logo

иҷтимоиёт

ҚАСРИ АРБОБ - ШОҲАСАРИ САНЪАТИ МЕЪМОРӢ

Қасри Арбоб шоҳасари санъати меъмории асри XX тоҷик буда, ҳамчун иншооти таърихӣ аҳамияти бузург дорад.  Зеро 16 ноябри соли 1992 дар он муҳимтарин чорабинӣ – Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сарнавишти миллатамон пайванди ногусастанӣ дорад, баргузор гардид. Маҳз дар он низоми давлатдорӣ барқарор гардида, фарзанди фарзонаи халқ Эмомалӣ Раҳмон Сардори давлат интихоб гардиданд ва Тоҷикистон ба сулҳу суботи комил расид. Ба ибораи дигар, ин кох ошёнест, ки Сарвари давлати тоҷиконро аз ин ҷо то ба минбари Созмони Милали Муттаҳид бурд ва ба миллати куҳанбунёди тоҷик мужда аз фардои дурахшон дод. Аз ин рӯ, Қасри Арбоб барои ҳар фарди тоҷик азизу муқаддас аст. 
Чуноне директори Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб” Абдузаффар Иномов иброз дошт, ин кохи боҳашамат дар масоҳати 40,98 гектар доман густурда, маҳз ба шарофати саъю кӯшишҳои раиси колхози ба номи Ворошилов, ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев (1901 – 1967) бунёд мегардад. Бояд гуфт, ки соли 1935 ҳангоми сафар ба Ленинград раиси шаҳир аз зебоиҳо ва ҳашамати қасрҳои дар замони императори Русия Пётри I сохташуда ба ҳайрат меояд. Махсусан, ба ӯ қасри Петергоф маъқул мешавад. Аз ин лиҳоз, ӯ ба қарор меояд, ки дар ҳудуди колхоз кохе ба ин зебоӣ бисозад. Аммо бо сабаби хуб набудани вазъи молиявӣ ва сар задани Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ин  нияти Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев амалӣ намегардад. Танҳо пас аз ҷанг, бо беҳтар шудани вазъи иқтисодии мамлакат, муяссар мешавад, ки ба сохтмони он оғоз намоянд. Соли 1950 хишти асоси қасрро Котиби якуми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров гузоштанд ва он 6 ноябри соли 1957 ба истифода дода шуд.
Имрӯзҳо ин кохи бошукӯҳу боҳашамат миёни туристон ҳамчун мавзеи сайёҳӣ маҳбубияти хос дорад ва сол ба сол теъдоди онҳо меафзояд. Бино ба гуфтаи Абдузаффар Иномов, давоми 5 моҳи соли равон наздики 8 ҳазор сайёҳ қасрро тамошо кард, ки шумораи зиёди онҳоро хориҷиён ташкил медиҳанд. Ва барои боз ҳам бештар гаштани шумораи туристон аз ҷониби роҳбарият тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд.
Мо худ низ шоҳиди он будем, ки гурӯҳ-гурӯҳ сайёҳони аврупоиву амрикоӣ аз қаср дидан мекарданд. Аз фурсат истифода бурда, бо яке аз онҳо – шаҳрванди Британияи Кабир Венди Вендерворт ҳамсуҳбат шудем, ки чунин гуфт:
- Ман рассом ҳастам. Дар бораи қаср аз ширкатҳои сайёҳӣ маълумот пайдо кардам. Қасри Арбоб бо ҳашамат ва зебоии худ ҳар бинандаро мафтун месозад. Ва ҳар нафаре, ки ба ин ҷо ташриф орад, бешубҳа ба маҳорати волои эъморгаронаш баҳои баланд хоҳад дод. 
Дарвоқеъ, нақшунигори ду роҳрав, ҳашт хона, толори калон, роҳрави ду болохона, се хонаи назди толори калон яке аз дигаре назаррабо, нафису зебоянд. Дар ороиши қаср усулҳои гуногуни нақшунигор, ба монанди гиреҳ, ислимӣ, ислимии дубанд, ислимии ишкелак, лоламадохил истифода шудаанд. Боиси зикри хос аст, ки устоҳо ҳангоми тайёр намудани ранг усули ниёгонро ба кор бурда, ба  он зардии тухм ва шилми зардолу ҳамроҳ кардаанд, зеро ин нақшунигорро боз ҳам пурҷилотар мегардонад. Инҳо маҳсули дастони пурэъҷози устоҳои моҳири кишвар, аз ҷумла Ғафур Мансуров, Масъуд Солиев, Очил Файёзов, мебошанд.
Дар ошёнаи дуюми қаср осорхонаҳои “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Тоҷикистон дар масири Истиқлолият” ва хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев  ҷо гирифтаанд, ки бо сайри онҳо кас бо таърихи сокинони маҳаллӣ, тарзи зиндагӣ ва урфу одати онҳо, сохтмони қаср, замони баргузории иҷлосияи сарнавиштсозу дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ошно мегардад.
Дар шафати Қасри  Арбоб чойхонаи миллӣ қомат меафрозад, ки  яке аз нодиртарин иншооти меъморӣ буда, бо маҳорати воло наҷҷорию кандакорӣ, наққошию кошинкорӣ, нуқракӯбиву тиллокорӣ шудааст. Ҳамчунин, соли 2015 тибқи дастуру супориши Пешвои миллат дар тарафи рости қаср барои истироҳату фароғати мардум бо 6800 ҷойи нишаст амфитеатр сохта шуд, ки он яке аз маконҳои асосии баргузории чорабиниҳо ба шумор меравад. 
Ҳукумати кишвар барои ҳифзи ин ёдгории беназир диққати махсус медиҳад. Ҳамин аст, ки соли 2011 он ба Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб” табдил ёфт ва дар арафаи 20 - солагии таҷлили Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2012) бо ташаббуси Сарвари мамлакат ба маблағи беш аз 25 миллион сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Ин қасри муҳташам яке аз намунаҳои барҷастаи санъати меъморӣ   буда, дар он таърихи ба сари қудрат омадани Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки таҳти сарварии ӯ обруву нуфузи Ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш баландтар мегардад, бо ҳарфҳои зарин сабт гаштааст. Ин аст, ки ҳар нафаре ба Хуҷанди бостонӣ меояд, ҳатман ба тамошои Қасри Арбоб меравад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2018    №: 142    Мутолиа карданд: 159

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед