logo

иҷтимоиёт

ГАРМӢ ВА ЧАНГУ ҒУБОР. КАДОМ ОМИЛҲО ТАЪСИРГУЗОРАНД?

Вақтҳои охир дар пойтахти кишвар дар баробари баландии ҳарорати ҳаво чангу ғубор низ ба мушоҳида мерасад. Ин вазъ бештар ба саломатии нафарони гирифтори бемориҳои дилу рагҳои хунгард таъсир мерасонад.
Ҳомидҷон Расулзода, директори Агентии обуҳавошиносӣ, дар ин бора, гуфт, ки чангу ғубори аз таъсири хокбориши аз давлатҳои ҷануб ба Тоҷикистон вазида мебошад. Он ба солимии аҳолӣ  ва самаранокии ҳифзу нигаҳдории захираҳои табиӣ, аз ҷумла пиряхҳо, таҳдид мекунад.

 Дар ҷумҳурӣ 307 манбаи таъсиррасон ба ҳавои атмосфера мавҷуд аст, ки бештар соҳаҳои саноат, нақлиёт, энергетика ва кишоварзиро фаро гирифтаанд. Партофти аз ҳама зиёд аз ҳисоби воситаҳои нақлиёт мебошад, хусусан дар вақти тамбашавии нақлиёт. Соли сипаришуда аз ҳисоби нақлиёт ба ҳаво 344 ҳазор тонна партов партофта шуда, партови корхонаҳои саноатӣ 50 ҳазор тоннаро ташкил дод. Бо мақсади ҳалли ин мушкилот, Ҳукумати ҷумҳурӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чораҳои таъхирнопазир андешида истодаанд. Масалан, дар қисматҳои гуногуни шаҳри Душанбе ба хотири танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ба ин васила кам кардани партофти газҳои зарарнок иншооти роҳу коммуникатсия, аз ҷумла  роҳҳои ду ва сеқабата, бунёд ва азнавсозӣ мешаванд. Аммо, аз сӯйи дигар, иншооти навсохти замонавӣ бо назардошти дар онҳо риоя нагардидани корҳои обпошии дохил ё гирду атроф аз ҷониби баъзе бунёдгарон ва субъектҳои хоҷагидор боиси чанголудшавии ҳаво гардидааст. Фаъолияти пурсамари корхонаҳои истеҳсоли семент ва Маркази барқу гармидиҳии шаҳру Душанбе низ ба ҳавои атмосфера бетаъсир нест. Аз ин лиҳоз, таркиби ҳаво аз ҳисоби ин омилҳои таъсиррасон оғоз аз моҳи гузашта тағйир ёфтааст.
Ба гуфтаи Саидисмон Судуров, сардори бахши ҳавои атмосфераи Кумитаи ҳифзи муҳити зист, тамоми намуди фаъолияти субъектҳои хоҷагидор хоҳу ноҳоҳ ба муҳити зист таъсир мерасонад. Чанголудшавии ҳаво аз ҳисоби сохтмони баъзе иншоот, албатта, муваққатӣ мебошад. Дар ҳар як лоиҳаи барои сохтмони иншоот таҳиягардида қисмати ҳифзи муҳити зист ҳатман дарҷ гардидааст ва он бо кумита мувофиқа карда мешавад. Ин ҷо танҳо бунёдгарони ин ё он иншоотро зарур аст, ки  дар иҷрои корҳои тозакунии (обпошии) дохил ва беруни иншоот масъулияти бештар дошта бошанд.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2018    №: 142    Мутолиа карданд: 148

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед