logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. САФИ ҶАВОНОНИ ФАЪОЛ МЕАФЗОЯД

Тавре аз раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд, тайи шаш моҳи соли равон дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар пойтахти кишвар беш аз 560 чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ, иттилоотӣ - маърифатӣ ва амсоли инҳо доир карда шудааст, ки дар онҳо қариб 130 000 нафар ҷавонон фаъолона ширкат варзидаанд.

Яке аз муҳимтарин воқеоти ин давра аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ - фароғатии «Ҷавонон» мебошад, ки дар он барои истироҳату фароғати ҷавонон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Боғ дар ноҳияи Синои пойтахт доман густурда,  масоҳаташ 13,74 гектарро дарбар мегирад.
Рӯйдоди дигари хотирмон дар арафаи Рӯзи пойтахт вохӯрии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо хонандагону донишҷӯён ва дар вазъияти тантанавӣ ба 172 нафари онҳо тақдим намудани Стипендияи раиси шаҳри Душанбе барои соли хониши 2017 - 2018 мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки Стипендияи раиси шаҳри Душанбе соли 2017 таъсис ёфта, пас аз супурдани имтиҳону санҷишҳо бори якум 172 нафар хонандагону донишҷӯёни лаёқатманди шаҳр ба гирифтани он сазовор гаштанд.
Боиси тазаккур аст, ки имсол аз тарафи ҷавонон корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва сарсабзгардонӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт вусъати тоза гирифт. Ба ин мақсад, шумораи зиёди ҷавонон бо ташкили ҳашарҳои дастаҷамъӣ ба кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт баромада, дар корҳои ободонӣ, нарм намудани бехи дарахтон, тоза намудани ҷӯйборҳо ва гирду атрофи биноҳои истиқоматӣ саҳм гузоштанд.
Моҳи май, ки моҳи ҷавонон маҳсуб мешавад, бо чорабиниҳои зиёду хотирмонаш фарқкунанда буд. Минҷумла, ба муносибати Рӯзи Ғалаба ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвонҳои “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” ва “Мо ҷавонон ба гузаштагони худ арҷ мегузорем” аксияҳои маърифативу поккорӣ баргузор гаштанд. Ҳамчунин, ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки олимон ва муҳаққиқони ҷавон конфронси илмӣ - назариявии “Душанбе - маркази имконот ва амалигардии ташаббусҳои созандаи ҷавонон” доир шуд. Ҳамзамон, аёдати ҷавонони маъюб, сарбозони бистарӣ, саёҳати хонандагони мактаб - интернатҳо ва ташкили чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, варзишиву солимгардонӣ миёни сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷумлаи дигар чорабиниҳои муассир ба муносибати Рӯзи ҷавонон маҳсуб мешаванд.
Дар баробари ин, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” зери унвонҳои “Шаҳри мо – хонаи мо” ва “Сарфаҷӯии об мароми мо ҷавонон” як қатор чорабиниҳои иттилоотӣ - тарғиботӣ, аз ҷумла ҳамоишу аксияҳо, баргузор гардиданд, ки аз ифтихор доштану ҷонибдории ҳамаҷонибаи ҷавонон аз ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат гувоҳӣ дода, шаҳодати боло рафтани маърифати худшиносиву ватандӯстии онҳо мебошад.
Б. КАРИМ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2018    №: 140    Мутолиа карданд: 85

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед