logo

туризм

ДАРАИ ҚАРАТОҒ МИНТАҚАИ ОЯНДАДОРИ САЙЁҲӢ

Дараи Қаратоғ - яке аз мавзеъҳои зебои Тоҷикистон таъриху фарҳанги қадима ва табиати  бою рангин  дошта,  ёдгориҳои меъморӣ, бостоншиносӣ, эҷодиёти шифоҳии мардум, фолклор, ҳунарҳои ороишии мардумӣ, урфу одат ва анъанаҳои қадимаи ин минтақа ба афзоиши теъдоди сайёҳони ватанию хориҷӣ мусоидат карда метавонанд. Чашмаҳои мусаффо бо обҳои шифобахши маъданӣ ба табиати дилкаши дара ҳусни дигар бахшидаанд.
Ин мавзеи бостонӣ дар баландии 915 - 920 метр аз сатҳи баҳр мавқеъ гирифта, дарозии дара 47 километрро  ташкил медиҳад. Нақби Фарҳод аз қисматҳои таърихии дара аст. Дарозии ин коррез ё нақб 30 метрро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои Рӯҳулло Ҷӯрабоев, олими мардумшинос, корманди масъули осорхонаи 16 - уми давлатии Тоҷикистон дар деҳаи Қаратоғ, ин нақб аз асрҳои 1 - 3 - и мелодӣ, яъне тақрибан 1700 – 1900 сол қабл, вақте ки ҳамин минтақаҳо обёрӣ мешуданд, арзи ҳастӣ намудааст.
Дараи Қаратоғ аз ҷиҳати сохти геологӣ ба эраҳои мезозой ва кайназой тааллуқ дош-та, тахминан 110 миллион сол қабл дар зери баҳр ҷойгир будааст. Бештари ҷинсҳои кӯҳии таҳшонии дараи Қаратоғ оҳаксанг, гаҷ, ангиштсанг, аммонитҳо мебошанд. Ҷинсҳои боқимондаи кӯҳиро регсангҳо, доломитҳо, конгломератҳо, фосфоритҳо ташкил менамоянд. Бозёфтҳои археологӣ, ки аз мавзеи соҳили дарёи Қаратоғ ва атрофи он ба даст омадаанд, аз аҳди Кӯшониён (асрҳои 1 - 3 мелодӣ) гувоҳӣ медиҳанд. Аз аҳди Кӯшониён то асри 15, то кушодашавии роҳҳои баҳрӣ, Қаратоғ яке аз шохаҳои тиҷоратии “Роҳи Абрешим” маҳсуб меёфт, ки кӯҳистони қисмати марказӣ, шарқӣ ва ҷанубии Тоҷикистони имрӯзаро бо Самарқанду Бухоро ва дигар шаҳрҳо бо ҳам мепайваст. Аз мавзеъҳои гуногуни Қаратоғ зангӯлаҳои корвони шутурҳо, зарфҳои чинӣ, мисин, шишаю ойина ба даст омадаанд, ки дар осорхонаҳои маҳал ва шаҳрҳои Турсунзодаю Душанбе нигоҳдорӣ мешаванд.
Атрофи дараро беш аз 40 ҳазор гектар ҷангал иҳота кардааст. Дар ин ҷангалзор беш аз 50 намуд дарахту бутта, 70 намуд гиёҳи шифобахши табиӣ, 45 навъ паранда, 35 намуд ҳайвони ваҳшӣ мавҷуданд, ки метавонанд ба ривоҷи саёҳати шикорӣ низ мусоидат намоянд. 
Дарёи Қаратоғ аз баландии 4400 метр аз сатҳи баҳр, аз қуллаи кӯҳи Шӯрои қаторкӯҳҳои Ҳисор сарчашма гирифта, 99 километр дарозӣ дорад. Дар он 4 намуди моҳӣ, аз ҷумла гулмоҳиву ширмоҳӣ, шино мекунад.  Дар ҳошияи таърих ин дарё бо номи  Камрӯд сабт гаштааст. Дар доманакӯҳҳои болооби дара  кӯлҳои Темурдара, Париён, Ҷувозак, Каҷоб мавҷуданд, ки дорои захираҳои ғании оби тозаи ошомиданӣ, табиати зебо, ривоятҳои ҷолиб ва олами ҳайвоноту набототи нодир буда, дар миқёси кишвар машҳур гардидаанд. 
Дар деҳаи Шӯрхоки ин минтақа парваришгоҳи “Оҳувон” фаъолият дорад. Дар ин паҳно зиёда аз 200 оҳуи холдор парвариш меёбад. Масоҳати парваришгоҳ 450 гектарро ташкил медиҳад. Аз шохи оҳу дору бо номи панта мегиранд, ки хосияти табобатӣ ва часпандагӣ дорад.
Дараи Қаратоғ бо ёдгориҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ ва мақбараҳои бузургони илму маърифат дар маркази диққати сайёҳон ва аҳли илму адаб қарор гирифтааст. Хусусан, зиёратгоҳҳои Ҳазрати Офоқ , Хоҷа Ҳасан (мансуб ба асри 15), “Гавҳорасанг”( асри 14), Мақбараи Хоҷа Муҳаммад Солеҳ (асрҳои 17 - 18), Қалъаи Қаратоғ, “Санги бузургвор” (асри 18), мазори “Дарвоза” (асри 15), катибаи сангии Муҳаммадоқсақол (асри 18), зоиронро аз гӯшаҳои гуногуни мамлакат ва берун аз он ҷалб месозанд.
Аз қадим дар ин мавзеъ косибӣ ривоҷу равнақ ёфта буд. Бозёфтҳои бостонии дар осорхонаҳо маҳфуз бар ин далел аст. Ҳамчунин, ҳунарҳои  алочабофию қолинбофӣ, кулолгариву оҳангарӣ, чармгариву заргарӣ ривоҷ ёфта буд. Дар гузашта сокинони гузарҳои Кулолӣ, Чармгарӣ, Мисгарон, Мехгарон, Заргарон ба ҳунармандӣ шуғл доштанд ва номи ин гузарҳо худ аз касбу ҳунари сокинони он шаҳодат медиҳад. То ҳанӯз касбу ҳунар пешаи мардуми Қаратоғ ба ҳисоб меравад ва занону духтарон  ҳунарҳои махсуси хосси ин минтақаро рушду сайқал медиҳанд. 
Дараи Қаратоғ аз қадим бо шахсони маъруф, орифон ва аҳли адаб машҳур буд.  Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, ҳудуди имрӯзаи деҳа дар асрҳои XVII - XVIII ҳамчун шаҳр ва маркази ҳунармандону тоҷирон шуҳрат дошт. Дар ин давра дар доираи адабии Қаратоғ шоирон  Қорӣ Абдуллоҳ, Мирзо Олим, Раҳматбегиҷон, Усто Болтуи Харрот, Мирзо Абдулвоҳид Ғуломӣ, Мирзо Олим фаъолият доштанд. Сарчашмаҳо далолат мекунанд, ки аз солҳои 80 - уми қарни XIX ҳавзаи адабии Қаратоғ аз ҳисоби як идда шоирони боистеъдод шуҳрати тоза касб кардааст.
Дар асри ХХ фарзандони барӯманди кишвар шоири шаҳири сулҳпарвар,  Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода, арбоби сиёсиву давлатӣ Муллоҷони Саъдуллоҳ,  олими машҳури адабиётшинос Носирҷон Маъсумӣ, адибон  Ҳамид Обидӣ, Мустафо Шарқӣ ва дигарон барои халқу Ватан хизматҳои шоён кардаанд. Бозёфтҳои археологӣ - намунаи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии дара беш аз 5300 ададанд. Осорхонаи кишваршиносии ба номи Носирҷон Маъсумӣ (бо беш аз 1000 нигора) ва Осорхонаи санъати амалию халқии ба номи устод Мирзо Турсунзода (бо беш аз 4300 нигора) дар мадди назари сайёҳон қарор доранд. Ба ин мавзеъ ҳар сол аз 8 то 10 ҳазор меҳмони дохилию хориҷӣ ташриф меорад. 
Шумораи мавзеъҳои фароғатии ҳудуди дара сол ба сол меафзояд. Айни замон, 12 мавзеи фароғатӣ дар хизмати сайёҳони дохиливу хориҷӣ қарор дорад. Аммо, тавре  масъулони осоишгоҳҳо зикр намуданд ва мо низ шоҳиди ҳол гардидем, мавзеъҳои фароғатию сайёҳӣ, осорхонаҳо, ёдгориҳои таърихии минтақа ва роҳҳо таъмири ҷорӣ металабанд. Барои барқарорсозӣ ва бунёди инфрасохтори туристӣ дастгирии сарпарастон ва масъулони соҳа зарур аст. Қаратоғ ҳамчун дараи дорои таърихи куҳан,  фарҳанги қадима ва табиати дилкаш имкониятҳои зиёди  вусъати сайёҳиро дорад. Рушди соҳа метавонад теъдоди бештари сайёҳонро ба ин гӯшаи дилангези Ватан ҷалб намояд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2018    №: 142    Мутолиа карданд: 458

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед