logo

фарҳанг

ТЕАТРҲОИ ХАЛҚӢ БОШАНД Ё НАБОШАНД?

Дар кишварамон 22 театри халқӣ бо 95 нафар корманд дар сохтори шуъба ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамояд. Аз он 5 театр дар вилояти Хатлон (27 нафар корманд), 5 театри халқӣ дар вилояти Суғд (17 корманд), 8 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (40 корманд), дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, 4 – тои дигар (9 корманд) арзи ҳастӣ доранд. Маъмулан, театрҳои халқӣ аз ду воҳиди корӣ - коргардон ва рассом дар назди шуъба ва ҳоло бахшҳои фарҳанг, дар заминаи маҳфилҳои драмавии хонаҳои фарҳанг, таъсис дода шудаанд. Вазифаи театрҳои халқӣ аз ҳисоби ҳаваскорони санъат ба саҳна гузоштани асарҳои хурди театрӣ, намоишҳои якпардагӣ, ташкили намоишҳои театришуда дар чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ ва ҷашнҳои миллӣ иборат аст. 
Бо иқдоми Вазорати фарҳанг дар фосилаи ду - се сол озмуни ҷумҳуриявии театрҳои халқӣ ташкил ва баргузор мешавад, ки  ин тадбири муҳим то ҷое барои фаъолияти пурсамари онҳо такони ҷиддӣ медиҳад. Театрҳои халқии ноҳияҳои Деваштич ва Мастчоҳ, шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент ва Исфара дар вилояти Суғд, ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Ёвон дар вилояти Хатлон, шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Файзобод ва Сангвор аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, театрҳои ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим ва Ванҷ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таърихи тӯлонӣ дошта, тайи ин муддат фаъолияташон назаррас ба чашм мерасад.
Воқеан, ибораи "халқии ҳаваскор" маҳсули замони шӯравӣ буд. Имрӯз замона тақозо менамояд, ки дар оянда театрҳои халқӣ ба унвони театр – студияҳо табдили ном намоянд. Воҳидҳои кории онҳо аз 10 то 15 нафар аз ҳисоби соҳибистеъдодҳо, хатмкардагони донишкада ва коллеҷҳои соҳавӣ, ҳунармандони ҷавоне, ки табиатан маҳорати актёрӣ ва коргардонӣ доранд, мураттаб сохта шавад. Ин дар давраи аввали фаъолият, яъне то қомат рост намудан ва имконияти худмаблағгузориро пайдо кардани онҳо.
 Дар сохторҳои шуъба ва бахшҳои фарҳанг воҳидҳои корие мавҷуданд, ки камаҳамият гардидаанд. Аз ҳамин ҳисоб, масъулони соҳа метавонанд дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллӣ ва раёсатҳои молия 50 дарсади ин масъаларо ҳал намоянд, 50 фоизи дигар аз буҷети шаҳр ва ноҳия маблағгузорӣ гардад.
Хело хуб мебуд  театрҳои халқӣ суратҳисобҳои ҷорӣ дошта бошанд. Аудиторияи асосӣ ва ё тамошобини намоишҳои театрҳои халқӣ кормандони муассисаҳои давлатӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, мактаббачагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, боғчаи бачагон, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ шуда метавонанд. Интизори тамошобин нашуда ба назди тамошобин рафтан лозим. То ба кай умедвор мешавем, ки аз буҷети ноҳия моро маблағгузорӣ намоянд. Мусаллам аст, ки дар сатҳи шаҳр ва ноҳия масъалаҳои муҳим хеле зиёданд.
Айни замон, барои амалӣ гаштани ин тадбир, яъне ба шароити кунунӣ ба роҳ мондани фаъолияти театрҳои халқӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳо, пеш аз ҳама, мусоидат намудани мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо зарур аст.
Театрҳои халқӣ як шохаи муҳими соҳаи фарҳанг ба ҳисоб мераванд. Дар сурати ба замона мувофиқ намудани фаъолияти онҳо сафи дӯстдорони санъати театрӣ зиёд мегардад.
Барои чӣ наврасону ҷавонон ба театр ва намоишҳои театрӣ кам таваҷҷуҳ доранд? Агар бача аз боғчаи бачагон ва давраи таҳсил дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо театр ошноӣ дошта бошад, баъди ба шаҳри калон омадан албатта дар вақти фориғ аз дарс ҳатман ба он меравад. Чунки ӯ аллакай медонад актёр ва драматург кист, намоиши театрӣ чӣ аҳамият дорад, маънии «ғизои маънавӣ» аз чӣ иборат аст.
Бо ин мақсад пешниҳод менамоям, ки дар заминаи театрҳои халқӣ студияҳои театрӣ ташкил намоем ва дар муддати ду ва се сол мо шоҳиди он мегардем, ки ба натиҷаҳои дилхоҳ дастёб хоҳем шуд. Барои ин тадбир бино бунёд намудан зарурат надорад. Театрҳои халқӣ дар қаср ва кохҳои фарҳанги марказҳои шаҳру ноҳия ҷойгиранд. Ба сафарҳои ҳунарӣ баромадани онҳо дар сатҳи бахшҳои фарҳанг бе мушкилӣ ҳаллу фасл мешавад. Ягона мушкилӣ ин воҳидҳои кории театрҳои халқӣ мебошад. Агар ин тадбир ҳал нашавад, дар мисоли фаъолияти театрҳои халқии имрӯза, ки аксарашон «аз озмун то озмун» фаъолият менамоянд, ба ҷое намерасем.
Имрӯз мутахассисони соҳа аз қабили коргардонҳо, актёрони касбӣ, ороишгарони соҳавӣ намерасанд. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» муддати чандест баҳри тағйиру иловаҳо ворид намудан ба низомномаҳои муассисаҳои фарҳангӣ ҷораҷӯӣ намуда истодааст. Ба мақсад мувофиқ мебуд, ки дар ҳамин радиф ба низомномаи театрҳои халқӣ низ тағйирот ворид намуда, аттестатсияи коргардонҳо сурат ва фаъолияти онҳо мавриди санҷиш қарор гирад. Нисбат ба театрҳои халқие, ки талаботи низомномавиашонро иҷро намекунанд, коргардони касбӣ надоранд, шароити хуби кориро доро намебошанд, чораҳо андешида шаванд. Ба шумора не ба сифати фаъолияти театрҳои халқӣ аҳамияти аввалиндараҷа бояд дода шавад.
Хуб мебуд, ки дар заминаи театрҳои халқии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ як театри касбие, ки имконияти васеъ дошта бошад,  таъсис дода шавад. Масалан, дар минтақаи Рашт то ҳол театри касбӣ вуҷуд надорад. Мутахассисони Вазорати фарҳанг, Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар ҳамкорӣ бо раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанги вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, дар давоми нимсолаи дуюми соли 2018 чораҳои судманд биандешанд, то ки сар аз оғози соли 2019 мо дар заминаи ин ва ё он театри халқӣ тавонем ба шакли таҷриба фаъолияти студияи театриро ба роҳ монем. Дар сурати натиҷаи дилхоҳ ба даст овардан бо баргузор намудани як семинари омӯзишии ҷумҳуриявӣ ин таҷрибаро ба дигар масъулони соҳаи фарҳанг пешниҳод намоем.
Шодибек УСМОНОВ,
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2018    №: 143    Мутолиа карданд: 176

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед