logo

иқтисод

МОИ "ДАНҒАРА": МОҲИ СЕНТЯБР "ТК ОЙЛ" БА КОР МЕДАРОЯД

20 июли соли равон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо фаъолияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ва рафти бунёди корхонаи коркарди нафти “ТК Ойл” шинос шуданд. Тафсилоти ин сафари кориро ба “Ҷумҳурият” муовини сардори МОИ “Данғара” Сафаралӣ Тайфуров нақл намуд.
- Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла МОИ “Данғара”, мавриди таваҷҷуҳу дастгирии пайвастаи Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Сохтмони муҳимтарин иншооти минтақаҳо, ҳамчунин, ифтитоҳи онҳо, ки дар рушди иқтисоди миллӣ нақши бориз доранд, бо иштироки бевоситаашон сурат гирифтааст. Сафари кории Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Азим Иброҳим бо дигар ашхоси расмӣ ба минтақаи озоди иқтисодии мо, ки бо супориши Сарвари давлат анҷом дода шуд, боз як шаҳодати он аст, ки Пешвои муаззам аз ҷараёни фаъолияти минтақаҳо, мушкилоти мавҷуда огоҳии комил доранд ва сари вақт ба ҳаллашон мусоидат мекунанд.
Зимни шиносоии меҳмонони воломақом бо вазъияти минтақа ва ҷаласаи корӣ диққати асосӣ ба мавриди истифода қарор додани корхонаи коркарди нафти “ТК Ойл”, ҳамчунин, коргоҳи истеҳсоли рангҳои синтетикӣ ва андоваҳои ороишӣ, ки ширкати “Ғаюр” месозад, нигаронда шуд. Зикр гардид, ки роҳбарияти ин корхонаҳо нияти моҳҳои август ва сентябр ба кор андохтани ин иншоотро доранд. Пас аз баррасии амиқ ба хулоса расиданд, ки ин комилан имконпазир аст.

- Яъне, “ТК Ойл”- калонтарин иншооти кимиёии на танҳо кишвар, балки минтақа моҳи сентябри ҳамин сол ба истеҳсоли маҳсулот оғоз мекунад?
- Бале. Айни замон навбати аввали корхона бо иқтидори коркарди 500 ҳазор тонна нафти хом дар як сол пурра барои амал омода аст. Ҳоло дар он мутахассисон корҳои санҷишӣ бурда истодаанд. Чун як қисми маҳсулоти он дар қаламрави кишвар фурӯхта мешавад, таъминоти бозори дохилӣ бо сӯзишвории худӣ хеле беҳтар хоҳад гашт.

- Пас, масъалаи то минтақаи озод сохтани роҳи оҳан, ки яке аз сабабҳои таъхирёбии ба фаъолият шурӯъ кардани ККН буд, ниҳоят ҳалли худро ёфт?
- Не, бо пайдо накардани манбаи сармоягузорӣ он то ҳол ҳал нашудааст. Аз ин рӯ, мо роҳи нави интиқоли маҳсулоти нафтиро барои ККН аз роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб то ҳудуди он дарёфтем. Маъмурияти минтақа дар назди хати роҳи оҳан 20 гектар замин мегирад ва “ТК Ойл” дар он терминали боркунию борфарорӣ месозад. Аз терминал бошад, то ҳудуди худ қубур хобонда, ба воситаи он маҳсулоти нафтиро ба захирагоҳаш таҳвил медиҳад. Маҳсулоти тайёр низ ба ҳамин минвол содир карда мешавад. Аллакай лоиҳаи терминали мазкур аз ҷониби институти лоиҳакашии Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ пурра омода шудааст.

- Пайки басо хуш аст вақтҳои наздик ба кор даромадани ин азамати саноатӣ, ки ҳамчунин, вобастагии кунунии кишварро аз сӯзишвории воридотӣ хеле коҳиш медиҳад.
- Ҳамчунин, хотирнишон карданиам, ки дар он 600 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кор ва маоши хуб мегардад. Ғайр аз ин, тибқи нақша ширкати “ТК Ойл” барои фурӯши як қисми маҳсулоти худ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 300 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ месозад. Дар ҳар кадоми он то 10 нафар меҳнат мекунад. Яъне боз се ҳазор ҷои нави кор таъсис меёбад.

- Нуран алонур. Акнун хуб мешуд, дар бораи фаъолияти субъектҳои минтақа дар нимсолаи аввал чанд сухан мегуфтед.
- Дар шаш моҳи гузашта дар МОИ «Данғара» қариб 6 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Қабл аз ҳама, фаъолияти хуби ширкатҳои «Тоҷпласт-1»  ва «Гринголд» - ро зикр намуданиам. Айни замон «Тоҷпласт-1», ки ба истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ машғул аст, иншооти стратегии бунёдшаванда - НБО Роғунро бо онҳо таъмин месозад. “Гринголд”, ки бо коркарди хушкмева сарукор дорад, қариб 130 тонна  пистаро коркард ва беш аз 40 - тоннаашро ба хориҷи кишвар содирот намуд.
Дар нимсолаи якуми соли 2018 ба минтақа беш аз 26 млн. сомонӣ сармоягузорӣ карда шуд, ки ин дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ нишондиҳандаи беҳтарин аст. Дар маҷмӯъ он аз 1,6 миллиард сомонӣ нуфуз кардааст.

- Соли равон дар минтақа субъектҳои нав ба қайд гирифта шуданд?
- Ҳа, се субъекти нав вориди минтақа гашт. Ширкатҳои нафту гази «Наврӯз»», ки корхонаи кафел сохтанист, “Шабакаҳои барқи Осиёи Марказӣ» ва «ДАВО», ки корхонаи доруворӣ бунёд кардан мехоҳанд.

- Моҳи майи соли ҷорӣ МОИ “Суғд” дар шаҳрҳои Шанхай ва Сиани Чин намояндагии худро кушод. Оё маъмурияти МОИ “Данғара” низ барои ҷалби бевоситаи инвестору ширкатҳои хориҷӣ нияти кушодани намояндагии худро дар кишварҳои хориҷӣ дорад?
- Дар ҳақиқат, барои тарғиби минтақаи иқтисодӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҷалби инвеститсияҳо ташкили намояндагӣ дар кишварҳои хориҷӣ зарур аст. Мо аз ин иқдоми муфиди ҳамтоёни суғдии худ воқифем. Бояд гуфт, ки бештар аз 90 дарсади маблағгузорӣ ба МОИ «Данғара» аз тарафи сармоягузорони чинӣ сурат гирифтааст. Ин дараҷаи эътибори минтақаи моро дар ин кишвари дӯст нишон медиҳад. Барои тақвияти он мо дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии кишвар тасмим гирифтем, ки пеш аз ҳама, вақтҳои наздик дар пойтахти Чин - шаҳри Пекин намояндагӣ ифтитоҳ намоем.

Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.2018    №: 144    Мутолиа карданд: 184

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед