logo

иҷтимоиёт

ҶАРАЁНИ МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ ДАР ВМКБ

Аз 17 то 21 июли соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии ин гарнизон ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ - стратегии зиддитеррористӣ, бо тирпарронии ҷангӣ баргузор мегардад. Дар ҷараёни ин машқҳо зиёда аз 10 ҳазор нафар ҳайати шахсӣ ҷалб карда мешавад.

Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ - стратегӣ тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2018 пешбинӣ гардидааст, дар ҳудуди ВМКБ ташкил ва ба роҳ монда мешаванд.
Дар баробари иштироки сохтору мақомоти давлативу қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин гарнизон, инчунин дар машқҳои муштарак ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия бо техникаву лавозимоти ҷангӣ иштирок менамоянд.
Илова бар ин, дар доираи баргузории машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар гарнизони Хоруғ, ситоди муштараки идории қӯшунҳо ташкил гардида, раисони шаҳру ноҳияҳои ин минтақа, захираи эҳтиётии даъватшавандагон ба он ҷалб мешаванд. Ҳамзамон, техникаҳои хоҷагии халқ ва лавозимоте, ки барои баргузории ин чорабинии муҳими низомӣ заруранд, мавриди истифода қарор мегиранд.
Дар ин чорабинии низомӣ дар баробари ҷалби беш аз 10 ҳазор нафар ҳайати шахсии ин гарнизон, инчунин тамоми размгоҳҳои ҳудуди ВМКБ ба майдони шартии ҷанг табдил ёфта, зимни ҷамъбаст дар машқгоҳи ҳарбии “Ҷилондӣ”- и ноҳияи Шуғнон, машқҳои муштараки баталионӣ - тактикӣ доир мешаванд, ки дар он беш аз 100 техникаи зиреҳпӯши ҷангиву артиллерӣ, чархболҳои ҳарбиву нақлиётии МИ-8 ва МИ-24, 260 адад техникаи гуногуни автомобилӣ ва дигар силоҳу муҳимоти мухталифи ҷангӣ истифода менамоянд.
Тавре гуфта шуд, ҳадаф аз баргузории чорабинии муштараки низомии мазкур дар гарнизони Хоруғ - ин сайқал додани ҳамоҳангӣ ва таҷрибаи ҳайати шахсии сохторҳои низомии мамлакат дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қӯшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ дар минтақаҳои масъулиятноки сарҳадӣ, шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад.
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2018    №: 142    Мутолиа карданд: 162

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед