logo

Хабарҳо

Варзиш

ДЗЮДО
Ҷаҳонгир Маҷидов – ғолиби Ҷоми Осиё
Дар Ҳонгконг миёни наврасон ва ҷавонон мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба дзюдо доир гашт, ки дар он ҳафт гӯштигири тоҷик ширкат варзид. Зимни баргузории мусобиқа ба паҳлавонони кишвар муяссар шуд, ки  3 (тилло, нуқра ва биринҷӣ) медал ба даст оваранд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпӣ иттилоъ доданд, гӯштигир Ҷаҳонгир Маҷидов (то вазни 81кг) сабқатҳоро миёни ҷавонон аз даври нимфинал оғоз карда, бар варзишгари Ҷумҳурии Корея Сиҳо Парк ғолиб омад. Дар финал намояндаи дигари ин кишвар Шинҷон Кимро  мағлуб намуда, соҳиби медали тилло гардид.
Ду варзишгари дигар Муҳаммадуллоҳ Лоиқов (-90 кг) ва Эмомризо Қурбонов (-90 кг) сазовори медалҳои  нуқра ва биринҷӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дзюдочиёни наврасу ҷавони кишвар дар Ҷоми Осиё дар Макао, ки 21-22 июл ба нақша гирифта шудааст, ширкат мекунанд.

ТИРАНДОЗӢ
Дарёфти роҳхат ба БОН
Аввалин бор дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар  ба тирандози тоҷик Бежан Файзуллоев муяссар гашт, ки ба Бозиҳои III олимпии наврасон дар Буэнос Айреси Аргентина роҳхат бигирад. Ӯ дар ин мусобиқа дар тирандозӣ аз тапонча дар масофаи 10 метр иштирок менамояд.

Олег Набиев, мураббии Бежан, зимни суҳбат гуфт, ки ӯ то роҳ ёфтан ба ин марҳила дар мусобиқаҳое, ки дар Озарбойҷон, Қирғизистон, Олмон ва Ҷопон баргузор шуданд,  иштирок намудааст. Тавре номбурда афзуд, ҳоло   то оғози мусобиқа яку ним моҳ вақт ҳаст ва онҳо тамоми кӯшиши худро ба он равона хоҳанд кард, ки омодагии хуб дида, дар ин мусобиқаи пуршукӯҳи варзишӣ сазовори зинаҳои ифтихорӣ шаванд.
Боиси зикр аст, ки сеюмин Бозиҳои олимпии нав-расон аз 6 то 18-уми октябри соли ҷорӣ дар пойтахти Аргентина – Буэнос Айрес баргузор мегардад ва дар он наздики  4000 варзишгари наврас аз 206 кишвари олам қувваозмоӣ хоҳад кард .
Маҳмуд ҶӮРАЕВ,
шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 196

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед