logo

сиёсат

ДИДАИ ИБРАТ КУШОЕМ

Бардошт аз мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар
Суханҳои пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, аслан, дастуреанд барои кору фаъолияти тамоми сокинони мамлакат, хусусан кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.

Пешвои миллат дар ин вохӯрӣ оид ба муҳимтарин масъалаҳои доғи ҷомеа, монанди вазъи ноороми сиёсии кишварҳои ҷангзада, густариши бесобиқаи терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва силоҳ, шиддат гирифтани мушкилоти экологӣ ва иҷтимоӣ, танқисии бархе мамлакатҳо аз нарасидани неъматҳои моддӣ, назири озуқа, оби ошомиданӣ, ки имрӯз боиси нигаронии башарият гардидаанд, сухан гуфта, аз намояндагони ҷомеаи кишвар даъват ба амал оварданд, ки барои ҳифзу ҳимояи арзишҳои муқаддаси миллӣ - сулҳу субот, ваҳдату истиқлолият, пойдории онҳо талош намуда, ба қадри ин неъматҳои бузург бирасанд ва онҳоро пос доранд.
Аксаран, нооромию ҷангу ҷидол дар кишварҳо аз ноогоҳию нодонии гурӯҳе аз сокинон сар мезананд. Бархе аз қишрҳои ҷомеа ҳатто намефаҳманд, ки ба осиёби кӣ об мерезанд ва фирефтаи бозиҳои сиёсии дигарон мешаванд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва омӯзиши илму ҳунар тарбия намоем.
Имрӯзҳо Тоҷикистон ба шарофати талошҳо ва ташаббусҳои башардӯстонаи Сарвари хирадманди худ оид ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар арсаи байналмилалӣ нуфузу эътибори баланд пайдо намудааст. Зеро иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба манфиати миллати тоҷик, балки барои ҳалли мушкилоти доғи тамоми ҷомеаи башарист.
Пешвои муаззами миллат бори дигар оид ба зарурат ва моҳияти қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози андеша намуда, ба аҳли ҷомеаи кишвар барои риояи муқаррароти қонунҳои зикршуда дастурҳои зарурӣ доданд.
Сокинони ноҳияи Варзоб дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ медонанд. Ҷиҳати шарҳи нуктаҳои суханронии Пешвои миллат дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо сокинон вохӯрию суҳбатҳо баргузор гардиданд. Фаъолони ноҳия дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат нақшаи тадбирҳо тартиб дода, барои татбиқи амалии онҳо талош менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзоб ҳамчун минтақаи истироҳатӣ ва сайёҳӣ симои худро ба куллӣ тағйир дода, боз ҳам зебою дилрабо ва ҷойи дӯстдоштаи сайёҳон гардидааст. Бунёди як қатор муассисаҳои табобатию истироҳатӣ, биноҳои хушсохту замонавии ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва боло бурдани сатҳи хизматрасонӣ ба меҳмонони дохилию хориҷӣ ба рушди сайёҳӣ дар ноҳия мусоидат менамояд.
Сокинони ноҳия тамоми дастоварду муваффақияти худро натиҷаи ғамхорию дастгирӣ ва тадбирҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ҷиҳати ҳифзи истиқлолияту ваҳдат ва ободии диёри азизамон саъю талош меварзанд. Дар ҳақиқат, ҳимояи Ватани азиз, арзишҳои миллӣ ва созандагӣ бояд асли мароми мо бошад. Мо бояд аз ободонию оромӣ ва шукуфоии Тоҷикистони азизамон шукрона намоем, ба вазъи мардуми Ироқу Сурия, Яман, Сомалӣ, Либия, Афғонистон ва кишварҳои дигари ҷангзадаю харобазор ва мардуми зору гурезаю бехонумон бо дидаи ибрат нигарем, дар атрофи Сарвари хирадманди худододи худ муттаҳид бошем ва нагузорем, ки ягон нохалаф ваҳдату ягонагӣ ва осудагию шукуфоии моро халалдор созад.
Муҳаммадулло ШЕРАЛИЗОДА,
раиси ноҳияи Варзоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2018    №: 142    Мутолиа карданд: 159

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед