logo

Хабарҳо

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ аз оғози соли 2018 ба рақамикунонии маводҳои фонди геологӣ шурӯъ кард. Айни замон қисмати бештари маълумотҳо рақамӣ шуда, кор дар ин самт идома дорад. Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо Хадамоти геологии Финляндия нахуст баъд аз 44 сол ба рақамикунонии харитаи геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ оғоз намуд.
Дар ин бора муовини аввали саридора Раҳмонбек Бахтдавлатов дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Саридораи геология кӯшиш намуда истодааст он усулҳои муосиреро, ки айни ҳол дар ҷаҳон баҳри кашфи конҳо самаранок истифода мешаванд, дар амал татбиқ намояд. Барои мисол, барномаи «Макромайн», ки барои ҳисоб кардани захираҳои конҳои фоиданок дар Австралия тарҳрезӣ шудааст, аллакай барои ҷорӣ кардани ин барнома дар Тоҷикистон корҳо ба анҷом расида истодаанд. Барои ин ҳамаи сохторҳои геология бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонда шудаанд. Ягона мушкилӣ набудани озмоишгоҳи геологӣ мебошад, ки аз ин сабаб ҳамаи намунаҳои геологӣ барои ташхис ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд.
Зикр шуд, ки Саридораи геология соли равон танҳо ба як ширкат — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Одина» барои ҳуқуқи гузарондани корҳои омӯзиши геологӣ дар Даштакони ноҳияи Ховалинг иҷозатнома дода, бо 24 ширкат барои истфодаи қаъри замин қарордод бастааст.
О. ВАФОБЕК


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 145

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед