logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад

Нобаробариро дуруст намоед
Аз гӯгирдчӯбҳо баробариҳои нодуруст сохта шудаанд:
Шумо дар мисоли а) ҷойи як гӯгирдчӯбро иваз карда, дар б) ҷойи як гӯгирдчӯбро иваз ва ду гӯгирдчӯбро илова карда ва дар в) ҷойи ду гӯгирдчӯбро иваз намуда, баробариҳои дурустро ҳосил созед.
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
93-547-00-05 Вайбер,
Bzm_701@mail.ru  (Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238 - 53 – 40


292 СОЛ БЕ ҶАНГ
Рисолати инсон дар рӯйи Замин обод намудан ва бо сулҳу сафо зистан аст. Аммо, аксар вақт як гурӯҳ, агар ҳам хурданд, монеи иҷрои он мегарданд. Нафъи андаки худро муҳимтар аз ҳама кас ва ҳама чиз мепиндоранд.  Ковалский, ки яке аз аъзои пайвастаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд, чанд сол пештар тадқиқотеро анҷом дод, ки  воқеан, шигифтангез мебошад. Ӯ ба ин хулоса омадааст, ки 3600 сол пеш аз тавлиди Исои Масеҳ, то замони анҷоми тадқиқоташ одамӣ танҳо 292 солро бо сулҳу сафо гузарондааст. Дар дигар солҳо  14 300 ҷангҳои хурду бузург рух дода ва ин ҳама боис шуда, то башар аз неъмати сулҳу осоиштагӣ маҳрум бимонад. Шумораи кушташудагон ва ҳалокгардидагон бар асари бемориҳои ногузири сироятии аз ҷангҳо падидомадаро ӯ беш аз се миллиарду шашсад миллион муқаррар мекунад.
Аслан набояд дар ин тадқиқоти олим ҳеҷ ҷойи тааҷҷуб бошад, чун башар дар асри навин соле ё моҳеро  ёд надораду зикр карда наметавонад, ки дар он бе ҷанг зиста ва он ҳама қурбонӣ надошта бошад. Шумораи ин ҷангҳо бештар ва худи онҳо дар ин даврон мудҳиштар аз замонҳои пешин аст. Дар ҷангҳои навин ҳеҷ қонуне, ҳатто одитарин қонунҳои замону майдони ҷангҳои пешин риоя намегардад. Аз ин рӯст, ки ҳама баробар – пирону ҷавонону кӯдакону бегуноҳон мемиранд ва муқаддастарин ҷойҳо хароб мегарданду бисёр аз онҳо талаф меёбанд.
Зебунисо ҲАМИДЗОДА,
донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои  Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода


АННА. ДУХТАРАКИ 12 - СОЛАЕ, КИ РОБОТ ИХТИРОЪ КАРДААСТ
Духтараки 12 - солае аз иёлати Массачусетсии ИМА системаи обтазокуниеро коркард намуд, ки намояндагони ширкатҳои азими технологиро ба ҳайрат овард. 
 
Ӯ обро хеле дӯст медорад ва вақти зиёдашро дар бандарҳои Бостон мегузаронад. Рӯзе дар наздикии Бос-тон - Харбор партови бисёри пластикиро мушоҳида намуд. Духтарак хост онҳоро ҷамъ намояд, лекин зуд монда  шуд. Албатта, Анна аввалин касе набуд, ки шароити бади соҳил ӯро ба ташвиш оварда бошад, лекин аввалин касе шуд, ки хост ин масъаларо ҷиддан ҳал намояд.
Ӯ роботеро коркард намуд, ки метавонад бо ёрии шуоъҳои инфрасурх дар уқёнус партовҳои пластикиро дарёфт ва ҷамъоварӣ намояд. Партовҳои пластикии хурд ё реза (микропластик) - ин мушкилоти на танҳо Бостон, балки тамоми ҷаҳон гаштааст. Ҳаҷми пораҳои он тақрибан 5 миллиметр буда, онҳоро бо тӯр ҷамъ карда намешавад.
Ҳоло Аннаро барои ҳамкорӣ ба корпоратсияи «Young Scientist Lab» даъват намудаанд. Ин ҷо ӯ метавонад роботи худро мукаммал гардонад. «Қадами навбатӣ на сохтани таҷҳизоти зериобӣ, балки дронҳои паррон мебошад», - мегӯяд Анна Ду.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


8 КГ ВАЗНИ ЯК НАВЗОД
Ҳафтае қабл дар таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб писараке ба дунё омад, ки 8 килограмм вазн дошт.
Бо гузаштани чаҳор рӯз саломатии кӯдак муътадил гашта, вазнаш ба 7,200 кг баробар шуд.
Аслан вазни миёнаи навзодон то 4 килограммро ташкил медиҳад, тифли аз 4 кило боло калонҷусса, аз 5 зиёд азимҷусса ҳисоб карда мешавад. Аммо 8 килограммаш хеле кам ба назар мерасад.
Чаҳор фарзанди қаблии Таҳмина Одинаева (30 - сола), сокини деҳаи Корези Ҷамоати деҳоти Зиракии Кӯлоб, аз 3 то 4 килограмм таваллуд шуда буданд. Падари тифл Искандаршоҳ Худойназаров  мегӯяд, ки аввал ин хабарро шунида, шӯхӣ пиндоштам. Танҳо баъди дидан бовар ҳосил кардам, ки воқеан 8 кг таваллуд шудааст. «Шояд писарбача ба бобокалонам рафта бошад. Бобокалонам марди боҳайбат ва гӯштигирӣ номдор буд», - мегӯяд ӯ.
Таҳияи Умар АЛӢ


КОРИН ТЕЛЯДО ИЗҲОРИ МУҲАББАТ ДАР 4000 АСАР
Ҳар як шоиру нависанда мехоҳад, ки  барои пайдо кардани  шуҳрат ё аз роҳи сидқ бо асарҳои ҷолибу хонданиаш дар дили хонандагон ҷой бигирад. Бархе дар ин роҳ офаридани асарҳои зиёдро шарти асосӣ мешуморанд.
Корин Телядо, номи аслиаш Мария Дел Сокорро Телядо Лопес, ки соли 2009 дар синни 81- солагӣ аз олам даргузашт, аз шумори чунин нависандагон аст.  Дар тӯли ҳаёти пурсамараш бо эҷоди 4000 асар тавонист, ки дар «Китоби рекордҳои Гиннес» ҷой бигирад. 
Асарҳои навиштаи ӯ аслан ба мавзӯъҳои ишқу муҳаббат бахшида шуда, дар яке аз серхонандатарин китобхонаи Испания нигоҳ дошта мешаванд, ки то ҳол хонандаи зиёд доранд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


10 ШАҲРИ СЕРАҲОЛИТАРИН
ОСАКА. Аҳолияш 20 миллиону 337 ҳазор
Ин шаҳр 500 километр дуртар аз Токио дар ҷазираи Хонсю ҷой гирифтааст. Он аз қадим маркази асосии тиҷорату саноати Ҷопон буд, ҳоло бошад, калонтарин бандари кишвар.  Мардумаш бо зиндадилию ғаюрӣ ном баровардаанду бо бегонаҳо зуд унс мегиранд. Беҳуда ин префектураро дар мамлакат «Италияи ҷопонӣ» намехонанд.
Дар Осака аз меъмории қадима осоре намебинед. Дар солҳои ҷанг бо Олмон шаҳр ва ҳама иншооти таърихияш пурра яксони хок гашта буд.
Тамоми ҷазираи Хонсю бо роҳи оҳани тезгард фаро гирифта шуда, қатора мусофиронро аз як шаҳр ба дигараш дар соати башумор мерасонад. Ба таваҷҷуҳатон мерасонем, ки аз ду фурудгоҳи Осака яке дар ҷазираи сунъӣ сохта шудааст.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


ЭНС Ё СИСТЕМАИ АСАБИ МУХТОР
Олимони Австралия аз мавҷуд будани як майнаи иловагӣ дар организми инсон хабар доданд.  Чуноне ки нашриёти «Science Flert»  иттилоъ медиҳад, татқиқотчиён муқаррар намудаанд, ки системаи асаби энтералӣ (ЭНС), ки ба монанди майнаи сар аз даҳҳо миллион нейтронҳо иборат аст, мустақилона, яъне новобаста аз системаи асаб ва майнаи сар, кор мекунад.
ЭНС асосан кори узвҳои ҳозимаи инсонро ба низом медарорад. «ЭНС ягона узви дохилии организм мебошад, ки дорои системаи асаби комил буда, кори худро новобаста аз майнаи сар иҷро менамояд. Инчунин, системаи мазкурро аввалин майна дар организм номидан мумкин аст, зеро он дар рафти эволютсия (инкишофёбӣ) пештар аз системаи марказии асаб пайдо шудааст», – иброз дошт Ник Спенсер, профессори Донишгоҳи Флиндерс.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


10 КУҲАНТАРИН ШАҲРИ ОЛАМ
6. Сидон (Лубнон)
Сидон ё худ Сайда дар масофаи 40 километр дуртар аз маркази Лубнон ҷойгир буда, 4000 сол пеш аз мелод бунёд шуд.
Асосгузори шаҳри Сидон финикиҳо буда, онро маркази яке аз давлатҳои абарқудрати замони хеш қарор дода буданд. Инчунин, аввалин маротиба истеҳсоли шиша дар ҳамин шаҳр пайдо шудааст. Сидон маркази бузурги тиҷоратии миёназамин ба ҳисоб меравад. Бандари баҳрии он қадимтарин иншооти сохтаи инсоният маҳсуб меёбад, ки қисман то замони мо ҳифз гардидааст. Айни замон, истиқоматкунандагони ин шаҳри таърихӣ 2000 нафарро ташкил медиҳанд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


«ЮВЕНТУС» ДАР ЯК РӮЗ НИСФИ МАБЛАҒИ ТРАНСФЕРИИ РОНАЛДУРО ДАРЁФТ КАРД
Бозигари тозаинтихоби тими «Ювентус», капитани мунтахаби Португалия Криштиану Роналдуро, ки маблағи трансфериаш 112 миллион евро (дастмузди яксолааш 30 млн.евро) мебошад, дар варзишгоҳи хонагии чемпиони Италия, ки барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ ва муаррифии расмӣ омада буд, чандин ҳазор мухлисони бошгоҳи Турин истиқбол намуданд.
15 июл «Ювентус» фурӯши онлайнии футболкаи шумораи ҳафтдорро бо ному насаби Криштиану Роналду роҳандозӣ намуд.
Дар шабонарӯзи аввал «Ювентус» бештар аз 520 ҳазор футболкаро бо нархи аз 85 то 137,5 евро фурӯхт, ки фоидаи он ба ҳисоби миёна дар 24 соат 55 миллион евроро ташкил дод.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ВАҚТЕ ЧАШМИ ДИЛ ВО МЕШАВАД
Фрида Кало. Ҳарчанд ин мусаввири машҳури мексикоитабор дар ҷаҳон тавассути офаридаҳои нотакрораш машҳур гардидааст, қисмати зиёди мухлисонашро тақдири аҷибаш ба ҳайрат меорад.

Фрида ҳанӯз шашсола буд, ки ба бемории полиомиелит гирифтор шуда, таҳти таъсири он як пояш аз дигараш бориктар мегардад. Ҳамсолонаш ба ӯ «Пойи чӯбин» лақаб мегузоранд. Маҳз дар ҳамин солҳо барои он ки аз таҳқири ҳамсолонаш раҳоӣ ёбад, духтарак якбора ба чанд намуди варзиш – оббозӣ, футбол, бокс ва рақс машғул мешавад.
Аммо бо ин силсилаи нокомиҳои ӯ ба анҷом намерасад: дар синни наврасӣ ӯ ба садамаи автомобилӣ дучор мегардад. Дарди шадиди сутунмуҳра, ки дар натиҷаи садама ба амал омада буд, ӯро то охири умр азият медод. Ба Фрида чандин моҳ аз ҷой бархостан манъ гардид. Дар ин муддат ягона саргармии ӯ расмкашӣ буд. 
Алъон асарҳои Фрида Кало намоишгоҳҳои машҳури ҷаҳонро оро дода, миллионҳо доллар арзиш доранд. 
- Шахс танҳо дар ҳолати гирифтории шадид ба қадри озодӣ ва дар бозмондагӣ ба қадри зиндагӣ мерасад, - мегӯяд Фрида Кало. – Шахсе, ки як маротиба бо марг даст ба гиребон шудааст, домони зиндагиро ба осонӣ раҳо нахоҳад кард. Зебоиҳои табиатро вақте зеботар мебинед, ки ҳисси тарки дунё домангиратон бошад.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Парвози чартерӣ бо нархи 400 000 маркаи олмонӣ
«Пул чирки даст мегӯянд, дар зиндагии ман он қадар нақши бориз надорад», - ба худ андешид шоҳзодаи Арабистони Саудӣ, вақте ки бо сабаби танба шудани роҳ ба тайёраи самти Париж – Ню-Йорк дер монд. Ҳарчанд парвози навбатӣ ҳамагӣ баъди 2 соат баргузор мегашт, вай сабр накарду барои худ ва 19 нафар ҳамроҳонаш тайёраи «Конкорд» фармоиш дод. Барои 3,5 соати парвоз ҳамон замон шоҳзода 400000 маркаи олмонӣ пардохт.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


10 ВАРЗИШГОҲИ  АЗИМИ ОЛАМ
9. «БУКИТ ҶАЛИЛ»
Он аз варзишгоҳи «Даррелл Роял» буду шуд як одам зиёдтар мебарад – дар он 100 200 нафар метавонад қувваозмоии футболбозонро тамошо кунад. «Букит Ҷалил» дар пойтахти Малайзия - шаҳри Куала – Лумпур 20 сол пеш бунёд шудааст. Мақсад аз қомат афрохтани ин иншооти азим дар майдони он гузарондани вохӯрии мунтахабҳои Иттиҳод (Иттиҳоди Бритониё дар назар аст) буд. Ҳоли ҳозир «Букит Ҷалил» дар Малайзия бузургтарин майдони футбол ба ҳисоб меравад. Дар он тими мунтахаби Малайзия бо рақибонаш қувва меозмояд. Бозиҳои финалии Ҷом ва Шоҳҷоми кишвар низ дар ҳамин ҷо баргузор мегарданд.
Таҳияи Маҳмуд ҶӮРАЕВ


ҚУТТИҲОИ СИЁҲ ВА АСРОРИ ОНҲО
Соли 1953 тайёраи реактивии мусофиркаши «Комета-1» ба садама дучор шуд. Ихтироъкори австралиягӣ Дэвид Уоррен ба хулосае омад, ки  сабаби садамаи тайёраро аз рӯи  сабти гуфтугузори сарнишинон ва нишондоди лавозимоти тайёра фаҳмидан мумкин аст. Аз ин сабаб, ӯ соли 1957 бо ҳамроҳии кормандонаш аввалин намунаи қуттии сиёҳеро сохт, ки гуфтугузор ва маълумоти заруриро сабт мекард. 
Қуттиҳои сиёҳ, ки онҳоро худнависи ҳавопаймо низ ном мебаранд, дар ҳамаи тайёраҳо гузошта мешаванд. Дар ҳар тайёра ду қуттии сиёҳ мавҷуд аст. Дар асл он ранги норанҷӣ дорад. Дар яке аз қуттиҳо ҳамеша маълумоти техникӣ оид ба суръат, дарозӣ, вақт, ҳолати муҳаррики ҳавопаймо ва дар қуттии дигар гуфтугузори сарнишинони ҳавопайпо сабт карда мешавад. Ҳар ду қуттӣ бояд ба гармию хунукии ҳаво, зарбаи сахт тобовар бошанд. Дар вақти ба садама дучор шудани ҳавопаймо аз рӯи рангаш ӯро зуд дарёфт кардан мумкин аст. Дар ҳавопаймоҳои ҳозиразамон флеш-хотира мавҷуд аст, ки тамоми маълумот дар он сабт мешавад. Ин флеш-хотира дар корпуси зиреҳпӯшшуда нигоҳ дошта мешавад.
Қуттӣ дар вақти сӯхтор дар ҳарорати то 1100 дараҷа гармӣ тоб оварда метавонад. Ин аз он сабаб аст, ки худнависи ҳавопайморо бо маҳлули махсус пур мекунанд.
Ин асбоб на танҳо омилҳои садамаи тайёраҳоро ошкор менамояд, балки ҳаводиси нохуши қаблиро низ пешгирӣ мекунад.
Таҳияи Гулистони ҚАДАМСАИД


10 НАМУДИ МАЪРУФТАРИН ВАРЗИШИ ДУНЁ
4. Бейсбол
Бейсбол бештар дар Куба, ИМА, Венесуэла, Ҷопон, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ маъруф аст.
Соли 1845 сокини Ню-Йорк Александр Картрайт қоидаҳои ин бозиро мураттаб намуд, ки баъдан онҳо аз тарафи ҳамаи бошгоҳҳои бейсболи шаҳр пазируфта шуданд. Соли 1871 дар ИМА ва ҷаҳон аввалин Лигаи касбии бейсбол таъсис гардид.
Бейсбол бозии миллии амрикоиҳост ва дар Амрико мардум ба он  шавқу рағбати калон дорад. Дар бозии бейсбол бозигарони дастаи ҳамлагар дар ҷойгоҳи худ истода, тӯби ба сӯяшон  задаро бо навбат бармегардонанд. То замоне ки тӯб дар фазост онҳо аз як ҷойгоҳ ба ҷойгоҳи  дигар давида мегузаранд. Дифоъкунандагон,  мекӯшанд тӯбро бидоранд ва бо он рақибро «бизананд».
Чемпионати ҷаҳон оид ба бейсбол  миёни мардон аз соли 1938 ва занон 2004 баргузор мегардад. Он ба барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ сентябри соли 1986 ворид шуд ва 8 июли соли 2005, бинобар маъруфият надоштан дар миёни бештари кишварҳои аъзои Кумитаи байналмилалии олимпӣ аз барномаи бозиҳои олимпӣ хориҷ гардид.
Дар Олимпиадаи соли 2020 бейсбол  бори дигар ба бозиҳои олимпӣ пешниҳод мегардад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2018    №: 143    Мутолиа карданд: 214

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед