logo

туризм

«ХОҶАОБИГАРМ». ОБИ ШИФОБАХШЕ, КИ ДАР ҶАҲОН НАЗИР НАДОРАД

Буғи тафсону оби гарми шифобахши «Хоҷаобигарм» хеле барвақт ба мардуми Осиёи Марказӣ маълум буд, аммо дар Аврупою Амрико танҳо дар охири асри ХIХ ба шарофати олими рус В. К. Липитский бо он ошноӣ пайдо намуданд. Соли 1889 В. Липитский ба Бухорои Шарқӣ сафар карда, ин ганҷи бебаҳоро бо чашмони худ дид ва овозаи онро то Аврупо расонд.
Олимон баъди тадқиқу омӯзиши таркиби об ба хулосае омаданд, ки ин оби дармонбахши Тоҷикистон дар тамоми ҷаҳон назир надорад. Айнан бо ҳамин таркиб оби шифобахш танҳо дар Фаронса мавҷуд буд, аммо солҳои 20 - уми асри гузашта он ҳам хушкид.
«Хоҷаобигарм»  беш аз 80 сол боз барои муаррифии табиати биҳиштосои кишвар ба хориҷиён низ хизмати шоиста дорад. Ва осоишгоҳи «Хоҷаобигарм»  дар радифи «Баҳористон» дар рушди сайёҳии муолиҷавӣ нақши бузург дошта метавонад. Оби чашмаи «Хоҷаобигарм» бо гармии 97 - 98 С° аз қаъри замин ҷӯш зада мебарояд ва буғи табии радонӣ бе иловаҳои сунъӣ барои табобат истифода мешавад. Ин бартарият номи ҳам чашма ва ҳам осоишгоҳро дар олам маълуму машҳур гардондааст.
Дар осоишгоҳ тариқи оби гарм ва буғи табиӣ бист намуди беморӣ, аз ҷумла бемориҳои узву рагҳои хунгузар, пӯст, устухону мушакҳо, торҳои асаби марказӣ, бинӣ, гӯш, даҳон, дандон, гулу, сутунмуҳра, дастгоҳи такя ва ҳаракат, узвҳои таносули занона ва мардона табобат мешаванд.   Соли 2017 осоишгоҳ зиёда аз 15 ҳазор меҳмону сокини мамлакат-ро ба истироҳату табобат фаро гирифт.
Бинои «Хоҷаобигарм» бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2011 таъмиру азнавсозӣ гардид. Имрӯз симои осоишгоҳ тамоман дигаргун гашта, сатҳу сифати хизматрасонӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар атрофи осоишгоҳ, ки дар баландии ду ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, беш аз дусад намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯянд. Тибқи иттилои роҳбарияти «Хоҷаобигарм», осоишгоҳ имкон дорад, ки дар як вақт ба 600  мизоҷ хизмат расонад. Муассиса бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз буда, айни ҳол дар он 145 мутахассис кор мекунад. Сайёҳон ба «Хоҷаобигарм» бештар аз Русия, ИМА, Аврупо, Арабистон, Ӯзбекистон, Малайзия, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Чин, Покистон ва Афғонистон ташриф меоранд.
Таъсири буғи табиӣ ва оби шифобахши он аз замони кашф шуданаш то имрӯз диққати олимони тиб, муаррихон ва сайёҳони ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст. Шояд нотакрорӣ ва таъсири обҳои дармонбахши табиист, ки  олимон оби Хоҷаобигармро муъҷизаи 8 - уми олам унвон кардаанд.
Боду ҳавои мусоиди мавзеъ ба мизоҷон имкон медиҳад, ки тамоми фаслҳои сол аз шароити табобатию истироҳатии осоишгоҳ истифода намоянд. Дар бораи пайдоиш ва таъсири табобатии буғ ва оби шифобахши  «Хоҷаобигарм» олимон дар рисолаҳои илмии худ  маълумоти фаровон додаанд, аз ҷумла Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино дар китоби «Қонуни тиб», олими форсизабони асри ХV Баҳва ибни Ҳаваси Ҳиндустонӣ дар китоби «Воситаҳои табобатию минералӣ», ҷуғрофшиноси асри ХIХ Покатилло дар навиштаҳои хеш.
Биноҳои боҳашамати баландошёна, ки бо қуллаҳои сарсафеди ин мавзеъ ҳамсонанд, дар баробари табиати биҳиштосо диққати  ҳар сайёҳро ба худ ҷалб мекунанд.
Осоишгоҳ бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати ҷалби сайёҳон шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Аз ду тарафи осоишгоҳ дарёчаҳои шӯхи кӯҳӣ, ки онҳоро сокинони таҳҷоӣ Оби Мазор ва Оби Каландӣ  меноманд, ҷорӣ шуда, дар поёнтар ба ҳам мепайванданд ва ба ҳусну таровати осоишгоҳ ҳусни дигар зам менамоянд.
Раҳматулло КАРИМОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2018    №: 143    Мутолиа карданд: 521

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед