logo

Хабарҳо

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

Ҳайдар Одиназода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, дар нишасти матбуотӣ ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин нашудани хатмкунандагони донишгоҳ изҳори нигаронӣ намуд. «Аз 527 нафар хатмкардагони соли 2017, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ дар донишгоҳ таҳсил намуданд, танҳо 31 нафарашон ба ҷойи кор таъмин шудаасту халос», - иброз дошт Ҳ. Одиназода.
Сабаби бо кор таъмин нашудан камтаваҷҷуҳии идораву корхонаҳо ба   хатмкардагон мебошад. Аз ҷумла, Ҳ. Одиназода дар робита ба ин масъала таъкид намуд: «Мо бо корхонаҳои зиёд ҳамкорӣ дорем. Аммо, вақте ба онҳо ҷиҳати таъмини хатмкунандагонамон бо ҷойи кор муроҷиат мекунем, мутаассифона, дар бештари маврид ҷавоби рад мегирем. Дар бисёр ҳолатҳо ҳатто нафароне, ки тибқи Квотаи президентӣ донишгоҳро хатм кардаанд, дар маҳали зисташон бо ҷойи кор таъмин намешаванд».
Дар нишаст, ҳамчунин, зикр шуд, ки донишгоҳ ба хотири ҳамқадами замон намудани раванди таълим пайваста заминаи моддӣ – техникиашро пурқувват намуда, устодон аз курсҳои бозомӯзӣ мегузаранд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 108

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед