logo

сиёсат

ТАЪСИРРАСОНИҲО БА АФКОР ВА ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТ

Дар ҳошияи мақолаи «Иммануил  Кант ва ташаккули шахсият» - и узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов
Мақолаи «Иммануил  Кант ва ташаккули  шахсият» - и Саймумин  Ятимов («Ҷумҳурият», 6 июни соли 2018) давоми мантиқии мақсадҳои наҷиби пешгузоштаи муаллиф мавриди масоили навбатии ташаккули шахсият, ҳамчун вазифа ва мақсадҳои аслии инсоният дар заминаи қонуниятҳои асосёфтаи ҷомеаи солим мавриди инкишоф дар марҳилаҳои гуногун ва васоитҳои рангоранги таъсиррасон ба шахсият таркиб ёфта, барои пуррагии маъниву мақсад ва баёни жарфтари ин масъала рӯ ба эҷоди мутафаккири бузурги олмон Иммануил Кант овардааст. Муваффақияти мақсадмандонаи муаллиф мавриди масъалагузорӣ ва назарияҳо дар заминаи тақвият ва асоснокӣ такя ба андешаҳои ҷолиби тарбиявию  ахлоқии намояндагони барҷастаи илму адаби тоҷик, аз қабили ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,  Абуалӣ ибни Сино, Саъдӣ, Ҳофиз, Сайидо, Айнӣ ва Турсунзода танҳо ба мақсади боз ҳам пурраву асоснок намудани мақсадҳо нигаронда шуда, исбот месозанд, ки мушкилоти ташаккули шахсият дар асоси пешниҳодҳои дақиқу санҷидаи мутафаккирони олам  метавон бо мулоҳизаву таъсиррасониҳои муфид онро ба нафъи шахсият ва тамоми аҳли ҷомеа ҳаллу фасл намуд. Муаллиф мавриди омӯзишу масъалагузориҳо  дар ин ақида аст, ки зимни тарбияи инсон нақши оила, мактаб ва ҷомеа калидӣ буда, танҳо дар ҳамбастагиҳо мо метавонем, мушкилотро сарбаландона рафъ намоем. Одамият муҳимтарин мавҷудоти бошуури биологӣ буда, сохтани он ҳамчун инсони дорои тафаккури олию фаъол аз муҳимтарин вазифаи давлат ва аҳли ҷомеа ҳисоб меравад. Инсон, ба маънии томаш, ҳамонест, ки дар муносибат, муошират, рафтору гуфтор, амалу кирдор ба касе ва ба чизе зиён намеоварад. Дар баробари ин, сабру ҳалимӣ, бахшандагӣ, олиҳимматӣ, хушбаёнӣ, дурандешӣ, ростгӯӣ, вафодорӣ, меҳрубонӣ, нақуаҳдӣ, фурӯтанӣ ва ғайраҳо аз беҳтарин нишонаҳои одамист, ки аз олами вуҳуш инсонро ҷудо месозад. Ба қавли Балхӣ ташаккул ва пайдо намудани инсони комил боз ҳам аз инсонҳо вобастагӣ дошта аз деву дад инсон ҷустан нашояд. Амалӣ шудани нияту орзуҳо аз ҳамагон саъю талош ва самаранокии меҳнатро талаб менамояд. Маҳз аз ҳамин лиҳоз муаллиф С. Ятимов ба нигоштаҳои И. Кант мавриди идеяи сохтани инсон  рӯ оварда, мефармояд: «Ҷои шубҳа нест, вақте чунин мақсадгузорӣ ҳаст, субъекти  масъул эътиқодманд  аст, ки объекти таъсир (инсон) айни замон комил нест. Ниёз ба барномарезӣ, таваҷҷуҳ ва парасторӣ дорад. Ба таври дигар, аз ибтидо то интиҳо - ба дастории мақсад заҳмати зиёдро тақозо менамояд.                                                       
Тарбияро дар доираи масъулият ва мафҳуми аслӣ наметавон масъалаи шахсӣ номид. Мақсад аз он, пеш аз ҳама, манфиати ҷомеа ва муассисаи аслие, ки барои амният ва рушди он ҷавобгар аст, яъне давлат дар назар дошта мешавад. Илм, фарҳанг, маориф, таълим ва тарбия -  пойдевори аслии таъмини амнияти давлати миллӣ мебошанд». 
Муаллиф ҳамаҷониба тамоми масъалаҳои ҷойдоштаи ҷомеаро дуруст дарк намуда, сабабу васоитҳои таъсиррасонро аз қабили «алоқаҳо, муносибатҳо, миёнҷигариҳо, воқеияти ҷамъиятӣ, таҷрибаи зиндагӣ, саҳнаи ҳаёт, қонуният ва равандҳои хосси» ҷойдоштаро бо муҳимият иброз намуда, такя ба таъкидҳои И. Кант менамояд.             
Маънии пешниҳод дар ҷавҳари фаъолияти инсон мавриди муносибату муошират ва дигар омилҳои таъсиррасон дар заминаи чигунагии рафтор боз ҳам ба худи инсон вобастагӣ дорад. Яъне, мо, одамон, метавонем фарзандҳоямонро дар роҳи дурусту пурарзиш фаъолиятнок ба нафъи ҷомеа ва бошандагони он тарбият намоем ва ё баръакс аз онҳо роҳзану қотил ва мардумозорҳоро ба воя расонем. Иҷрои ин кор аз чигунагии мақсаду маром ва доштани масъулияти мо вобастагӣ дошта, ояндаи корҳои нек ва ё зишт аз фаъолият ва дарки бошууронаи мо сарчашма мегирад. Дар маҷмӯъ, масъулият ба зиммаи мост. Аз амалҳои бунёдсозона ва дарки ҳамаҷонибаи тамоми равандҳои зиндагӣ ояндаи нек, осудагӣ ва бақои ҷомеаи солим сахт вобастагӣ доранд. Маҳз аз ҳамин хотир, муаллиф  ба ақидаи инсонгароёнаи И. Кант такя намуда, мавқеъ ва нуқтаи назари файласуфи олмониро пурра дастгирӣ менамояд.
Муаллиф дар қисмати «Мавқеи шахс дар тарбия» усули қиёсро дар баррасии масъалаҳои  рӯзмарра ва печ дар печи ҳаёти гузаштаву имрӯза  устокорона пайваставу  истифода намуда, хонандаро ба  умқи ҳаводисҳо туфайли фикрнамуданҳо  роҳнамоӣ  менамояд. Дар таҳлилу баррасиҳо  дилсӯзонаву меҳрубонона ба ҳар як сабабу натиҷа аз нуқтаи назари илмӣ ворид гардида, баъдан бо овардани мисолҳои мушаххасу мадракдор аз ҳаёти воқеии таърихии наслҳо, ҳамагонро мавриди хулосанамуданҳо роҳандозӣ менамояд. Омӯзиш ва муайян намудани мақсаду мароми файласуфи олмонӣ И. Кант дар нигоштаҳои муаллиф ҳамоҳангӣ ва ҳамфикриро дар заминаи ташаккули шахсият ба миён овардааст. «Мантиқи аслии талаботи файласуфи бузург масъалаи мураббӣ, муаллим ва тарбиятгар аст. Устодро И. Кант меъмори бузурги қасри манзалати маънавии инсон мешумурад»,- гуфтани муаллиф бесабаб нест. Зеро, ба гуфтаи Арасту: «Омӯзгорон аз волидон бартарӣ доранд: волидон ба мо танҳо ҳаёт мебахшанд, омӯзгорон ҳаёти хушбахтона», исботи фикри болост. Дар ин замина бисёр муҳим аст, ки тарбияи фарзандон дар ихтиёри кӣ ва кадом шарту шароит қарор гирифтааст. Имрӯз собит гаштааст, ки дар мавриди таъсиррасониҳои мухталиф ва мақсаднок инсонро метавон ба махлуқи бе ҳис ва «офарандаи» даҳшатноктарин амалҳо  табдил дод. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки мо маърифати диниро баланд намуда, дар зеҳни наврасону ҷавонон моҳияти муносибатҳоро дар заминаи ахлоқ роҳандозӣ намоем.                                       
Мушкилоти дигаре, ки муаллиф дар мақола ибрози ақида намудааст, «Интизом дар доираи тарбия» мебошад. Бешак, интизом аз лиҳози мақсад ва қурбият дар доираи тарбия мақоми махсусро доро буда, равандҳои минбаъдаи  муносибатҳо, рафт ва идомаи ҳамаи фаъолияту  мақсадҳо аз чигунагии тартиботу низоми аслӣ вобастагӣ доранд. Яъне, он меъёрҳое, ки аз тарафи умум дар шакли қоидаҳои  рафтори шахсият қабул ва роҳандозӣ шудаанд, низом ва тартиби онро бояд мавриди иҷро ва риоя қарор додани аҳли ҷомеа заруру ҳатмист. Ба ақидаи муаллиф: «Интизом дар доираи фаҳми И. Кант, қоидаҳои рафтори шахс мебошад, ба пуррагӣ ба он талаботе, ки ҷомеа ниёз дорад, муқаррар намудааст, мувофиқат мекунад. Инсон ҷузъи ҷомеа аст. Ва дар амали худ, зарур аст манфиатҳои онро ба инобат гирад». С. Ятимов мавриди омӯзишу таҳқиқи ҳамаҷонибаи инсон, бо И. Кант ҳамфикр буда, онҳо дар ин ақидаанд, ки модоме инсон аз бози пайдоиш ва таваллуд ниёз ба парваришу парасториро дорад, пас дар давоми умраш низ, инсоният ногузири зарурати тарбиятгар доштанро эҳсос намуда, эъҷози ташаккулёбии онро тақозои замон меҳисобад. Дар ин замина, инсонҳо новобаста аз шароитҳои иҷтимоии фараҳбахш хоҳ нохоҳ ба фаъолиятҳое даст мезананд, ки майли баргардӣ ба табиати ғайриинсониро дошта, онҳо хилофи қонуну қоидаҳои мавриди умум қабулгардидаанд. Ва ин нишондодҳо наметавонанд, дар шакли интизом ташаккули шахсиятро ба низом дароранд. Аз ин рӯ, «интизом намегузорад, ки одам дар таъйиноти худ, ҳамчун инсон, ба он ҳолат баргардад.., низом ҳаст, ки инсонро аз ваҳшоният халос мекунад. Ваҳшигарӣ берун аз қонун зистан аст». Аз ин ҷо бармеояд, ки одамонро зарур аст, дар ягон ҳолат андоза, меъёр ва ҳадди амалро мавриди фаъолият дар созгории  интизом ва муносибатҳо фаромӯш накарда, пайваста ба нафъи умум, барои ояндаи нек дар ҳамзистии осоишта кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Кори тарбия мушкилиҳои зиёдеро дорост. Аз ин рӯ, пайваста заҳмат кашиданамон лозим аст. Имом Ғаззолӣ дар мавриди тарбия мефармояд: «Фарзанд амонатест дар дасти падару модар. Дили кӯдак пок аст ва ҳар як  тухме андар вай афганӣ, бирӯяд. Агар тухми хайр бикорӣ, ба саодати дин ва дунё бирасад ва падару модар дар савоб шарик бошанд. Агар фарзанд фосиқу нобакор шуд, падару модар дар азоби ӯ шарик мешаванд». Аз ин рӯ, қотеона таъкид намудани файласуфи бузург И. Кант мавриди тарбия ва ҳадафмандонаву бо мақсад интихоб  намудани  пораи гуфтор  аз тарафи муаллифи нуктасанҷ С. Ятимов бисёр ҷолибу  нишонрас ва саривақтист: «Тарбия санъат аст… ҳар як  насл метавонад зина ба зина ҳамон  намуди тарбияро ба роҳ монад,  ки  тавассути  кушодани  имконоти табиии он, мутаносибан ва мақсаднок инсониятро ба таъйиноти худи инсон расонад».
Сафаралӣ СОБИРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2018    №: 140    Мутолиа карданд: 111

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед