logo

фарҳанг

ПАЖӮҲИШИ ТОҶИКШИНОСӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

Китоби «Забони миллат - ҳастии миллат» (2016, китоби якум), ки ба қалами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, аз пешгуфтор, шаш боб ва хулосаву китобнома иборат буда, ба муҳимтарин масъалаҳои забони модариамон - забони тоҷикӣ, хусусан таърихи он, бахшида шудааст.
Сухан дар ин навишта махсус аз боби дувуми китоб мебошад, ки «Саргузашти таърихии вожаи «тоҷик» ва «забони тоҷикӣ» ном дорад. Он аз муҳимтарин бобҳои китоби мазкур буда, аз панҷ бахш: «Истиқлол ва масъалаҳои тоҷикшиносӣ», «Муродифҳои вожаи «тоҷик», «Хостгоҳ ва меҳани забони тоҷикӣ», «Замони пайдоиши забони тоҷикӣ», «Номи забони мо» иборат мебошад. Муаллиф дар ин боб ва бахшҳои он ба муҳимтарин ва доғтарин мавзӯъҳои илми забоншиносӣ, чи дар асри гузашта ва чи имрӯз, таваққуф намуда, ба далелу бурҳони зиёд аз саргузашти вожаи «тоҷик», «забони тоҷикӣ», муродифҳои он, хостгоҳ, замони пайдоиш, бо як сухан - номи забони модариамон равшанӣ андохтааст. Мутолиаи ин боб, ки ба тақдири миллат ва кишвар ихтисос мегирад, барои худшиносӣ ва парвариши рӯҳи миллӣ маводи судманду омӯзанда ва раҳнамову ҳушдордиҳанда медиҳад, зеро имрӯз низ (мисли аввали асри гузашта) неруҳои муайян ва ашхоси роҳгумзадае мавҷуданд, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам хориҷ аз он дар атрофи номи тоҷик, забону адабиёти тоҷик, алифбои кириллӣ иғво ангехта, жожхоӣ менамоянд. Аз ин хотир, ин боб, ба фикри мо, боби калидӣ ва муҳими китоб буда, мутолиаи мукаррар ва бодиққатро тақозо менамояд, зеро муваззафем, ки ба ин даъвогарон, ки имрӯз мехоҳанд ба ҷои забони модарӣ - забони тоҷикӣ истилоҳоти бегонаеро ҷорӣ намоянд, ҷавоби дурусту дандоншикан бидиҳем ва баҳри устувор кардани пояҳои давлати миллию демократӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлол бикӯшем ва бад-ин васила ҳувият ва ҳастии миллии худ-ро таҳким бибахшем. Дар ин роҳ мутолиаи осори илмиву адабиву таърихиву тадқиқӣ, ки ба таърих, забон, фарҳанг ва адабиёти миллат бахшида шудаанд, аз ҷумла китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат - ҳастии миллат», ба мо кумаки фаровон мекунад ва дари худшиносиву худогоҳиро ба рӯямон боз, яъне моро ба таърихи забони модариамон, тақдир ва ҷойгоҳи он беҳтару хубтар ошно менамояд.
Мутолиаи ин боб ва бахшҳои он нишон медиҳад, ки муаллиф дар бораи истиқлол, илми тоҷикшиносӣ, пажӯҳиши вожаи «тоҷик» ва забони тоҷикӣ, ки на танҳо аҳамияти илмиву адабиву забоншиносӣ, мардумшиносӣ, балки аҳамияти сиёсиву иҷтимоиву давлатӣ ва миллӣ доранд, бо камоли диққат ва масъулияти баланд изҳори назар менамояд. Хусусан, зарурати илми «тоҷикшиносӣ»-ро, ки дар асри гузашта шурӯъ шуда буд, дар шароити имрӯзаи кишварамон, ки ба устувор кардани пояҳои истиқлолият ихтисос мегирад, ба миён мегузорад ва барҳақ мегӯяд: «Дар шароити имрӯз масъалаҳои таҳқиқи таърихи забони мо ва пайдо шудани шохаи нави илмии таҳқиқи ин масъала, яъне тоҷикшиносӣ пажӯҳиши вожаи «тоҷик» ва забони «тоҷикӣ» аз нигоҳи таърихӣ ва забоншиносӣ аҳамияти сиёсӣ ва давлатӣ пайдо кардааст. Ин аст, ки бояд таҳқиқу пажӯҳиши ҷанбаҳои гуногуни тоҷикшиносӣ беш аз пеш тақвият ёбад, зеро дар баробари аҳамияти илмӣ ва амалӣ ин масъала бештар хусусияти сиёсӣ, давлатӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пайдо мекунад. Мустаҳкам кардани пояҳои мавҷудияти давлати тоҷикон дар арсаи ҷаҳон ба василаи таҳқиқи ҳамаҷонибаи унсурҳое, ки ба номи давлат, миллат, сарзамин, ҳувияти миллӣ, худшиносии миллӣ, ваҳдати миллӣ тааллуқ доранд, аҳамияти фавқулодаи давлативу сиёсӣ касб мекунад. Аз тарафи дигар, барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум ва ба ин васила таҳкими худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва иртиқои ҳувияти миллии тоҷикон донистани таърихи воқеии миллат зарур аст, ки яке аз роҳҳои асосии ба вуҷуд овардани тафаккури миллӣ, таблиғи ҳамаҷонибаи унсурҳои ваҳдатсози миллат, аз ҷумла дар умқи тафаккури миллат ҷой додани худшиносии миллат бо роҳи эҳтиром гузоштан ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, мебошад».
Муаллиф дар баробари нишон додани хостгоҳи забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) дар бораи ҳар кадоме аз ин номҳо баҳси доманадору судманд мекунад, ки маъмулан ба гуфтори донишмандони маъруфи дохиливу хориҷӣ ва мутахассисони таърихи забон такя менамояд ва иртибот мегирад. Гуфтори муаллиф дар ин замина олимонаву мунсифона мебошад ва бо тозатарин маводи пажӯҳиш дар ин заминаҳо мутобиқат менамояд. Хулосаи муаллиф дар боби хостгоҳи забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ), ки забони расмӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб мешавад, ин аст, ки он ибтидо аз навоҳии Осиёи Миёна бархос-та, баъдан дар минтақаҳои дигари ин сарзамини бостон паҳн шудааст.
Албатта, муаллиф дар ин боб на танҳо дар бораи маънии калимаи «тоҷик», забони тоҷикӣ, хостгоҳу замони пайдоиш, балки номи он низ сухан мегӯяд ва маълумоти пурарзиш медиҳад. Вай дар бораи номи забони тоҷикӣ чунин нигоштааст: «Дар осори таърихӣ ва адабии гузашта забоне, ки мо имрӯз бо он гуфтугӯ мекунем, бо номҳои мухталиф - тоҷикӣ, порсӣ, муарраби он форсӣ, дарӣ, порсӣ ё форсии дарӣ дарҷ гардидааст… Зуҳури номвожаи Тоҷикистон ва таркиби «забони тоҷикӣ» дар ибтидои садаи ХХ сабабҳои хосси сиёсӣ ва далелҳои дурусту айнӣ низ дошт. Аввал он, ки ҳангоми таъсиси ҷумҳуриҳои шӯравии Осиёи Миёна пас аз Инқилоби Октябр номи ҷумҳуриҳои нав ва забони онҳо аз номи миллат ва қавму қабилаҳои сокини онҳо гирифта шуд, ба мисли Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон. Бинобар ин, аз ин нигоҳ Тоҷикистон ва забони тоҷикӣ низ мутобиқи ин меъёр буд. Назар ба воқеиятҳои ҷорӣ, ба андешаи мо, номи расмии забони давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон - «забони тоҷикӣ» ба тамоми меъёру талаботи илмӣ ҷавобгӯ буда, ҷанбаҳои сиёсӣ ва равонии ин масъаларо низ дар бар гирифтааст. Он ба монанди аксарияти забонҳои дунё баёнгари номи миллат, яъне тоҷикон ва кишвари онҳо - Тоҷикистон мебошад».
Сахидод РАҲМАТУЛЛОЗОДА,
Ҷамолиддин САИДЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2018    №: 139    Мутолиа карданд: 123

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед