logo

иҷтимоиёт

ВАРЗИШ. ТЕЪДОДИ МАЙДОНЧАҲО РӮ БА АФЗОИШ ДОРАД

Иқдоми неки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати бунёди майдончаҳои варзишию тафреҳӣ барои сокинони пойтахт, хосса кӯдакону наврасон, идома меёбад. Чанде пеш дар кӯчаи Айнӣ, назди биноҳои истиқоматии №299 ва №303 - и шаҳраки №191 - и ноҳияи Шоҳмансур майдончаи нави варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ин кори хайр бо ташаббуси роҳбарияту кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ сурат гирифт. Корҳои сохтмонӣ дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расиданд. Иншооти тозабунёди фарҳангию фароғатӣ бо ҳузури  Фаррух Ҷумъазода, муовини раиси шаҳр, Низом Ҳакимзода, раиси ноҳияи Шоҳмансур  ва Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати кишвар, ифтитоҳ ёфт.
Иншооти мазкур аз майдончаи футболи хурд, волейболу баскетбол, нишастгоҳу шипангчаҳо барои фароғат ва ҷойи бозии кӯдакон иборат буда, таҷҳизоти гуногуни варзиширо фаро мегирад.
Ҳамзамон, гирду атрофи майдонча сабзкорӣ гардида, дар ин ҷо  гулҳои рангоранг ва дарахтони ҳамешасабз шинонданд. Бо мақсади  таъмини амнияту тартибот дар ҳудуди майдонча камераҳои назоратӣ насб карда шуданд.
Ин дуюмин иншооти варзишию фароғатист, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар пойтахт бунёд намуд. Сокинони маҳалла аз чунин ғамхории роҳбарияти шаҳр ва иқдоми хадамот, ки барои таҳкими тарзи ҳаёти солим ва ҳар чи бештар ба варзиш машғул шудани кӯдакону наврасон шароити мусоид фароҳам меорад, сидқан изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
"Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.2018    №: 144    Мутолиа карданд: 264

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед