logo

Хабарҳо

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни беҳтарин ҷамоати деҳот, деҳа, маҳалла ва кӯчаро эълон намуд.

Наргис Қурбонова, муовини раиси шаҳр, ки масъулияти баргузории озмунро ба уҳда дорад, иттилоъ дод, ки қарори раиси шаҳр «Дар бораи гузарондани озмуни шаҳрӣ оид ба муайян намудани беҳтарин ҷамоати деҳот, деҳа, маҳалла ва кӯча» ба тасвиб расид ва ҳайати комиссияи озмун низ муайян гардид.
- Мақсад аз баргузор намудани озмун вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастии аҳолӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам ва ифтихор аз арзишҳои миллӣ буда, бешубҳа, он метавонад ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар маҳалҳо мусоидат намояд, - гуфт Н. Қурбонова.
Ободонӣ, сабзкорӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю маҳаллаҳо аз шартҳои асосии фарҳанги шаҳрдорию шаҳрнишинӣ ба шумор рафта, аз сокинони шаҳр масъулияти баландро тақозо менамоянд. Дар пайи талошҳо, корҳои тарғиботӣ ва назорати ҷиддии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳоло корҳои ободонӣ босуръат идома доранд. Бахусус, мавзеи гирду атрофи ҶСК «Нуриҳои Осиё» бо заҳмати кормандони ин корхона гулпӯш гардида, хеле назаррабо шудааст.
Озмун моҳи август дар арафаи Ҷашни 27 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад. 
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 400

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед