logo

иҷтимоиёт

РОҲИ АБРЕШИМ ТАҲКИМБАХШИ РОБИТАҲОИ ДӮСТӢ

Бо ташаббуси кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар мавзӯи «Роҳи абрешим ва робитаҳои байнифарҳангии кишварҳои Аврупову Осиё» конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Корея, Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.
М.  Гулзода, ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, оид ба арзиши таърихӣ, аҳамияти илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоии Роҳи абрешим андешаҳои ҷолиб ироа намуд. Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Ли Вучёл дар суханронии хеш ба мавзӯи густариши робитаҳои дипломатии кишвараш тайи 25 соли охир бо Тоҷикистон изҳори андеша карда, аз иқдоми донишмандони тоҷик изҳори хушнудӣ намуд.
О. Маҳмудзода, сардори раёсати инноватсия ва технологияҳои навини Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бошад, ҳамоиши мазкурро дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як ҳодисаи басо хотирмон ва барои мустаҳкам кардани робитаҳои дӯстӣ байни кишварҳои номбурда мусоидаткунанда арзёбӣ кард. Профессор Ли Ҳуанде, сарвари Анҷумани пажӯҳишгарони бахши фарҳанги Ҷумҳурии Корея, аз густариши робитаҳои фарҳангӣ дар замони муосир сухан ронд.
Аз гузоришҳои донишмандон маълум гардид, ки конференсия хеле бамаврид буда, масоили то имрӯз дар фарҳангу адаб ва санъати на танҳо мардуми Шарқ, балки Ғарбу Аврупо тавассути Роҳи абрешим бавуҷудомада ҳанӯз ҳам ба таври мукаммал ва рӯшан ифшо нашуда, ин масъала таҳқиқоти нав ба навро тақозо дорад. Бояд барои ҳалли ин мушкилот на танҳо забоншиносону муаррихон, балки донишмандони соҳаҳои мухталиф ҷалб шаванд.
Илму фарҳанг дар мустаҳкам кардани риштаҳои дӯстӣ байни кишварҳо аҳамияти бештарро касб намуда, донишмандон дар рушду такомули ҷомеа саҳми беандоза доранд.
Т. РАҲИМОВ,
устоди кафедраи забони тоҷикии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2018    №: 140    Мутолиа карданд: 175

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед