logo

туризм

РУШДИ САЙЁҲӢ - ВАСИЛАИ МУАРРИФИИ МИЛЛАТ

Рӯи олам дидан одам дидан аст,
Неку бадро дар ҷаҳон санҷидан аст.
Мирзо Турсунзода

Сафар ҳолиё дар андешаву фаҳмиши аксари мо маънои аслии худро аз даст дода ва ё дигар карда. Пешиниён, ниёгони шарафмандамон, онро барои нафароне, ки имкон доранд, ҳатмӣ шумурдаанд. Сафарро як мояи хушбахтӣ ва саодати башар донистаанд. Гуфтаанд, ки сафар кунед, то тандуруст бошед. Сафар кунед ва бубинед, ки пеш аз шумо чи мардуме чӣ гуна зистанд ва саранҷом корашон ба чи анҷомид. Яъне, сафар ба хотири омӯзиш аст, андӯхтани панду дарёфти ҳақиқат мебошад. Ва ҳам он ба навъе дарс маҳсуб мешавад. Дар сафар ҳаракат ва дар ҳаракат зиндагӣ аст. «Ҳастам агар, меравам, гар наравам, нестам»,- таъкид медорад Аллома Муҳаммад Иқбол.
Шайх Саъдӣ ба чандин садсола пеш барои он ки моҳият ва муҳимияти сафарро бештару беҳтар бишиносем, ба масал гуфтааст:
Дарахт агар мутаҳаррик шудӣ зи ҷой ба ҷой,
На ҷаври арра кашидию на ҷафои табар.
Ва ҳам зебову ҳадафрас иброз доштааст:
Бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме.

Носири Хусрав ва дигар шахсиятҳои маъруфи илмию адабӣ ва фарҳангии мо сафарномаҳо навиштанд, то моро бо аҷоиботи олам ва қудрату тавоноии бузурги одам шинос бикунанд. Ба василаи онҳо ҳамзамон мо ба гузаштаи худ, шаҳру деҳаҳои худ, расму оин, муносибату муоширати мардумамон ошно мешавем.
Як мақоли мардумӣ ҳам асрҳои аср вирди забонҳост, то ин як ҳақиқатро ҳеҷ гоҳ ба гӯшаи фаромӯшӣ насупорем: «Ҷаҳондида бошу ҷаҳонхӯрда не». Ба яқин, онҳое, ки ҷаҳонхӯрдагиро пеша ва ба ин мақсад ба сафар мебароянд, ҳақиқатро ё надидаанду нашинохтаанд ва ё қасдан пушти по задаанд. Аз ин гурӯҳ чизе ба ёдгор намонда ва нахоҳад монд. Аммо ҷаҳондидагон дарси ибрат гирифтанд ва дар ободонии кишвар, манзилҳои худ саҳм гирифтанд. Андешиданду тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ намуданд, то ин диёр, Ватани маҳбуби моро бо он зебоиҳову дилрабоиҳое, ки дорад, дигарон, оламиён бубинанд.
Тибқи манобеи муътамад ҳамасола ба Фаронса барои дидани манораи Эйфел, ки соли 1889 бунёд гардидаасту баландии он 310 метр мебошад ва 10 ҳазор тонна вазн дорад, беш аз 100 миллион турист меравад. Ва ҳам ин кишвар ёдгориҳои зиёди таърихӣ дорад. «Эйфел», ки ҳам дар асл ба ташвиқу тарғиб  меарзад, аз оғоз дар ҷаҳон тавсиф мешуд. Ин тавсифҳо ба шеъру асарҳои бадеӣ, публитсистӣ, рассомӣ ва синамову барномаҳои гуногун роҳ ёфт.
«Эйфел» муъҷизаи табиат нест, онро дасти одамӣ сохтааст. Ба ифодаи дигар, дар инсон ҳанӯз ҳам неруҳои зиёд нуҳуфта, ки ҳамаи он истифода нашудааст.
Дар кишвари мо, сарзамини аҷдодиямон, Ватани маҳбубамон ба бахти мардумамон муъҷизаҳои зиёди табиат мавҷуд мебошад. Ҳеҷ дасте аз дасти одамӣ чунин муъҷизаҳоро офарида наметавонад. Мебояд, ки онро бубинему дарк бинамоему бо ифтихор ташвиқу тарғиб бикунем. Мо ҳанӯз танҳо яке аз ин муъҷизаҳоро, ки ба об иртибот мегирад, ба оламиён андаке муаррифӣ намудаем. Дар ин амали нек саҳми асосиро Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорад. Муъҷизаҳои дигари табиати кишвари мо ниёз ба муаррифии бештару беҳтар доранд.
Ҷойи  таассуф  аст, ки чанд  сол  пештар  синамои миллии  мо муаррифгари харобиҳо, ноободиҳои диёр ва қафомондагии мардумамон буд. Албатта, ин барои онҳое, ки пешрафти моро намехостанд, беҳтарин далел маҳсуб мешуд ва Шарқро ба Аврупо бечораву дармонда нишон медод.
Адабиёти навини мо ҳам натавонист ин муъҷизаҳои бузургро ба василаи асарҳои арзишманд нишон бидиҳад.
Ёдгориҳои таърихии мо кашфнашуда монданд ва он тавр, ки бояд, муаррифӣ нашуданд. Танҳо бархе аз шахсиятҳои маъруфи илми олам, ки андак ба он ошноӣ  доштанд, омаданду аз наздик диданд. Пас аз он буд, ки дар он рӯзгори рафта изҳор доштанд: шумо дар болои ганҷҳои бузург ҳастеду ба нодорӣ умр ба сар мебаред. Аслан ин ҳақиқатест, ки ниёз ба исбот надорад ва дасту пову роҳи хираду дониши моро касе набаста, то ба ин ганҷ роҳ биёбем.
Як рассому суратгир аз хориҷи кишвар меояду мафтуни манзараҳои зебои мо мешавад ва аз он бо роҳҳои гуногун барои худ пул кор мекунад, пул меёбад. Мо бошем, баъдҳо бо ин асарҳо ифтихор мекунем, ки тарғибгари зебоиҳои кишвари мо маҳсуб мешаванд. То ба кай бо пару боли дигарон менозему мехоҳем парвоз бикунем, парвози баланд? Ин дар ҳоле аст, ки ба мо ҳушдор додаанд:
Дар ҷаҳон болу пари хеш кушодан омӯз,
Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.

Йордан Милеви булғор меояду «Дар диёри домани гардун» - асари хубу мондагорашро дар бораи кишвари мо, беҳтарин расму оинҳои мардумамон, шахсиятҳои маъруфи кишварамон менависад. Бешак, ин хуб аст, аммо ҷаҳониён муъҷизаҳо, асрори бузурги ин диёрро бояд танҳо ба василаи мо бишиносанду бидонанд. Яъне, мо барои расидан ба ин мақсади нек беҳтару бештар воқифи ин зебоиҳо, муъҷизаҳо ва асрор бошем.
Ба ростӣ, аксар эътиқодмандон, ихлосмандон то ба ҳанӯз намедонанд, ки дар ин кишвар мақбараҳову ҷисми шахсиятҳои маъруфи олами ислом чун Шақиқи Балхӣ, Мавлоно Тоҷиддини Дашти Кулакӣ, Ҳотами Асам, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Яъқуби Чархӣ мавҷуду мадфунанд. Оре, агар бидонанд ва имконҳои бештару беҳтари зоиронро ба вуҷуд биёрем, ҳароина бо муҳаббат ва дилбастагии зиёд роҳ ба сӯи кишвари мо мегиранд.
Саразм, Аҷинатеппа, Тахти Сангин, Ҳулбук,  Қалъаи Ҳисор ва дигар ёдгориҳои таърихӣ, ба яқин, диққати сайёҳонро ҷалб мекунад.
Танҳо мавҷудияти 582 ёдгории таърихӣ дар як вилояти Хатлони ҷумҳурии мо гувоҳ бар он аст, ки метавон дар ин кишвар сайёҳиро бештар аз пештар ривоҷ дод ва ҳам манфиатҳои зиёд ба даст овард. Обу лойҳои шифобахши ин кишвар дар ҷаҳон беназиранд. Ҳавои он ба бисёр бемориҳои ҷисмию рӯҳӣ давобахшанд. Махсусан, оби гарми «Хоҷаоби Гарм» ва «Гармчашма» - и Бадахшон дар дунё камназиранд. Дар кадомин гӯшаи дунё мисли пиряхҳои Помирро метавон пайдо кард?
Тибқи маълумоти Ташкилоти байналмилалии  Туризм беш аз 250 миллион нафар дар ин соҳа фаъолият доранд ва 15 мамлакати дунё ҳамаи иқтисодиёти худро ба он махсус гардонидаанд.
Сарвари давлат соли равонро ба он хотир Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон дошт, ки аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда дар ин маврид дуруст ва самаранок истифода барем. Рушди ин соҳа ба пешрафти кишвар ва муаррифии бештару беҳтари миллат дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.2018    №: 144    Мутолиа карданд: 604

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед