logo

Хабарҳо

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ, муайян намудани вазъи иҷро ва риояи қонунҳо 3183 маротиба санҷиши прокурорӣ гузаронда шуда, 35104 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор ва ҷиҳати бартараф намудани онҳо чораандешӣ шудааст.
Дар ин бора Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи прокурори генералӣ бо ин мақсад ба унвонии роҳбарони мақомоти давлатӣ, ташкилоту корхона, соҳибкорон ва шаҳрвандон 6022 амр, 3007 пешниҳод ва 4225 эътироз ирсол шуда, дар асоси қарорҳои прокурорӣ 8046 нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ кашида шуда, 13804 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 1803 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
Дар ин давра таъмини амнияти иқтисодӣ ва барқарор намудани зарарҳои молиявӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифта, бо дахолати прокуророн 348 миллион сомонӣ зарар барқарор шуд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ҷиҳати таъмини талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ҳолатҳои зиёди муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ нисбат ба шахсони гунаҳгор 120 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 65 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд. Дар самти назорати иҷрои қонунгузории андоз 154,5 миллион сомонӣ қарзи андоз барқарор ва ба судҳо 45 аризаи даъвогӣ оид ба рӯёндани 19,6 миллион сомонӣ бақияпулиҳои қарзи андоз пешниҳод гардид.
Ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳо вобаста ба риояи қонунгузории замин 1554 санади прокурорӣ татбиқ ва 2383 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ ҷалб гардида, 716 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 6896 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд.          
Вобаста ба муқаррароти  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 214  нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, нисбат ба 211 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардидааст. Ҷиҳати назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бошад, 1962 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуда, 124 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 12 482 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки 4008 адади он аз ҷониби мақомоти прокуратура ошкор гардидааст.
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 121

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед