logo

Хабарҳо

Маводи нашъаовар. Мусодираи беш аз 2 тоннаву 700 килограмм дар шаш моҳ

Дар давоми шаш моҳи аввали соли равон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар 2 тоннаву 735 килограмму 929 грамм маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 370 килову 914 грамм зиёд мебошад. Дар ин давра мусодираи маводи нашъаовар аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар 70, ВКД 22 ва Хадамоти гумрук беш аз 40 фоиз зиёд гардидааст.
Дар ин бора Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар ҷумҳурӣ 536 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 68 ҳолат зиёд мебошад. Аз ҷониби агентӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 628 кг 353 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла 5 кг 209 гр героин, 309 кг афюн, 90 кг 534 гр ҳашиш ва 223 кг 752 гр бангдона мусодира гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 250 кг зиёд мебошад.
Агентӣ дар ин давра фаъолияти 28 гурӯҳро дар ҳайати 52 нафар ошкор ва қатъ гардондааст, ки 7-тои он гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи фаромиллӣ мебошад. Дар самти ошкор ва дастгир намудани ашхоси дар кофтукови байнидавлатӣ қарордошта, 9 нафар дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
110 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар ошкор гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 26 ҳолат зиёд мебошад. Аз инҳо 58 ҷиноят оид ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш, 7 ҷиноят оид ба қочоқи маводи нашъадор, 7 ҷиноят оид ба гурӯҳҳои муташакили ҷиноятӣ буда, 22 ҷинояти боқимондаро дигар ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ташкил медиҳанд.

 Сафаргул АЛИМОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 133

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед