logo

иқтисод

"ҚОЛИНҲОИ ҚАЙРОҚҚУМ". РУШДИ ИСТЕҲСОЛОТ ҶИҲАТИ РАҚОБАТПАЗИРӢ ВА ПЕШГОМӢ ДАР БОЗОРИ ҶАҲОНӢ

Қолинбофӣ қисми таркибии соҳаи саноати сабук ба ҳисоб рафта, тавассути ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ марҳила ба марҳила рушд менамояд. Соли 2010 ҳаҷми истеҳсоли қолин ва маснуоти қолинӣ 558 ҳазор метри мураббаъро ташкил дод. Ин нишондод соли 2016 ба 1705 ҳазор метри мураббаъ расид, ки дар қиёс 3,5 маротиба зиёд мебошад.
Пас аз қабули «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2020» шумораи корхонаҳои саноатие, ки қолин истеҳсол мекунанд, босуръат афзуд. Айни ҳол корхонаҳои «Қолинҳои Қайроққум», «Сиддиқи Содиқ», «Тафтекс», «Қолинҳои Суғд», «Қолинҳои Сомон», «Рухсора», «Шероз», «Нигор», «Бибӣ Ҳалима», «Гулвард», «Гулдастон», «Мавлонои Румӣ» ва «Тоҷ - Фейза» дар амалисозии ин барнома пешсафанд. Онҳо бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотро зиёд намуда, талаботи бозорро бо маҳсулоти саноатии  ватанӣ таъмин карда истодаанд.
ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» яке аз корхонаҳои калонтарини бисёрсоҳа оид ба истеҳсоли қолин ва маҳсулоти қолинӣ ба ҳисоб меравад. Сохтмони корхонаи қолинбофӣ соли 1957 дар як мавзеи он замон ноободи шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) оғоз гардида, 8 марти соли 1960 корхона қолини аввалини худро истеҳсол кард. Коллективи меҳнатии қолинбофон аз оғози ба кор даромадани корхона сар карда аз ҳисоби ворид намудани таҷҳизоту технологияҳои нав, механикунонии равиши истеҳсолӣ, васл намудани дастгоҳҳои бофандагии муосир ва хати пардоздиҳӣ пайваста иқтидорҳои истеҳсолиро зиёд менамуд.
Заҳмати софдилонаи кормандони корхона буд, ки соли 1976 Комбинати қолинбофии Қайроққум ба гирифтани ордени Байрақи Сурхи Меҳнат шарафёб гардид. Қолинбофони Қайроққум ҳамеша дар арсаи заҳмати софдилона пешсаф буда, уҳдадориҳои худро сарбаландона иҷро менамуданд. Меҳнати суботкоронаи қолинбофон ва дастовардҳои меҳнатии онҳо шоиста қадр гардидааст. Кормандони корхона Муътабар Раҳмонова ва Муҳсин Раҳимов ба унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сазовор гаштанд.
Соли 1992 корхона дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда ба шакли нави хоҷагидорӣ, яъне ба ҷамъияти саҳомӣ гузашт. Ҳоло ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» узви Корпоратсияи байналмилалии «Қолинҳои ИДМ» мебошад.
Маҳсулоти корхона берун аз ҷумҳурӣ маълуму машҳур гардида, қолинҳои «Қолинҳои Қайроққум» ҳамчун брендҳои машҳур эътироф ва чи дар кишвар, чи берун аз он ба ифтихорномаву туҳфаҳои зиёд сазовор шудаанд. Ҷоизаҳои байналмилалии «Глобуси тиллоӣ» (Копенгаген, соли 1996), «Аркаи Аврупо» (Париж, 1999), «Ситораи платинӣ оид ба сифат» (2000), «Саммити сифат» (2001), ҷоизаҳои аввалин ва минбаъдаи озмуни умумиҷумҳуриявии «Маҳсулоти беҳтарини сол» (2009, 2014 ва 2015), дипломанти ин озмун (2012, 2016) ва «Бренди сол» (2014) аз ҷумлаи онҳоанд.
Абдумутталиб Абдуллоев, директори кулли ҶСК «Қолинҳои Қайроққум», зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки нақшу нигор ва рангубори қолинҳои мо таҷассуми табиати зебоманзар ва нотакрори Тоҷикистонанд. Ин қолинҳо, ки бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат истеҳсол мешаванд, ба аҳли ҳар хонавода таровату ҳаловат ва зебоию шодӣ мебахшанд. Қолинбофони корхона давомдиҳандагони анъанаҳои миллии қадимаи қолинбофӣ буда, зиёда аз ним аср боз ба истеҳсоли қолинҳои хушсифату зебо машғуланд.
- Дар қолинҳои мо анъанаҳои қадимаю ҳозираи халқи тоҷик таҷассум ёфта, сирру асрори устодони машҳури асри миёна, ки аз насл ба насл гузашта, то рӯзҳои мо боқӣ мондаанд, нигоҳ дошта шудааст, - мегӯяд сарвари корхона.
ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» солҳои охирро бо натиҷаҳои хуби истеҳсолию молиявӣ ҷамъбаст намуд ва ба муваффақиятҳои шоён ноил гардид. Соли 2012 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар муқоиса бо солҳои 2000 - 2005 дуюним баробар афзуд. Аз соли 2013 инҷониб парки технологии корхона пурра нав ва дар истеҳсолот дастгоҳу технологияҳои пешқадамтарини ҷаҳон, аз ҷумла як дастгоҳи муосири тортании ширкати «Мир Макина»-и давлати Туркия, 5 дастгоҳи пешқадамтарини  бофандагии ширкати «Ван-де-Вил»-и давлати Белгия, хати экструзионӣ барои истеҳсоли риштаҳои полипропиленӣ ва дигар таҷҳизоту хатҳои технологии ширкатҳои бонуфузи давлатҳои Олмон, Белгия, Туркия, Фаронса, Ҷопон ворид ва насбу васл карда шуданд.
Имрӯзҳо, ки рақобати бозорӣ пуршиддат аст, сиёсати техникӣ, истеҳсолӣ ва маркетингии корхона баҳри истеҳсол намудани қолинҳои хушсифати ҷавобгӯи талаботи ҷаҳонӣ, ворид намудани техникаю технологияи ҳозиразамон, ҳар чи камтар кардани арзиши аслии маҳсулот, васеъ намудани доираи фаъолият дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ равона шудааст. Оид ба ҳар як самти фаъолият барномаҳо ва нақша - чорабиниҳои махсус тартиб дода шудаанд ва корхона дар доираи онҳо мувофиқи талаботи бозор фаъолияти худро амалӣ менамояд. Маҳсулоти ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» бо сифати баланд, зебоӣ, услуби хос, рангубор ва нақшу нигоре, ки инъикосгари анъанаҳои  мардуми Шарқ мебошанд, фарқ мекунад.
Маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхона дар рушди соҳаи қолинбофии кишвар қадамҳои устувор мегузорад. Соли 2013, замоне, ки бори аввал Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин корхона ташриф оварда буданд, тамоми таҷҳизот ва хатҳои технологӣ тармиму таҷдид гардиданд.
- Музди кори кормандон вобаста ба ҳаҷми кори иҷрошаванда ва дараҷаи ихтисоc аз 500 то 2500 сомониро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии коргарон 50 дарсадро занону духтарон ташкил медиҳанд. Ҳоло дар корхона истеҳсоли маҳсулоти гуногун, аз ҷумла риштаю қолинҳои пашмину нимпашмин ва кимиёӣ, матоъҳои техникӣ аз нахи сунъӣ ва коркарди пашми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Қолинҳои баландсифат дар дастгоҳҳои муосири сохти Олмон, Италия, Ҷопон, Фаронса, Полша ва Федератсияи Русия бофта мешаванд, - иброз дошт А. Абдуллоев.
Сарвари давлат, ҳамчунин, моҳи июли соли равон ба ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ташриф оварда, нахуст бо фаъолияти сехи истеҳсоли ришта, ки ба тозагӣ бо 70 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст, шинос шуданд. Тамоми ашёи хоми барои истеҳсоли қолин зарурӣ ба корхонаи «Қолинҳои Қайроққум»  то ин замон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Туркия, Эрон ва Бангладеш, ворид мегардид. Баробари фаъол шудани сехи мазкур истеҳсоли 60 дарсади ашёи хом дар худи корхона ба роҳ монда мешавад, ки ин яке аз дастовардҳои арзанда дар ин соҳа мебошад.
Дар ин сех асосан риштаи полипропилении пати қолин истеҳсол мешавад. Таҷҳизоти сех наву замонавист. Технологияҳои пешқадамтарине, ки дар ин сех васлу насб шудаанд бо иқтидор ва андозаҳои технологии худ дар ИДМ назир надоранд. Дар ҷараёни истеҳсол ришта бо технологияҳои махсуси ултровиалетӣ коркард мешавад, ки он устувории ранги риштаро дар зери таъсири нури офтоб таъмин месозад. Айни замон иқтидори истеҳсолии сехи мазкур дар як шабонарӯз 8,5 ҳазор, дар як моҳ 250 ҳазор ва дар як сол 2 миллиону 700 ҳазор тонна риштаро ташкил медиҳад.
Соли 2017 ҳаҷми фурӯши маҳсулоти тайёри корхона беш аз 2 миллион метри мураббаъро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ наздики ним миллион метри мураббаъ зиёд аст. Соли гузашта мутахассисони корхона вобаста ба талаботи бозор 31 намуд нақшу нигор ва дизайни нави қолинҳоро таҳия намуданд, ки онҳо аз ҷониби муштариён хуб пазируфта шуданд. Тавассути азнавсозии таҷҳизоти мавҷудаи истеҳсолоти тафтингӣ истеҳсоли рӯйпӯшҳои рӯифаршии тафтингии дуқабата ба роҳ монда шуд ва ин ба коҳиш ёфтани ҳаҷми воридоти чунин намуди қолин мусоидат намуд.
- Бо мақсади ба таври васеъ муаррифӣ намудани қолинҳои истеҳсоли ватанӣ аз ҷониби корхонаи мо мунтазам дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намоишгоҳҳо ва ярмарка - фурӯши маҳсулоти қолинӣ гузаронда мешаванд. Зимни баргузории ин чорабиниҳо маҳсулоти корхона, аз ҷумла навъҳои нави қолинро бо нархҳои 20 дарсад арзон ба харидорон пешкаш менамоем ва ин амал аз ҷониби харидорон хуб пазируфта мешавад, - гуфт А. Абдуллоев.
Коргоҳи мазкур бо маблағи 35 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шудааст. Бо фаъол гардидани ин сех 70 сокини шаҳри Гулистон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши 1500 сомонӣ таъмин гардид. Хати нави технологӣ аз қисматҳои истеҳсоли  ришта, бофандагӣ ва пардоз иборат мебошад. Бо таъсиси хати нави истеҳсолӣ «Қолинҳои Қайроққум» имкон дорад дар оянда корхонаҳои дигари истеҳсоли қолини ҷумҳуриро бо ашёи хом, аз ҷумла ришта, таъмин намояд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корхона намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолиро, ки хеле зебо омода шуда буд, тамошо карда, ба сифати маҳсулот баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, Пешвои миллат ба масъулон супориш доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхонаро зиёд карда, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни ҳол боҷи гумрукӣ барои маҳсулоти қолинии воридотӣ аз 15 то 30 дарсад баланд бардошта, барои воридоти ашёи хом ҷиҳати истеҳсоли қолин кам карда шуд. Бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони вазорату идора, ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ, инчунин, дигар лоиҳаҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, вазифадор карда шудаанд, ки барои эҳтиёҷоташон маҳсулоти ватаниро харидорӣ намоянд. Ҳамчунин, ҳоло бо мақсади дастгирии истеҳсолгарони дохилӣ ва тарғибу ташвиқи маҳсулоти ватанӣ баргузор намудани намоиш - фурӯши маҳсулоти қолинӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳадаф аз ҳамаи  ин дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватании содиротӣ  ва ивазкунандаи воридот, ба кишвари муқтадири индустриалию аграрӣ табдил додани Тоҷикистон ва таъмини шароит барои зиндагии шоистаи мардум аст.

Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.2018    №: 144    Мутолиа карданд: 301

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед