарфа намояд, аз ҷониби дигар барои дар фасли зимистон бо нерӯи барқ ҳарчи беҳтару бештар таъмин намудани мардум мусоидат намояд.
Дар охир бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мактаби наву замонавӣ табрик намуда, ба ҳар кадоматон тандурустӣ, саодати рӯзгор ва ба шогирдони ин муассисаи навбунёди таълимӣ хониши хубу аъло орзу менамоям.
Бо истифода аз фурсат хотирнишон месозам, ки мо дар остонаи 15-солагии қабули Қонуни асосии кишвар – Конститутсия қарор дорем, ки бе чунин қонун ягон давлати дунявӣ ва мутамаддин вуҷуд дошта наметавонад. Ва ин санади муқаддас, ки бевосита аз ҷониби мардуми Тоҷикистони азизи мо қабул шудааст ва роҳи ояндаи давлати моро ба таври бебозгашт муайян намудааст, воқеан рӯйдоди муҳими таърихӣ мебошад.
Ҳамаи шуморо ба ин муносибат табрик мегӯям ва пешниҳод менамоям, ки мактаби тозабунёди таҳсилоти миёнаи умумии хиёбони Ҳофиз “15-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” номгузорӣ шавад.
Инчунин,  ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур медиҳам, ки яке аз кӯчаҳои пойтахти кишварамонро низ чунин номгузорӣ кунанд, зеро ин нишони эҳтиром ба Қонуни асосии давлат хоҳад буд.
Ҳамеша хушбахту саломат бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 818

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед