Хабарҳо
ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. САБАБИ БОЛОРАВИИ НАРХИ СӮЗИШВОРИРО ШАРҲ ДОД
Зимни нишасти хабарӣ аз натиҷаи фаъолияти шаш моҳи аввали соли ҷорӣ муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ Назар Одиназода иброз дошт, ки тибқи маълумоти оморӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродӣ дар ин давра ба ҷумҳурӣ 217, 4 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 92,7 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 85,9 ҳазор тонна бензин, 17,5 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ, 8,6 ҳазор тонна равғанҳои молиданӣ ва 12,6 ҳазор тонна мазут ворид гардид.
Зикр гашт, ки аз ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтии воридшуда ба корхонаҳои коркарди нафти Федератсияи Русия 76,6 дарсад, Туркманистон 9,3 дарсад, Қирғизистон 9,7 дарсад ва боқимонда 4,4 дарсад ба дигар кишварҳо рост меоянд.
Нисбати афзоиши нархи сӯзишворӣ дар кишвар Назар Одиназода гуфт, ки сабаби аслии он болоравии қимати ин маҳсулот дар Русия мебошад. Агар дар биржаи байналмилалии шаҳри Санкт-Петербург моҳи январи соли ҷорӣ 1 тоннаи он 40 ҳазору 525 рубли русиро ташкил медод, имрӯз ин нишондод то ба 46 ҳазор рубл расидааст.
Шаҳбоз АБРОР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 271