logo

фарҳанг

"НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК" - ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ

Корнамоии таърихии устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» дар замони худ воқеан нақши шиносномаи ҳақиқии халқи тоҷикро бозид.
Эмомалӣ РАҲМОН


Устод Садриддин Айнӣ, олим ва адабиётшиноси барҷаста аст. Асарҳои «Намунаи адабиёти тоҷик», «Устод Рӯдакӣ», «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» - и ӯ, «Шайхурраис Абуалӣ Сино», «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ», «Алишери Навоӣ», «Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ ул - вақоеъ», «Мирзо Абдулқодири Бедил» аз нигоҳи илмӣ дар сатҳи хеле баланд офарида шудаанд. Устод Садриддин Айнӣ муҳити зиндагӣ ва осори ин шоиронро таҳлил ва хулосабарорӣ намудаанд. Бахусус дар байни ин асарҳо «Намунаи адабиёти тоҷик» ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд.

«Намунаи адабиёти тоҷик» давоми анъанаи тазкиранависии суннатӣ дар адабиёти тоҷик мебошад. Асари мазкур аз се қисм иборат буда, доир ба 220 нафар шоироне, ки дар Мовароуннаҳр ва Хуросон зиндагӣ ва эҷод кардаанд, маълумот медиҳад.
Баъд аз Инқилоби Бухоро тақдири халқи тоҷик бояд ҳал мешуд. Душманони халқамон мавҷуд будани миллатеро бо номи тоҷик инкор мекарданд. «Қавме бо номи тоҷик вуҷуд надорад, онҳо гурӯҳе кандашуда аз эрониён мебошанд», - мегуфтанд онҳо.
Ин даъвои беасоси онҳо ба ҷисму ҷони устод Садриддин Айнӣ чун нештар мехалид ва ба гуфтаи худи ӯ «гумону ақидаи эшон аз бехабарӣ буд» ва «дар Бухоро, Самарқанд, Истаравшан, Хуҷанд, Фарғона, Фалғар, Мастчоҳ ва умуман дар шарқи Бухоро ин қавм зиндагонӣ дорад ва забон, урф, одату адабиёти худро бо тамоми камол нигоҳ доштаанд».
Ба ҳамин хотир устод  Айнӣ аз пайи ҷамъоварии осори адибоне, ки дар ин сарзамин эҷод кардаанд (аз Рӯдакӣ то Пайрав Сулаймонӣ) оғоз мекунад.
Дар он солҳо навиштан ва чоп кардани ин гуна асари муҳташам кори осон набуд, ҳам нависанда ва ҳам асарро хатари нобудшавӣ дар пай буд. Аз ин рӯ, ба Айнии мубориз такягоҳ ва пуштибоне лозим буд, то ки чунин як асари арзишмандро ба чоп расонад. Хушбахтона, ба бахти устод ва миллати тоҷик Абдуқодир Муҳиддинов – тоҷики ифтихорманду сарбаланд – раиси нашриёти халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таъйин шуд. Бо заҳматҳои фаровони ӯ ва устод Лоҳутӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» соли 1926 дар шаҳри Москва нашр гашт. Баъд аз нашр шудани «Намунаи адабиёти тоҷик» душманон ва бадхоҳони миллати тоҷик муҳри хомӯшӣ бар лаб заданд ва соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон ташкил шуд.
Баъди чанде боз мубориза ба муқобили устод Айнӣ ва китоби ӯ оғоз шуд. Душманон даъво доштанд, ки дар ин китоб шеъре омадааст, ки муаллиф гӯё амири рондашудаи аморати Бухороро дар маснади хеш дидан мехоҳад. Ин даъвои беасоси муғризонаи миллатгароёнро соли 1934 дар шаҳри Москва нахустин анҷумани нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ ботил сохт.
Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Намунаи адабиёти тоҷик» соли 2010 бори дигар ба табъ расид.
Файзулло БОҚИЕВ,
омӯзгори МТМУ № 5 - и ноҳияи Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2018    №: 140    Мутолиа карданд: 198

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед