logo

фарҳанг

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Пешвои миллат бо ин ташаббуси навбатии худ заминаи бузурге барои рушди ҳунарҳои мардумӣ гузоштанд. Зеро, чуноне ки маълум аст, тоҷикон мардуми меҳнатдӯст, ҳунарманду санъаткоранд. Онҳо барои зиндагии хушбахтона талош варзида, дар мушкилтарин шароит ҳам ҳунару касбҳои  зиёдеро мутобиқи тамоюли табиӣ ва истеъдоду лаёқат аз худ карда, онҳоро аз насл ба насл ба мерос гузоштаанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҳифзи чунин вижагии миллӣ ва рушди он роҳу усулҳои амалисозии тадбирҳои заруриро ба нақша гирифта, дар сатҳи баланд роҳандозӣ месозад.

Албатта, ҳунарҳои мардумии тоҷик хеле зиёданд ва ҳар яке таърихи бою рангини ба худ хос доранд. Имрӯз, бо истиқбол аз ташаббуси фарҳангпарваронаи Сарвари маҳбуби давлатамон, моро зарур аст, ки онҳоро боз ҳам хубтару бештар омӯзем, пажӯҳиш намоем ва ташвиқ созем. Чи ҳунарҳои зебо дорем, ки ҳар кадоме, тавре гуфтем, достони худро дорад. Ягон гӯшаву канори кишварамон нест, ки ҳунарманд надошта бошад ва сайёҳе аз он  баҳра набарад.
Аз дидгоҳи аксиологӣ баррасӣ намудани масъалаи нақш ва мақоми ҳунарҳои мардумӣ дар дунёи арзишҳои фарҳангӣ барои илман асоснок намудани зарурати рӯй овардан ба он дар шароити рушди техника ва технологияҳои муосир мусоидат мекунад. Барои расидан ба ин ҳадаф, пеш аз ҳама, бояд мафҳумҳои калидӣ – «ҳунарҳои мардумӣ», «фарҳанги мардумӣ», «фарҳанги миллӣ», «низоми арзишҳои фарҳангӣ» дар иртибот бо якдигар баррасӣ карда шаванд.
Ҳарчанд мафҳуми «ҳунарҳои мардумӣ» ҳамчун як ҷузъи фарҳанги мардумӣ ва фарҳанги миллии тоҷик ба таври гуногун шарҳу тавзеҳ ёфтааст, аммо ин мафҳум ҳанӯз ҳам аз дидгоҳи арзишшиносӣ баррасӣ нашудааст. Таҳлили аксиологӣ имкон медиҳад, ки дар баробари таърифу тавсифи мафҳуми мазкур умумияту бартарии он аз унсурҳои дигари фарҳангӣ, аз ҷумла «эҷодиёти мардумӣ», «эҷодиёти бадеӣ», «ҳунарҳои ҳирфавӣ» ва ғайра нишон дода шавад.
Омӯзиш ва баррасии рӯзгори ҳунармандон дар тӯли таърих нишон медиҳад, ки ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун навъи меҳнат дар инкишофу ташаккули арзишҳои ахлоқие аз ҷумлаи накукорӣ, покӣ, сабру субот ва ғайра нақши ниҳоят муҳим бозида, дар тарбияи ахлоқии наврасону ҷавонон нақши муҳим доранд. Ҳунарҳои мардумӣ на танҳо осори санъат ба ҳисоб мераванд, балки ҳамчун арзишҳои эстетикӣ ифодагари тасаввуроти мардум дар боби зебоӣ ва зебоишиносӣ дар марҳалаҳои муайяни таърихӣ мебошанд.
Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун як бахши муҳими арзишҳои фарҳангӣ дар ҳалли яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи инсонӣ – барқарор намудани тавозун байни арзишҳои моддию маънавӣ нақши сазовор мегузорад.
Хадича АМИНОВА,
корманди кӯдакистони № 119 - и  ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2018    №: 142    Мутолиа карданд: 199

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед