logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН. ВАҲДАТ, СУБОТ ВА РУШД

Бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар такя ба ақлу заковати азалӣ, бисту як сол қабл, баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу хоки Ватан, таъмини сулҳу субот, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид, ки минбаъд ин ҳуҷҷат санади сарнавиштсоз шинохта шуд.

Маҳз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ омили рушди ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа гардид. Зеро ба имзо расидани созишномаи мазкур ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард.
Бар асари нобасомониҳои солҳои охири асри гузашта, кор ба ҷое расид, ки дар байни мардум бадбиниву таҳдид ва душманҷӯиву сангаргирӣ доман паҳн намуд, ки оқибат боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Ҳазорҳо хона хароб, муассисаю корхонаҳо аз фаъолият бозмонда, теъдоди қурбониёну фирориҳо ҳамарӯза афзоиш меёфт. Ҷанг ва нооромӣ дар зеҳни мардум рӯҳафтодагӣ ва тафаккури манфиро ба вуҷуд овард.
Баъди ба имзо расидани ин санади таърихӣ дар мамлакат марҳилаи нав - барқарорсозии харобаҳои ҷанг ва рушди мамлакат оғоз шуд. Ба шарофати сулҳу субот ва иродаи матини мардуми шарифи Тоҷикистон, сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар таъмин шуд. Аз баракати сулҳу ваҳдат имкон пайдо гардид, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, густариши равандҳои демократӣ ва таъсиси институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити зарурӣ муҳайё шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом таъкид намуданд:  «Сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад. Аз ин лиҳоз, ба наслҳои наврас ва ҷавонон ҳамчун сабақи ибратомӯз фаҳмондани моҳият ва арзиши сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ниҳоят муҳим мебошад». 
Моро зарур аст, ки ҳамарӯза барои баланд бардоштани сатҳи маърифату шуури миллии мардуми кишвар, фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, беҳсозии шароити иқтисодиву иҷтимоии аҳли ҷомеа ва рушду тараққиёти мамлакатамон аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоем.
Авзои ҷаҳон, хусусан он мушкилоте, ки ба сари баъзе мамлакатҳо ва мардуми мусалмони ҷаҳон омадааст, ба касе пӯшида нест. Қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ барои манфиати худ мамлакатҳои том ва ҷомеаҳои рӯ ба рушдро гирифтори буҳрон, таҳрим ва ҷанги дохили намуда, ҳатто аз мудохилаи ҳарбӣ рӯй наметобанд. Ин вазъ моро водор менамояд, ки дар атрофи ҳам муттаҳид шуда, зидди омилҳои харобиовар муқовимат намоем. Амнияту рушди доимиро дар ҷомеа таъмин созем. Нагузорем, ки дигар ягон бадхоҳ дар байнамон роҳ ёбад ва ваҳдати миллиамонро халалдор созад.
Дар ин росто ҳизбҳои сиёсии мамлакат, созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори оммаро зарур аст, ки ҳангоми арзёбӣ ва инъикоси масъалаҳои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ба хотири ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллӣ ва суботи сиёсиву оромии ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ эҳтиёткору бомулоҳиза бошанд. Сулҳу ваҳдат неъмати Худодод аст ва онро ҳамчун сарвати бебаҳои миллӣ бояд ҳифз кард.
Фаромаз МАРДОНӢ,
коргузори шуъбаи таъминоти ҳуқуқи мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2018    №: 140    Мутолиа карданд: 250

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед