logo

иҷтимоиёт

ҲНИ. ДОҒИ ДИЛИ МОДАРОН

Ҳизби наҳзати исломӣ симои манфури худро солҳои 1989 - 1990, баъди пинҳонкориҳои давраи бозсозӣ, ба оламиён нишон дода, яке аз коргардонҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон ҳисоб меёфт. Роҳбарони ин ҳизб бо дарёфти маблағҳои хоҷагони хориҷии худ бо роҳи фиреб ва ҷудо намудани қисме аз маблағҳои бо роҳи муфт ба даст омада ҷавононро гумроҳ ва аз номи дини ислом бо роҳҳои гуногун ҷониби худ ҷалб менамуданд.
Пешвоёни ин  ҳизб ҳатто бо зӯрӣ ва истифода аз қувваи ҷавонони ба доми фиреб афтода тавонистанд соҳиби яроқу аслиҳа шуда, халқро бар зидди ҳукумати онвақта хезонанд. Ин боиси гирдиҳамоӣ дар шаҳри Душанбе ва сабаби хунрезии ҷавонони бегуноҳ шуд ва аз ҳамин рӯзҳои пурдаҳшати моҳи феврали 1990 даст ба қатли бегуноҳон задани ҲНИ оғоз ёфт.
Модарон намехостанд фарзандони худро ба ҷое фиристанд, ҳатто донишҷӯёну мактаббачагонро ба донишгоҳу мактабҳо худи волидон бурда меоварданд. Баъди соати 5 дар кӯчаҳои шаҳр касе ба чашм намерасид. Мардумро тарсу ваҳм фаро гирифта буд. Рӯзе набуд, ки аз як гӯшаи шаҳри Душанбе овози «бачамо»- и модаре баланд нашавад. Ҳукуматро барои дуруст идора накардани дастгоҳи иҷроия гунаҳгор ҳисобида, зери танқид мегирифтанд. Бе тарс амал кардани онҳо собит менамуд, ки аз тарафи хоҷагони хориҷии худ аз ҷиҳати молиявӣ, яроқу аслиҳа ва маводи гуногуни динӣ мунтазам кумак мегирифтанд.
Дар ҳама намуди ҷангҳо, хоҳ байни давлатҳо бошад, хоҳ ҷанги шаҳрвандӣ бештар модарон азият мекашанд. Модарон дар ин рӯзҳои пурдаҳшат кӯдакони хурдсоли худро ба боғчаҳо намебурданд. Аз хонаҳои мардум овозе ба гӯш намерасид.
Ин буд, ки аз соли 1992 куштори одамони маъруфи Тоҷикистон боиси носолим гардидани вазъи ҷомеа, бенизомӣ ва зуҳурёбии ангезаҳои низои мазҳабӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардид. Дар ин марҳила модарони фарзандгумкарда, рӯймолҳои калони сафед ба сар карда, бо дидаҳои пурнам дар кӯчаҳо фарзанд мекофтанд. Таъсири ин рӯзҳои хунин сабаб шуд, ки минбаъд модарони ҷигархун рӯймолҳои сафеди худро дигар иваз накарданд. Ҳар давру замон аз худ нишоне мемонад. Ҳомиёни сархӯри ҲНИ ба модарони дилреши мо танҳо бадбахтию рӯзи сиёҳро ба бор  оварда, қариб хонае набуд, ки мисли давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ  падаре, писаре ё хоҳаре гумном нашуда бошад. Аз шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира шаҳри Бохтар) занеро вохӯрдам, ки дар як вақт 4 писараш дар ин ҷанги ташкилкардаи ҲНИ гумном шудаву то имрӯз фарзанд мекобад. Онҳое ба куштори зиёиён даст зада буданд, ки худ аъзои ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро буданд ва рӯҳияи зиддидунявӣ, зиддимеҳанпарастӣ ва зиддимиллӣ доштанд.
Тавре дар осори ниёгон таъкид мегардад, некиву бадӣ пеши Худо фаромӯш намешавад. Мо худ шоҳидем, ки аксарияти пешвоён ва аъзои фаъоли ин ташкилоти террористӣ - экстремистӣ беватан дар ба дари хоҷагони хориҷии худ гаштаанд. Онҳо гумон мекунанд, ки амалҳои ваҳшиёнаашон, ки дар гаҳвора ба рӯи кӯдаки навзод хокистари сӯзон рехтанҳо, гӯшу бинии ҷавонон ва мардони дигарандешро дар назди модару зану фарзанд буриданҳо ва дигар амалҳои ваҳшиёнаашон аз хотир фаромӯш шудааст? Ҳаргиз.
Бовар дорам, дигар ҳеҷ гоҳ мардуми азиятдида, хусусан ҷавонони илмдӯсту меҳнатдӯсти мо фирефтаи найрангҳои пайравони ин ташкилоти террористӣ - экстремистӣ нашуда, барои ояндагон симои манфур, дилу нияти бадхоҳонаи онҳоро вақеъбинона, объективона нишон дода, барои якпорчагӣ ва баланд бардоштани обрӯи Тоҷикистони ба ҷон баробар саъю кӯшиш менамоянд.         
Ҷовид АТОЕВ, ҳуқуқшинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2018    №: 140    Мутолиа карданд: 104

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед